Аскар Ҳаким

Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj

НАБУДУ НЕСТ
Танҳои мо ҷудову ҷудо ҷон набуду нест,
Танро ба ҷони ошиқ руҷҳон набуду нест.
Азбаски ман кам аз танаму ҷони ҷон туӣ,
Дур аз барат ба як нафас имкон набуду нест.
Дар ҳайратам, ки бе ту чӣ сон зинда будаам,
Бе ҷони ҷон, ки зистан осон набуду нест.
Номи туро гирифтаму олам баҳор шуд,
Ҳаргиз баҳор бе гулу райҳон набуду нест.
Аз ҳарфи ман, ки атр чаман дар чаман бирафт,
Дигар ҳавои кӯи ту пинҳон набуду нест.
Ҳар ғунча гарчи дар ҳаваси диданат шукуфт,
Аммо чу наргисат гули ҳайрон набуду нест.
Дилро, ки дар биҳишти барин дил гирифтааст,
Ҷуз боғҳои ёди ту сайрон набуду нест.
Меҳмони даҳр омада аз макри мизбон
Дасте ба сар накӯфта меҳмон набуду нест.
Ҳар кас ба хоби ноз, ки як бор бинадат,
Розӣ зи даҳр рафта, пушаймон набуду нест.
Боре ту, кош, нимнигаҳ сӯйи мо кунӣ,
Гарчи туро ба мо сари паймон набуду нест.
Ёдат, ки дар дилам бувад, аз марг эминам,
Бо хотират маро хатари ҷон набуду нест.
Сад ҷон агарки буд маро, мефишондамат,
Як ҷон, ки ҳеҷ қобили эҳсон набуду нест.
Гарчи сухан Худост бигӯянд, он сухан
Гар шеър нест, мояи Яздон набуду нест.
Ҳаргиз надошт қадри ду пул ду ҷаҳон ба ман,
Инсон агар таронаи инсон набуду нест!
Ин чи чашму чи нигоҳу чи табассум, чи такаллум,
Ин чи оҳу, ки ба пушти дили уфтода занад сум.
Оҳуву шохаи гул, муъҷизи ҳусни ду ҷаҳон ӯ
Карда дар рафтану дар қомату рухсор таҷассум.
Ман бол мекушоям то бар фалак физоям,
В-арна ба ин пару бол баҳри чиву чароям?!
Чун мерасам ба нуҳсар бар рағми тираҷонҳо,
Нуҳ осмони дигар он сӯй во намоям.
Ман бандаи он ёри париям, ба шумо чӣ,
Маъшуқапарасти ҷигариям, ба шумо чӣ?!
Гар даъвате аз ишқ надоред, ба ман чӣ,
Чун ман ба дилу ҷон хабариям, ба шумо чӣ?!
Моро ту бибахшой, дило, кори ту кардем,
Худ ошиқи ҳар гул шудаву бори ту кардем.
Дар синаи мо будиву мо аз паси ҳар хуб
Рафтему чӣ охир ба вафодори ту кардем.
Будамон ду Камол то якчанд,
Ду бузурге зи Исфаҳону Хуҷанд.
Дод Аллаҳ Камоли Насрулло,
То ки бошад се тан ба ҳам хурсанд.
Саҳифаи 1 то 21