Аскар Ҳаким

Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj

Ин ҳама байту сухан, к-аз дили ман мегузарад,
Як замоне зи даҳоне ба даҳан мегузарад.
Гар сабо дар бағали сабзи дарахтон биравад,
Он чу борон зи сари дашту даман мегузарад.
То ба ҳар байте ба мазмуне ишорат кардаам,
Ман ба шуғли шеър ҷонамро иморат кардаам.
Гарчи шоир бардаи шеъри худ аст, аммо чӣ хуш,
Баҳри озодии дил кори асорат кардаам.
Ҳамраҳе аз мо равад як лаҳза ҳамроҳи дигар,
Мекашам бо рафтанаш аз синаам оҳи дигар.
Ӯ ҳавои мо надорад, лек моро нест, нест,
Ҷуз ҳавояш дар сару дар сина дилхоҳи дигар.
Ба зери осмон як осмони дигаре хоҳам,
Фазои синаҳоро Каҳкашони дигаре хоҳам.
Ба инсони фалакгарде, ки тасхири малак кардаст,
Ба тасхири худӣ акнун тавони дигаре хоҳам.
На маро ҳавои номе, на таҷаммуле, мақоме,
Суханам, ки пар фишонад зи даҳони хосу оме.
Ба ҳамон, ки бенасибам зи муҳаббати башар хост,
Бибар, эй чакомаи ман, ту саломи издиҳоме.
На дуруде, на суруде, на навои хуши уде,
Ду ҷаҳон маҳви сукут аст, на изҳори вуҷуде.
На ба дил шавқи каломе, на ба лаб ҳарфи паёме,
На ба сар фикри такопӯ, на ғами буду набуде.
Саҳифаи 20 то 21