Достони Нону Имон

«Курер»-и ЮНЕСКО хабар медиҳад: Қадимтарин ҳуҷҷате, ки дар бораи гушнагӣ ҳикоят мекунад, дар санг ҳак шудааст.Дар он Фиръавни Миср бо андӯҳ ба наслҳои оянда аз солҳои қаҳтӣ, ки қаламрави ӯро хароб кардаанд, сухан гуфтааст. Дар он «тахтасанги гушнагӣ», ки дар Остонаи аввали Нил пайдо карда шудааст, чунин ҳарфҳо ҳак гаштаанд.

 

«Ман ғаминам дар сари тахти баланди хештан,

Аз балое, к-омада бар сарзамину халқи ман.

Ҳафт сол аст обҳои Нил хурду кам шуда,

Чун биёбон киштҳо хушкидаву бенам шуда.

Нест дар анборҳо аз ғаллаву гандум нишон,

Мардуми бечораро дигар набошад ошу нон.


Халқи зору бемадор аз кору аз рафтор монд,

Гӯиё тири замин аз гардишу аз кор монд.

Тифлакон хору ҷавонон рафта аз нирӯю ҳол,

Аз заифӣ гашта дар рӯйи замин поҳо кашол.

Ҳеҷ н-омад аз хирадмандони дарборам мадад,

Дар илоҷи ин мусибат беилоҷ омад хирад.

Бод бозӣ мекунад дар гӯшаи анборҳо,

Ман ғаминастам, ғамин, бисёрҳо, бисёрҳо…»

Ин фиғони дилшикан аз соли танги гушнагӣ,

Сабт аз Фиръавн шуд дар «Тахтасанги гушнагӣ».

Гӯиё он дар канори Нил менолад ҳанӯз,

Медиҳад пайғом аз дарди шабу аз ранҷи рӯз.

Аз чӣ ин ҳарфи навишта дар азобам мекунад,

Гӯиё ман гушнае бошам, харобам мекунад.

Ё магар ҷонам бувад пайванд бо Мисри қадим,

Асри ман ё решапайванд аст бо асри қадим.

Ё магар он мисриёни гушнаанд аҷдоди ман,

Ё бувад дар асл насли одамӣ якҷону тан?

Ё магар имрӯз ҳам ояд садои гушнагон

Ҳамчу он фарёди ҷонфарсой аз қаъри замон?

Ё магар ҳақ аст ҳарфи Ҳесиоди дурбин:

«Гушнагию ишқ бошад ҳокими рӯйи замин».

Ман намедонам, ки амри ишқ ҳоло то куҷост,

Лек ҳукми гушнагӣ дар рӯйи дунё побаҷост.

Саф кашанд ар гушнагони даҳр аз Ландан кунун,

То ба Нию-Йорк ояд ин сафи хору забун.

Рафтааст аз ёди онон дегу оташдони хеш,

Нони гарми гандумӣ чидан ба дастархони хеш.

Ё ба Бирзиле, ки бошад сарзамини бекарон,

Аждаҳои гушнагию ташнагӣ дорад макон.

Аз ду кӯдак мешавад аз гушнагӣ як тан ҳалок,

Як нафар дар рӯйи хоку як нафар дар зери хок.

Бошад оё даҳшате дар зиндагонӣ з-ин батар,

Ними як халқ аст мотамдор бар ними дигар.

Гар бидонӣ, ки ба ҷойи хоҳарат ту зиндаӣ,

Ё насиби додаратро хӯрдаву пояндаӣ.

Ҳар шабе дар хоб ояд хоҳарат ё додарат,

Бинад ӯ ҳоли турову чашми ғамбори тарат.

Дасти худ хомӯш ёзад бо тавалло сӯйи ту:

«Ёфт шуд оё дар ин дунё насиби мо, бигӯ,

Мо ҳама аз гушнагӣ мурдему аз ранҷу ано,

Дар таги хоки сияҳ ҳам гушнаву зорем мо».

Метавон оё ба асри бист бурд аз ёди хеш,

Ки ба дашти Африқо, дар Соҳили зору пареш,

Халқ бо чашмони нам хоҳанд намро аз ҳаво,

То нахушкад умрашон аз реша дар зери само.

Илтиҷо доранд бар муссон,[1] ки созад илтифот,

Бар сари ёбон бипошад панҷаи оби ҳаёт.

В-арна аз ин дашт кӯчи худ куҷо хоҳанд бурд,

Беилоҷ аз гушнагию ташнагӣ хоҳанд мурд.

Модаре бар тифли зораш медиҳад оби даҳон,

То раҳад тифлаш зи ранҷи гушнагию назъи ҷон.

Пӯсти аспе, ки се маҳ пеш ин ҷо мурдааст,

Мехӯранд ин халқи гушна канда бо дандону даст.

Ҷуста бахшиш гушнадеҳқонҳо зи бут аз баҳри қут,

Мурдаи инсон биҷӯшонанд – қути лоямут.

Дар ҳамин асре, ки инсон меравад бар сӯйи моҳ,

Ҳоли инсон аст зери моҳтоб ин сон табоҳ.

Гар ба ҷое одамон аз гушнагӣ ҷон медиҳанд,

Ҷойи дигар нокасон нонро ба ҳайвон медиҳанд.

Гар саги соҳиб бихобад бо фараҳ дар парри қу,

Мардуми бечора мехобанд шаб дар чорсу.

Болиши дигар набошад зери сар ҷуз гӯшашон,

Осмони сарду бемеҳр аст болопӯшашон.

Дар само тайёраҳои маргбор аз баҳри чист,

Он гаҳе, ки дар замин бар мурдагон тобут нест.

Ман, ки аз аҳволи халқи олам астам бохабар,

Мекунад фарёди Фиръавнам ба ҷону дил асар.

Ҳар куҷо гар мехӯрад кас беҷазо нони ҳаром,

Ман амин астам, ки он ҷо аз адолат нест ном!

 

[1] Муссон – боди мавсимист, ки баъд аз он борон меборад.