То бод вазад, аз он шамам бӯйи туро,
То моҳ бувад, бинам аз он рӯйи туро.
Огоҳ наям зи тӯли умрам, аммо
То ҳаст абад, саҷда барам кӯйи туро.
ОЙИНА
Ойина, намойӣ ту ба мо чеҳраи мо,
Боре ту даруни мо, чунон аст намо.
То равшан бинем, кием асли вуҷуд,
Хоки сияҳем ё ки эъҷози само.
ИШҚИ АВЛО
Ошиқ шудаму ба ман бигуфто мулло:
–Оё набудат ишқи намозӣ авло,
К-аз ишқи зане зи худ бирафтӣ?! – Гуфтам:
–Эй кош, дигар ба худ наоям асло!