НАБУДУ НЕСТ
Танҳои мо ҷудову ҷудо ҷон набуду нест,
Танро ба ҷони ошиқ руҷҳон набуду нест.
Азбаски ман кам аз танаму ҷони ҷон туӣ,
Дур аз барат ба як нафас имкон набуду нест.
Дар ҳайратам, ки бе ту чӣ сон зинда будаам,
Бе ҷони ҷон, ки зистан осон набуду нест.
Номи туро гирифтаму олам баҳор шуд,
Ҳаргиз баҳор бе гулу райҳон набуду нест.
Аз ҳарфи ман, ки атр чаман дар чаман бирафт,
Дигар ҳавои кӯи ту пинҳон набуду нест.
Ҳар ғунча гарчи дар ҳаваси диданат шукуфт,
Аммо чу наргисат гули ҳайрон набуду нест.
Дилро, ки дар биҳишти барин дил гирифтааст,
Ҷуз боғҳои ёди ту сайрон набуду нест.
Меҳмони даҳр омада аз макри мизбон
Дасте ба сар накӯфта меҳмон набуду нест.
Ҳар кас ба хоби ноз, ки як бор бинадат,
Розӣ зи даҳр рафта, пушаймон набуду нест.
Боре ту, кош, нимнигаҳ сӯйи мо кунӣ,
Гарчи туро ба мо сари паймон набуду нест.
Ёдат, ки дар дилам бувад, аз марг эминам,
Бо хотират маро хатари ҷон набуду нест.
Сад ҷон агарки буд маро, мефишондамат,
Як ҷон, ки ҳеҷ қобили эҳсон набуду нест.
Гарчи сухан Худост бигӯянд, он сухан
Гар шеър нест, мояи Яздон набуду нест.
Ҳаргиз надошт қадри ду пул ду ҷаҳон ба ман,
Инсон агар таронаи инсон набуду нест!