Аскар Ҳаким

Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj

Гар сахт гирифтамат, дуруштам худро,
Нафрин бибарам ба пушт-пуштам худро.
Мӯсо ки ба мушт кӯфт фиръавниро,
Зад бар сари худ мушт, ки куштам худро.
Боист шинохт оламу одамро*,
Садрангии ҷовидони бешу камро.
Ин даҳр тиҳӣ буд ба чандин миллярд,
Ман омадаам, ки пур кунам оламро.
Ҳар қадр ба умри худ тааммул кардам,
Дидам, ки ба ҷон ҳамеша аҳли дардам.
Ман ҳамчу дарахт аз бари худ нохӯрда,
Мехӯрдам сангу бор меовардам.
17.12.2023
Гар маҳфили дӯст орадат хурсандӣ,
Беҳтар бувадат табассуме, то хандӣ.
Ҳарчанд лабат сухан ба шаҳд омезад,
Ширини шунидан бичашӣ, лаб бандӣ.
Мо аҳли башар, ҳама, ҷавон ё пирем,
Дар охири раҳ ё сари раҳ мемирем.
Эй вой ба мо, гар ба муроди дили хеш,
Раҳгумзадаро ба раҳнамойӣ гирем.
Мое, ки сари мӯйи шумо меларзем,
Умре зи саги кӯйи шумо дар қарзем.
Як ними нигаҳ ба мо, ки хонумҷонҳо,
Мо ҳам ба таваҷҷуҳи шумо меарзем.
Саҳифаи 2 то 4