Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Ғазалиёт

  • Саҳифаи асосӣ
  • Ғазалиёт

НАВБАҲОРИ МАН КУҶОЙӢ, ТИРАМОҲИ МАН ГУЗАШТ

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
16 Май 2021
981

Навбаҳори ман куҷойӣ, тирамоҳи ман гузашт,

Аз дили ҳар чор фасли сол оҳи ман гузашт.

Роҳи як умр аст, гуфтӣ, дар миёни мову ту,

Оҳ, аз он бероҳа умре, ки зи роҳи ман гузашт.

Муфассал: НАВБАҲОРИ МАН КУҶОЙӢ, ТИРАМОҲИ МАН ГУЗАШТ

ИН ЧӢ ЧАШМУ ЧӢ НИГОҲУ ЧӢ ТАБАССУМ, ЧӢ ТАКАЛЛУМ

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
16 Май 2021
921

Ин чӣ чашму чӣ нигоҳу чӣ табассум, чӣ такаллум,

Ин чӣ оҳу, ки ба пушти дили уфтода занад сум.

Оҳуву шохаи гул, муъҷизи ҳусни ду ҷаҳон ӯ

Карда дар рафтану дар қомату рухсор таҷассум.

Муфассал: ИН ЧӢ ЧАШМУ ЧӢ НИГОҲУ ЧӢ ТАБАССУМ, ЧӢ ТАКАЛЛУМ

ЭЙ КОШ, КИ ЯК ШАБ ЗИ САРИ МЕҲР ДАРОЙӢ

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
16 Май 2021
956

Эй кош, ки як шаб зи сари меҳр даройӣ

Дар оғушам он гуна, ки дар хоби ман ойӣ.

Нозуктарам аз ноз навозию надонам,

Ҷонро бирабойӣ зи танам ё бифазойӣ?!

Муфассал: ЭЙ КОШ, КИ ЯК ШАБ ЗИ САРИ МЕҲР ДАРОЙӢ

ҒАЗАЛИ  БӮСА

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
16 Май 2021
1052

 

Шаб дар лабаш шукуфид як лолазор бӯса,

Шаб буду лолачинӣ, лаб буду кор бӯса.

Шаб буду хобу рӯъё саршори бӯсу оғӯш,

Субҳ омаду ҳақиқат ку он ҳазор бӯса?!

Муфассал: ҒАЗАЛИ  БӮСА

БИЁ, ЭЙ ДИЛБАРИ ЯКТО, КИ ГӮЯМ ШЕЪРИ ЯКТОЕ

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
16 Май 2021
972

Биё, эй дилбари якто, ки гӯям шеъри яктое,

Ки яктоӣ набошад баҳра ҷуз танҳо ба танҳое.

Маҳу хуршед дигар – дигаранд, аммо ҳамонанданд,

Ба зебоии яктои ту аммо нест ҳамтое.

Ту як сӯ офтобу як су абрӣ,  осмонастӣ,

Муфассал: БИЁ, ЭЙ ДИЛБАРИ ЯКТО, КИ ГӮЯМ ШЕЪРИ ЯКТОЕ

КАСЕ ЧУ МАН НАТАВОНАД СУРУДИ ИШҚИ ТУ ГУФТ

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
16 Май 2021
1074

Касе чу ман натавонад суруди ишқи ту гуфт,

Ки офарида маро бо ту Кирдгорам ҷуфт.

Ба гулситон чу расид аз навои ман лаҳне,

Дигар гуле ғазал аз ҳеҷ булбуле нашнуфт.

Муфассал: КАСЕ ЧУ МАН НАТАВОНАД СУРУДИ ИШҚИ ТУ ГУФТ

Матлабҳои бештар...

  • БИЁ, БИЁ, ГУЛИ МАН, АЗ ХАЁЛ БАР ДИДА
  • САВОРА ОМАДААМ, ТО ПИЁДА СОЗӢ ТУ
  • ДИГАР ҶОНАМ БА ЛАБ ОМАД, КИ ЛАБ ДАР ЛАБ ШАВАД БО ТУ
  • ЧӢ МЕБИНӢ БА МӮҲОИ САФЕДИ МАН, БАҲОР АСТ ИН
  • 4
  • ...
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • ...
  • 11
  • 12
  • 13

Саҳифаи 9 то 21

© Аскар Ҳаким 2026.