Достони Нону Имон

Ман ҳазорон шукр гӯям, суфраи модар, ба ту,

Ки маро парвардию додӣ забони чомагӯ.

Ёфтам ногаҳ турову ҳикмати ин достон,

Ёфтам пайванди даврони навину бостон.

Сабт андар суфраҳо будаст таърихи башар,

Маҳшари таърихи инсон доштаст ин ҷо асар.

Нон набудаст аз азал танҳо ғизои одамӣ,

Нон чу имон будаасту мубтадои одамӣ.

Ҳар гаҳе ки модари тоҷик мешӯрад хамир,

Гӯиё мешӯрад ӯ моро зи нав аслу замир.

Гӯиё мегӯяд ӯ моро, ки насли одамед,

Модари гетӣ агар розист, асли одамед.

Модари инсону гетӣ хоҳад аз фарзанди хеш,

То кунад худро раҳо ӯ аз худу аз банди хеш.

То кунад ӯ ҷумла тӯпу танкҳои хеш об,

З-он фулуз ӯ созад акнун комбайни беҳисоб.

То ҳама майдони машқу посгоҳи аскарон

Сабз гардад ҳамчу гандумзорҳои бекарон.

Аскарони навҷавон ҷойи камон дар даст гул

Интизори духтарон бошанд бо уммеди кул.

Ҷумла мошинҳои ҳарбӣ гашта мошини арӯс

Гулфишону гулбасар гӯянд таҳсини арӯс.

Ҷойи мили тӯпҳо восил ду ангуштар шавад,

Зочааш гӯяд: Арӯси нозанин модар шавад.

Шаст милён ҳарбию созандаи тӯпу силоҳ

Дар замин бо азми деҳқонӣ кунад кори салоҳ.

То ба худ оянд кишварҳои пурзӯру қадир,

Фахр бинмоянд на бо аслиҳа, бо халқи сер.

Мавҷҷӯён аз дигар сайёраҳои ноаён

Дар замин ҳам бишнаванд овозҳои гушнагон.

То расад дар ҷойи тӯпу бомби марговаре

Тухми гандум чун мадад аз кишваре бар кишваре.

Модари гетӣ бихоҳад мардумиро иттиҳод,

То зи аҷдоду зи асли хештан оранд ёд.

То баранд аз ёдҳо кину ситезу душманӣ,

Синаҳо софӣ биёбад, ақлу дилҳо равшанӣ.

Нони бобоӣ ба хон бинҳода гӯянд одамон:

Ҳар касе аслаш надонад, нест ҳаргиз одам он.

Асли кас нонофарию ранҷу мардумзодагист,

Ҳар касе, ки нон хӯрад беранҷ, мардумзода нест.

Одамиро одамӣ кардаст агар нони ҳалол,

Нони муфташ боз ҳайвон мекунад бе қилу қол.

Ман, ки нон меёбам аз ранҷи шаборӯзи қалам,

Мехурам нони ҳалоли хеш дар бозор ҳам.

Гуфта буд момо: «Ҳазар кун, баччам, аз нони ҳаром,

Ҳеҷ хайре нест дунёро зи инсони ҳаром.

Одамӣ поку ҳалол аст, ар бувад нонаш ҳалол,

Аз ҳалол аст одамию даҳрро авҷу камол».

Дорам уммеде, ки халқи гушнаю сери ҷаҳон

Гирди ҳам оянд акнун гирди як дасторхон.

Чун замин дасторхони сабзи аҳли олам аст,

Рӯйи дастархон баробар ҳиссаи ҳар одам аст.

 

 

 

*Азбаски дар ин дуҷилда саргузашти баъзе шеърҳо оварда шудаанд, овардани ин саргузашт ҳам зарур буд, вале чун боби “Талбаки талбидаам (Навҳаи модар)” дар байни достон аст, барои ворид нашудани латма ба дарки яклухтии он, саргузашт дар охир оварда шуд.