Достони Нону Имон

 

Буд Амиралмӯъминини пир дар мулки араб,

Аз Худо мекард субҳу шом фарзанде талаб.

Беписар буду ғуломи хешро фарзанд хонд,

Ӯ ба Фатҳи тифл чун бар вориси худ меҳр монд.

Фатҳро маллоҳ меомӯхт дар дарё шино,

То шавад бо варзи обу мавҷи дарё ошно.

Фатҳ рӯзе рафт сӯйи Даҷла бе устоди хеш,

Тифл мепиндошт, к-ӯ худ гаштааст устод беш.

Чун ба дарё ҷаст, бо амвоҷ кард афту дарафт,

Ӯ савори мавҷи дарё рафт, то аз ҳол рафт.

Чун ба девори баланди рӯд як сӯрох дид,

Хешро аз мавҷҳо бар сӯйи сӯрохӣ кашид.

То ба сӯрохӣ даромад, ёфт аз дарё наҷот,

Ҳафт рӯзу шаб дар он ҷо монд бандии мамот.

Рӯзи аввал чун халифа гашт огаҳ з-ин хабар,

Ки ба дарё ғарқ шуд гӯё варо ҷону ҷигар.

Гуфт: «Ҳар кас Фатҳро ёбад, биёрад дар барам,

Медиҳам ӯро ҳазору анд динору дирам».

Обварзон ғӯта мерафтанд дар амвоҷи рӯд,

То ба чашми обварзе Фатҳи бечора намуд.

Заврақе оварду биншонду бибурдаш сӯйи тахт,

Шодмон гашту бипурсидаш амири некбахт:

«Зинда мондӣ ту чӣ сон бенон ба дарё ҳафт рӯз?»

Гуфт: «Амиралмуъминин, нон хӯрдам он ҷо ҳафт рӯз.

Дар табақ ҳар рӯз даҳто нон ба дарё буд равон,

Бо ҷадал ман мегирифтам чандтоеро аз он;

Номи марде – Бӯ Ҳасан дар рӯйи онон сабт буд».

Гуфт Амиралмуъминин: «Хоҳам варо ёбед зуд!»

Марде омад субҳдам: «Оё кунедам ҷустуҷӯ?»

«Мақсадат, – гуфто, – чӣ буд з-он кор, эй марди накӯ?»

Гуфт: «Бишнидам, ки мегуфтанд: дар роҳи савоб

Бебадал некӣ куну андоз некиро ба об.

Чун намеомад маро аз даст некии дигар,

Ман ҳамин кардам, ки мекардам, бувад, орад самар».

Гуфт Амиралмуъмининаш: “Панҷ деҳ додам ба ту”,

Гуфт: «Ман н-аз баҳри суде кардаам кори накӯ…»

Ман намедонам чӣ меарзид подоши амир,

Буд аммо ҳиммати деҳқон баланду беназир.

Марди деҳқон аз азал рӯзирасони халқ буд,

Гӯиё, то нон диҳад халқи ҷаҳонро, халқ шуд.

Буда деҳқонзода андар мазҳабу имон қавӣ,

Ҳам яҳуду габру муслим, бутпарасту исавӣ.

Шуд вале одампарастӣ мазҳаби волои ӯ,

Ҳеҷ дин дигар накарда мазҳаби ӯ, рои ӯ.

Хилқати инсонпарасташ буд ӯро роҳбар,

Заҳмати нонофаринаш кард ӯро муътабар.

Нони ӯ мекард бар хони башар ҳусне ато,

Ҳусни дастархони пурноз аст бе нон норасо.

Он, ки чун деҳқон ба мардум нони беминнат диҳад,

Ҷумла оламро ба хулқи хештан зиннат диҳад.

Зумрае бар халқ на нону на рӯзӣ медиҳанд,

Рӯзии ӯро рабуда, боз сӯзе медиҳанд.

Ё ба ҷойи нон силоҳе сохтан набвад гуноҳ,

Ё силаҳ бошад давои гушнагони бепаноҳ?

Зумрае имрӯз агар тиру силаҳ дорад ба даст,

Он нишони дарду доғу гушнагии мардум аст.

Ҷумла першингу ракети зарбазан, донӣ, ки чист,

Нони халқу ҷуз азоби халқи ғоратгашта нест.

Аз силоҳи ҷангҷӯ ҳатто ба ахтар рӯз нест,

Ӯ магар баҳри башар бадтар зи ахтарсӯз нест?

Ҳар касе хоҳад ба зери чарх ҷанги ахтарӣ,

З-ахтари наҳсаш намонад ҷуз кафи хокистаре.