Аскар Ҳаким

Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj

Агарчи боди бунёнкан бунат канд,
Вале ҳамвора ёдат бошад ин панд:
Бухор асло макун аслат Бухоро,
Самарқандо, биёвар ту самар қанд.
Эй нағзтарин нағз, зи ту нағзтаре нест,
Нағзон ҳама нағзу зи ту нағзи дигаре нест.
Ин арзу саморо зи сару бар бизанам пай,
Нағзе чу ту дар нуҳ фалаку баҳру баре нест.
Эй ки ҳар лаҳза диҳӣ умри гаронмоя ба бод,
Бод ҳаргиз надиҳад умри дигар, ёдат бод!
Ғами маънии вуҷудат шарафи инсонист,
Аз ҳамон рӯз, ки одам зи Банӣ Одам зод.
Ин сарвари фарҳехта физики азим аст,
Дар шеъру адаб низ варо завқи салим аст.
Аз дониши таъриху забонаш сухане нест,
Донои ҳама илми навин асту қадим аст.
Шеър баски нест ҳаргиз ҷамъ ё ҷанги сухан,
Зинда бошад шоире, ки мирад аз нанги сухан.
Хотире аз пеши худ рангинсухан кай оварад,
Баски рангомезии даврон бувад ранги сухан.
Обҳое бешу кам аз сар гузашт,
То ки қадри оби пеши дар гузашт.
Тарҷрибат омӯхт моро зиндагӣ,
Илмаш аз сад мактабу дафтар гузашт.
Саҳифаи 2 то 21