Аскар Ҳаким

Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj

Қимати коло баланду ҳиммати воло шикаст,
Дар ҷаҳони пастроён қомати боло шикаст.
Чун фузун шуд эътибори роҳбанд аз раҳкушо,
Муътабар шуд санги роҳу пойи раҳпаймо шикаст.
Эй уқоби гардунсайр, аз чӣ ҷони ту хаста-ст,
Ё ки осмон паст аст, ё ки боли ту баста-ст.
Ё ки хоҷаи парвоз ришта баста дар поят,
Бар ҳаво сарат дода нӯги ришта дар даст аст?!
Абр хушкид аз гиря, то чӣ бар тори ман гиряд,
Боми афлок нам гирад, абри озори ман гиряд.
Рӯҳи бедор – афсурда, дилҳашивор – дилмурда,
Наъш бар хок наспурда, ҷони бемори ман гиряд.
Зи рафоқати камондорон ба дили рамида ғамгинам,
Ба камон чӣ гуна хӯ гирам,
ба камин чӣ гуна биншинам.
Ба камаршикастагон ҳаргиз набувад маро забардастӣ,
Ки адолат аст талқинам, ки муҳаббат аст ойинам.
Бимонад ёдгори ҷовидон – шеъру сухан аз ман,
Чу бо байту ғазал ёде кунад халқи ватан аз ман.
Зи бас майле набудам, к-аз судури анҷуман бошам,
Бимонад баъди анҷомам суруди анҷуман аз ман.
Чаман шукуфт, азизон, ба гул назора кунед,
Чу гил нахӯрда шуморо, ба гул канора кунед.
Чу бед дар лаби ҷӯ зулфи худ дар об андохт,
Зи бӯсаи лаби дилбар чӣ истихора кунед.
Саҳифаи 19 то 21