Ҳолост агар сарат таҳи боли Ҳумо,

Ё ҷабр кунад душмани ту дӯстнамо,

Аз ғуссаи ночиз машав фарши замин,

В-аз шодии беҳуда марав арши само.

 

КОРИ ИШҚ 

 

З-он дам, ки ба дил ҷой надодӣ ту маро,

Ман мондаму ёди туву умри гузаро.

Азбас ба дилам ишқи ту ҷовидон шуд,

Кардаст маро шеърсарои ду саро.

 

БУЗУРГИИ ХУДО

 

То Ҳақ бишиносад одамӣ гашт фидо,

Н-омад вале аз ҷониби Ӯ ҳеҷ садо.

Хурдии худ одамӣ, ки нашнохтааст,

Пас чун бишиносад ӯ бузургии Худо?!