Ашъори андешаҳои отифии тасвирӣ дар эҷодиёти аксари шуарои ғиноӣ нисбат ба анвои дигари шеъри ғиноӣ бештар ба назар мерасад, зеро шоир ҳар қадар дар андешаҳои отифӣ ба худ фурў равад, боз бисёртар ниёз ба он дорад, ки ин андешаҳоро шакли маҳсусу тасаввуршаванда диҳад. Ин ниёз ўро аз олами андешаҳои дарунӣ ба олами берун меорад, ки аз рамзу маҷозу ташхису ташбеҳу истиора, хуллас, аз тамоми анвои воситаҳои тасвир истифода карда, андешаи худро муассиру ашёвӣ ифода намояд. Тамоюли андешаҳои отифии дарунгаро ва ё бурунгаро доштани шоир аз сиришти инсонӣ ва шоирии ў бармеояд, аммо чунин ҳам шуданаш мумкин аст, ки ин тамоюл дар давраҳои гуногуни зиндагии шоир мақоми худро бо якдигар иваз кунад; дар як давраи зиндагӣ дар эҷодиёти шоир андешаҳои отифии бурунгаро мақоми бештаре дошта бошад, дар давраи дигар андешаҳои отифии дарунгаро ба ин мақом соҳиб мешавад. Ҳамин гуна ҳолат дар эҷодиёти Қутбӣ Киром ба мушоҳида мерасад.
Аввалин навиштаҳои Қутбӣ Киром дар солҳои панҷоҳи асри гузашта ба чоп расиданд, вале мавқеъ гирифтани ў дар шеъри муосири тоҷик асосан аз солҳои шаст, бо ашъори андешаҳои отифии тасвирӣ шуруъ шуд. Масалан, шеърҳои «Чаро хомӯш истам ман» (с. 1960), «Баҳория» (с. 1964), «Анҷоми зимистон» (с. 1967), «Оташ» (с. 1968), «Остони баланд» (с. 1969) аз ҷумлаи шеърҳои хуби шоир буданд, ки андешаҳои отифии шахси шеър, шоир ва ё шахсияти ғиноиро бо тарзҳои гуногун тасвир ва баён менамуданд. Домани андешаҳои отифии шоир Қутбӣ Киром хеле фарох аст, шояд дар байни ҳамнаслонаш аз ҳама фарохтар бошад. Ин андешаҳои отифӣ ошиқона, инсонгароёна ва аз ҳама бештар иҷтимоӣ мебошанд. Шахсияти шеъри ў ҳамеша дар талоши он аст, ки муҳимтарин хусусиятҳои замони худро ифода намояд. Он қариб ҳамеша усулан фаъол, на танҳо некбину болидарўҳ, балки зиндагисоз аст, ки ин сифатҳо аз сиришти инсонии худи шоир бармеояд. Бинобар нуқсу камоли шеъри Қутбӣ Киром нуқсу камоли шахсияти ўст.
Ҷузъиёти олами шайъӣ дар шеъри ғиноӣ ба манзури гуногун -- барои ифодаи шайъии мазмун, барои воқеият бахшидан ба ҳолати ғиноӣ, ки эҳсосоту таассурот баён мешавад, барои бо тасвиркорӣ ифода кардани ғояи муаллиф истифода шуданаш мумкин аст. Агар дар шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ кадоме аз ин манзурҳо муқаддам аст, ҷузъиёти олами шайъӣ ба он манзур хидмат хоҳад кард. Аммо амчунон ки Г. Н. Поспелов ҳам қайд мекунад, “...ҷузъиёти олами ашёи ғиноӣ комилан ба инкишофи андешаи ҳиссиётманди муфради ғиноӣ тобеъ мебошад” [3,102] Шеърҳои андешаҳои отифии тасвирие ҳам ҳастанд, ки дар онҳо ҷузъиёти олами ашё дар як вақт ба манзури вазифаҳои гуногун ба истифода рафтаанд. Ҷузъиёти олами ашё ҳам дар шеърҳои асосашон бар ангезаи андешаҳои ҳиссӣ, ки мавзуашон маҳсусу тасаввуршавандааст ва ҳам дар шеърҳои андешаҳои отифии муҷаррад, ки ифодакунандаи ғояҳо мебошанд, барои ифодаи пурбору таъсирбахши мазмун ба кор гирифта мешаванд. Дар шеъри андешаҳои отифии тасвирии Қутбӣ Киром, масалан, дар силсилаҳои «Дафтари Яғноб» (с. 1975), «Дафтари Пориж» (с. 1978), «Зани тоҷик» (с. 1993), «Ману додрасӣ» (с. 1993), «Ёр меояд» (с. 1993) чанд навъи истифодаи ҷузъиёти олами шайъӣ ба назар мерасад, ки барои ифодаи гуногуни муҳтаво ва фардӣ кунонидани шакл хидмат кардаанд.
Силсилаи «Дафтари Яғноб» дар эҷодиёти Қутбӣ Киром аз лиҳози мавзуву муҳтаво ва шакли ифода мақоми хос дорад, ки дар он чанд шеър ба навъҳои гуногуни андешаҳои отифии тасвирӣ тааллуқ мегирад. Ин силсила дар бораи аз кўҳистони Яғноб ба дашти Мирзочўл кўч бастан, ва ё саҳеҳтараш, аз ҷониби ҳукумати вақт -- Ҷумҳурии шўравии Тоҷикистон кўч бандондани мардум дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта аст, яъне мавзуъ – кўч бастан; андешидан дар бораи ҷиҳатҳои маънавию ахлоқии ин кўч бастан – масъалаи ин силсила буда, қабул ва пуштибониву тасдиқи он оҳанги рўҳбаландона (пафос)-и он аст.
Ифодаи ин ғоя дар силсилаи «Дафтари Яғноб», ки аз анвои гуногуни шеъри ғиноӣ, аз ҷумла, аз ашъори андешаҳои отифии тасвирӣ ҳам ба ҳам омадааст, тақозо дошт, ки аз навъи ангезаи андешаҳои ҳиссӣ ва ҳам аз навъи андешаҳои отифии муҷаррад истифода шавад. Зеро дар ин силсила ҳар шеър аз лиҳози мавзуъ истиқлол дошта, танҳо аз рўи масъала ва ғоя ба ҳам иртибот пайдо мекунад. Ҳоло ду шеъри ин силсила «Духтари яғнобӣ» ва «Руҷуи яғнобиписар» -ро, ки аввалӣ ба навъи шеъри ангезаи андешаи ҳиссӣ ва дуюмӣ ба навъи шеъри андешаи отифии муҷаррад тааллуқ дорад, аз лиҳози то чӣ андоза ба мақсад мувофиқ истифода шудани унсурҳои олами ашё аз назар мегузаронем.
(Аз ин ҷиҳат шеъри «Духтари яғнобӣ» аз силсилаи «Дафтари Яғноб» (с. 1975) ҷолиби таваҷҷуҳ аст, зеро дар он ҳам баёни ғалаёни эҳсосот ва ҳам тасвиру тавсифи айнӣ мавҷуд аст, албатта, дуюмӣ бар якумӣ бартарӣ дорад, ки шеърро ғиноии тасвирию тавсифӣ мекунад, на ғиноии андешаву эҳсосоти тасвирӣ.
Шеъри «Духтари яғнобӣ» бо ҳамон шўру ғалаёне, ки хоси сабки Қутбӣ Киром аст, бо муроҷиати фармонравоёна ба рассоми ҷаҳонии итолиёвӣ Рафоэл, ки бештар расми Марями Модархудо ва Исои Масеҳро мекашид, оғоз мешавад, ки ўро аз кашидани тимсоли Марям боз дошта, ба тасвири духтари яғнобӣ бурданист:
Ист як дам, Рафаэло, бозист,
Нақши Марям зи дидагонат гир…
Як дам аз шарри римиён бигрез,
Бар Вағанзо биё, ба мо омез.
Бинишин зери сояи мижгон,
Нақши ин суғдидухтар аз дил рез… [2, 198-99].
Ин шеър аз 14 банди чаҳорпораӣ иборат аст, ки ба ҷуз банди аввалу охир – руҷуъву ҷамъбаст, дигар ҳама дар тавсиф ва тасвири духтари яғнобист, ки бо шефтагии тамом ва суварнигории ҳиссиётангез ба ҷо оварда шудааст, ки аз лиҳози гармию ҳарорат дар шеъри муосири тоҷик камтар назир дорад. Аммо ин гармию ҳарорат на ба воситаи ифодаи бевоситаи ҳиссиёти шахсии шоир, балки дар зимни тасвиру тавсиф, ки ба воситаҳои бадеъ ба ҷо оварда шудаанд, ҷой гирифтаанд. Зеҳният дар ин шеър дар интихоби воситаҳои ба обутоби тасвиру тавсиф мақом дорад.
Ҳар банд, аз дувоздаҳбанди боқӣ, ба тарҳи пешинаи тимсоли суғдидухтар тарҳи тозае зам карда, симои ўро комилу дурахшон ва зинда ба назар намоён месозад. Дар он воситаҳои тасвир рамзу маҷоз ва ташбеҳу истиороти фаровон, ки бештар аз олами шайъӣ гирифта шудаанд, ба кор рафта, заминаи тасвирро пурбору маҳсус кардаанд. Аз ҷумла, «Тарҳи рўяш баҳор ангезад, Шўъла аз ҳар канор бархезад», «Лаби ў ҳамчу пушти гулмоҳӣ», «Абрувонаш чу хўшаи гандум», «Мавҷи рўд аст кокули чинаш», «шафақи субҳдам…рухсораш» ташбеҳу тавсифҳое ҳастанд, ки дар мисраи аввали ҳар банд барои муҷассам сохтани сурату андоми ин суғдидухтар меоянд ва дар мисраъҳои баъдинаи банд бо ташреҳ мукаммалтар карда мешаванд. Аз ин тавсифу ташбеҳҳо, махсусан ташбеҳи ин банд, ки ҳар ду тарафаш – ташбеҳкунандаю ташбеҳшаванда, яъне мушаббаҳ бо мушаббаҳун биҳ аз олами шайъиянд, муносибу хотирмонанд:
Абрувонаш чу хўшаи гандум
Гушнагонро умед мебахшад.
Нусхаашро ниҳон каш аз мардум,
То фалак доси худ бар ў назанад [2, 199].
Ин банд, агар нуқси қофияро, ки дар нораво қофия бастани «мебахшад» бо «назанад» мавҷуд аст, ба эътибор нагирем, тасвири тозае дорад, ки абрувони суғдидухтаронро, ки аксаран зарринмўй ҳастанд, ба хўшаи гандум ташбеҳи зебое карда, дар зимн ба шеъри Ҳофиз ҳам ба тариқи талмеҳ ишора менамояд:
Мазраъи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав,
Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав [5, 238 ].
Ва Қутбӣ дар сабки худ набуд, агар дар чунин мавриди мувофиқ – тавсифи ҳусни суғдидухтар, ки ўро ҳамчун решаи нажодии худ ба сад дил дўст медораду ситоишу суварнигорӣ мекунад, ба ташбеҳу ғулўвви ҳайратангезе рўй наорад. Дар асл агар андешида шавад, дарк хоҳад гашт, ки “забони шеър наметавонад одӣ бошад, чунки худи шакли ифода ғайриодист...” [1, 211].
Пайкари оташи сафедашро
Дар дили мавҷаи Зарафшон каш.
Қуллаҳои баланду саркашро
Пеши пояш фитода яксон каш! [2, 200].
Дар мақтаъ даъвати дар оғози шеър кардаи шоир, ки Рафоэлро аз кашидани нақши Марям боздошта, ба тасвири суғдидухтар хонда буд, такрор гашта, дар байти охир ба ў чунин тавсия мешавад, ки «Аз қади суғдидухтарон имрўз // Орзую умеди худ меҷў» [2, 200]. Ин хулоса чандмаъно ба назар мерасад, ки асилтаринаш ин аст: суғдидухтар на танҳо дар ҳусну малоҳат, балки дар иффату покизагӣ ва бегуноҳӣ ҳам беназиру беҳамто буда, аз Марями аз рўҳ Исои пайғамбар оварда камтар нест… Ибрози ҳиссиёту таассурот дар ин шеър аз лиҳози сабк хусусияти воқеъӣ, айнӣ, яъне ҷудоӣ аз зеҳниятро дорад, ки воқеъияти онро бештар ва таъсирашро амиқтар месозад, ҳарчанд хонанда ҳис мекунад, ки ҳамаи он таассурот ба шахси шоир тааллуқ мегирад. Дар ин ҷо, ҳамчунон ки дар шеъри асил аст, “вожаҳо эътибори махсуси маъникашӣ, ибораҳо қудрати тозаи ифода пайдо мекунанд” [6, 88].
Аммо дар ҳеҷ ҷои шеър шоир аз худ бо ҷонишини «ман» ном намебарад, танҳо дар ду мисраъ – дар яке «То туро (Рафоэлро – А.Ҳ.) бар канори чашма барам» дар феъли «барам» бо бандакҷонишини «ам» ва дар мисраи «Бар Вағанзо биё, ба мо омез» бо ҷонишини «мо» аз ширкати худ дар он саҳнаи тасвиркорӣ ва ифшои розу ниёз, ки ин шеър дорад, ишора мекунад. )
Ҳамчунон ки ишора шуд, ғояи силсилаи «Дафтари Яғноб» мардуми дар оғўши кўҳистон ҷудомондаро ба водӣ фуроварда, ба зиндагии иҷтимоии пешрафта ҳамроҳ кардан аст, ки ҳукумати вақт тасмим гирифта буд. Ин ҳам маълум аст, ки адабиёт дар он замон ихтиёри мухолифатро ба сиёсати ҳоким надошт, аз ҷумла Қутбӣ Киром ҳам. Эҳсоси рўҳбаландонаи ҳаёт, махсусан дар асарҳое, ки Қутбӣ Киром то солҳои шикасти ИҶШС ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон эҷод кардааст, нақши бартар дорад ва ин, агар аз як ҷиҳат, хусусияти сириштии шахси шоир ҳамчун инсон бошад, аз ҷиҳати дигар, тақозои сиёсати фармудаи замон ҳам буд, ки шоир онро худогоҳу нохудогоҳ таблиғ мекард. Аммо дар ин силсила ҳангоми тасвиру ифодаи мавзуъ ҳолатҳое ҳам ба назар мерасанд, ки бо ғояи музаффарият ва таассуроти рўҳбаландонаи зиндагӣ мувофиқат намекунанд, зеро худи ин воқеъа – кўч бандондани мардуми Яғноб аз кўҳистон ба биёбон -- дар зимн ҳар қадар моҳияти мусбат дошта бошад, на камтар аз он моҳияти манфӣ ҳам дошт. Ҷиҳати мусбии он, ҳамчунон ки болотар қайд шуд, дар ҳамроҳ шудани ин мардум ба ҷараёни зиндагии замонавии водист, ки тақозои воқеъияти объективӣ буд, ҷиҳати манфии он аз марзу буми бобоӣ канда шуда, суннатҳои чандинасраи зиндагиро аз даст додан буд, ки хусусияти субъективӣ дошт. Ба ин боз шароити тамоман носозгори зиндагӣ дар биёбон, ки ҳар нафасаш домангири марг буд, зам мешуд. Бинобар ин бо вуҷуди ҳар қадар назари мусбӣ доштан ба ин рўйдод шоир беихтиёр дар тазодҳои муҷарради ғулувомез ин ду ҷиҳати онро ба ҳам муқобил мегузорад, вале зуд ҷиҳати мусбати онро таъкиду таъйид мекунад. Масалан, силсила бо ин байтҳо оғоз мешавад:
Раъду барқ(?) чун саворае дар зин,
Задӣ(?) бар рўи осмон қамчин.
Пайкари сарди кўҳ аз ў ларзид,
Ҳар куҷо соя буд, аз ў хандид… [2, 191].
Ҳолати ғулувомез, ки дар ин банд аз оғози кўчбандӣ хабар медиҳад, махсусан дар байти аввал – ғурридани раъду ҷаҳидани барқ, ки ба қамчин задани савора ба рўи осмон монанд карда шудааст, хоҳу нохоҳ асари фоҷиавӣ дорад. Ин ибрози ангезаи ҳиссиётест, ки бар шоир ғалаба дошт, вале ў зуд дармеёбад, ки он ба ғояи рўҳбаландонаи дар назар доштааш созгор нест ва ҷилави суханро ба дигар тараф мекашад ва мегўяд: «Пайкари сарди кўҳ аз ў ларзид, Ҳар куҷо соя буд, аз ў хандид…». Азбаски соя дар шеър маъмулан намоди тирагӣ, беравнақӣ, ноаслӣ буда, дар муқобили нуру равшанӣ ва аслият қарор дорад, хандидан ба он маънои ба нуру равшанӣ бадал шуданро дода, мафҳуми бандро ба ғояи дарназардоштаи шоир муносиб мегардонад. Ё дар ду банди аввали шеъри «Кўч» ҳолати деҳи кўчбастаро ба тасвир оварда, аз ҷумла «қуллаҳо» -ро «мадҳушу ҳайрон», «чашмаҳо» -ро «аз худ гурезон», «шохаҳо» -ро «дастони холӣ» ва «шўхаҳо» -ро «лаб зери дандон» нишон медиҳад, ки ҳама намоёнгари вазъи фоҷиаборанд. Дар банди дуюм шеваи тасвиркориро канор гузошта, ба ифодаи бевоситаи баёнии андеша мегузарад ва мегўяд, ки мардум кўч бастанд «аз куҳистон бар биёбон»:
Бар биёбоне, ки боди тундрав,
Дид ҷони зинда, ғорат мекунад.
Хокаш оташбору ҳавраш решасўз,
Марг дар он ҷо иморат мекунад… [2, 191].
Оё мардум ба ҳамин гуна ҷое, ҳарчанд «орзу дар ҷон» -ашон «аз дусад маргу аҷал боло» гирад ҳам, бо ихтиёри худ кўч бастанашон мумкин аст?! Ва комилан табиист, ки шоир дар ин ҳолат дар байни ду андеша ва таассуроти мутазод мемонад ва ҳангоми тасвир, ки бештар хусусияти воқеъӣ дорад, мафҳуми манфӣ ва ғамангези ҳодиса боло мегирад, вале ҳангоми баёни бевоситаи андеша иродаи шоир, ки бар таблиғоти ғояи рўҳбаландист, афзалият пайдо мекунад. Дар натиҷа бартарии кўч бастан ва зиндагӣ дар водӣ, ки ҳосилаш «синаро партав» додани «боғи орзу» -ву «ниҳоли навдамида» -ву «ғунчаҳои навшукуфта» -ву «чун ҳубоб» нест гаштани «кинаҳои солхўрда» ва монанди ин дастовардҳо мебошад, ноқил ба забон меорад. Зиёда аз ин қайд мешавад, ки дар натиҷаи зиндагӣ дар водӣ «дар миёни кўчиён» «Эътиқоду мардию одамгарӣ, // Эҳтироми хоҳарию додарӣ…» болонишин гашта» ниҳоят «Чашмаҳои кўҳсорони баланд // Дар биёбони бало дарё шаванд…» [2, 191]. Ин, бешубҳа, намунаи ибрози андешаҳои муҷарради ғиноӣ мебошад, ки асоси ғоявии сиёсати муҳоҷиратро ифода мекунад.
Шеъри «Руҷўи яғнобиписар» аз хосиятноктарин шеъри ин силсила мебошад, ки андешаҳои отифии ғиноиро бештар тасвирӣ ба қалам меорад. Ин шеър гармтарин ва пуртаъсиртарин эҳсосоту таассуроти ғиноии шоирро ба воситаи тимсолҳои шайъӣ ифода менамояд, ки баъзе аз хазинаи пешинаи шеър гирифта шуда бошанд ҳам, дар айни табу тоб ба кор гирифта шуда, муассирии тоза пайдо кардаанд ва баъзеи дигар комилан нав буда, маҳсули тафаккури хаёлангези маҳз ҳамин шоиранд.
Дар шеъри «Руҷўи яғнобиписар» андешаҳои отифии ғиноӣ, ҳарчанд аз забони шахси аввал – яғнобиписар баён мешавад, аммо ба худи шахси шоир тааллуқ доштани он тардиде надорад, зеро ҳамаи иборапардозӣ ва сабки сухан комилан хоси шеваи худи шоир аст. Ў на андешаҳои отифии яғнобиписарро аз забони худи ў, балки эҳсосоту таассуроти худро аз забони ў мегўяд. Вале бегонагии ин тарзи ифодаи эҳсосот ба яғнобиписар эҳсос намешавад, зеро, аввалан дар тимсоли яғнобиписар ибрози таассурот кардани шоир пай бурда шавад, сониян яғнобиписари Қутбӣ Киром ба ҳеҷ ваҷҳ дигар тарз ибрози андешаву таассурот карда наметавонист, зеро шоир ўро бо худ як медонад, яғнобиписар Қутбист ва Қутбӣ яғнобиписар аст. Зиёда аз ин, дар тамоми шеърҳои ин дафтар ҳамаи таассуроти ғиноии ғаму шодӣ, ки аз воқеъаи кўч бастани яғнобиён тасвиру баён мешавад, таассуроти шахси шоир аст, ки аз реша бо яғнобиён пайванд дошта, худро аз онҳо ҷудо тасаввур карда наметавонад. Асоси ҳамаи сўзу сози андеша ва шиддати эҳсосоту таассуроти ин силсила дар ҳамин аст. Он дар шеъри «Руҷуи яғнобиписар» дурахшонтар аз ҳама баён гаштааст. Fояи ин шеър дар тарғиби андешаи муҷаррад – меҳри ватан аст, ки баёни он аз барангезиши ҳиссӣ бо ибораи «ин ҷо ватани ман» оғоз шуда, дар оғози шаш банд аз ҳашт банду як байти мақтаи шеър ба такрор омада, вазифаи дар як сатҳу оҳанг нигоҳ доштани баёнро иҷро менамояд. Дар банди якуму дуюм яғнобиписар ватани худро «сари …шўхаи сарсахт», ки хумории «шабнаму» «зарраи хуршед» аст ва «қуллаи паст» -ин онро «сар монда ба зонуи маҳ» хонда, дар банди севум, махсусан дар байти аввали он бо рамзу маҷоз аз амале сухан мегўяд, ки маънои пандомӯзе дошта, ба адолат ва ҳиммати баланди мардуми кўҳистон далолат мекунад:
Ин ҷо Ватани ман,
ки уқобони шикорӣ
Номус кунанд аз задани кабку кабўтар [2, 213].
Дар ин ҷо уқобони шикорӣ киноя аз мардуми кўҳистон аст, ки аз рўи шеваи ҷавонмардӣ ҳаргиз ба заифтароне аз худ, ки бо киноя кабку кабўтар гуфта шудаанд, тааддию зўровариро раво нахоҳанд донист. Дар шеърҳои силсилаи «Дафтари Яғноб» дар андешаҳои отифии шахси шеър, ба ҳар касе, ки тааллуқ дошта бошад, хоҳ ба худи шоир, шахсияти ғиноӣ, «ман» -и шоир, ё ровӣ дар муносибат ба воқеъаи кўч бастан, дугонагӣ вуҷуд дорад, ки ҳангоми рў ба рў омадан бо масъалаи ахлоқӣ зоҳир мешавад. Аз як тараф, шоир ҷонибдори кўч бастан ва ба ҷараёни ҳаёти нав пайвастани кўҳистониён аст, аз тарафи дигар, аз кўҳистон чун аз «остони бобоӣ» ва «уммедгоҳи модарзод» дил канда наметавонад. Ҳамин муҳаббати решадор дар баёни андешаҳои отифии яғнобиписар бештар аз ҳама доман густардааст, ки ў онро дар ҳар банди шеър ба мисолу масали дигар ба забон меорад. Дар ў эҳсоси ягонагии комили худ бо олами табиат аз ҳама ҳиссиётҳои дигар боло мегирад, ки ў «ҳар чашма» -ро «афсонасаро» -и «гўшаю манзил» -аш ва «ҳар нахл» -ро «додари зоидаю пурдил» -аш мехонад. Дар шеърҳои ин дафтар, чунон ки дар шеъри асили ғиноӣ ҳаст, “... ҳамаи аносири олами ҳастӣ, ки дар шеъри ғиноӣ ҷой меёбанд, қисмате аз ҷону тани қаҳрамони ғиноӣ мебошанд ва ногузиру якзайл сурати ӯро чи бо ҷиҳатҳои улвӣ ва чи бо ҷиҳатҳои сифлии худ оро медиҳанд” [4, 99] . Бо эҷодиёти Қутбӣ Киром умуман, ва махсусан бо силсилаи «Дафтари Яғноб», мавзуи кўҳистон ва мардуми он бо тамоми пуробурангӣ ва хислатҳои хоси худ ба шеъри муосири тоҷик ворид шуд, ки дарки ягонагии инсону табиат яке аз сифатҳои асосии он аст. Андешаҳои отифӣ, ки аз забони яғнобиписар садо медиҳанд, зодаи муҳите ҳастанд, ки дар он иртиботи инсону табиат бештар маншаи инсонсозӣ дорад, зеро инсон ҳар қадар ки бо табиат наздиктар бошад, ҳамон қадар ба маъно ва рисолати инсонии худ наздиктар хоҳад буд. Дар андешаҳои яғнобиписар инсон на фақат саробону сарпарасти олами табиат, балки табиат ҳам ҳамдилу ҳамнафаси инсон буда, ҳатто «гули испанду ҳазора» -аш таърихи ўро дар ёд дораду бозгў мекунад:
Ин ҷо Ватани ман.
Зи нахустин қадами хеш
Ман дардшарики гули тар,
майсаи навхез,
Ман нозкаши тармапару сели ҷафокор,
Ман нашъабари барқаму борони сафорез.
Ин ҷо Ватани ман.
Гули испанду ҳазора,
Аз хоки ниёкон зада сар қисса бигўяд.
Дил гум зада бар ёди падарҳои сарафроз,
Акси рухашон аз нигаҳи қулла биҷуяд [2, 213].
Андешаи яғнобиписар аз муҳити бакамолрасидааш, аз олами табиати кўҳистон сар мезанад, ки ҷанбаи шайъияш қавист. Бинобар ин, ҳангоми баёни андешаву таассуроташ ҷузъиёти олами шайъии он озодона ба забонаш рафта, дар таркиби луғавии шеър нақши назаррас мегузоранд, ки шўха, бурс, тундар, тарма, теға, қулла, уқоб, ғизол, пайроҳа, чашма, шахдара, шаҳбоз аз ҷумлаи онҳо буда, аз лиҳози шакл хидмати мушаххас кардани сабкро ба ҷо оварда, аз лиҳози муҳтаво аз сарчашмаи худ канда нашудани решаи шахсияти ғиноиро таъкид мекунанд.
Дар солҳои навад, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, масъалаи пайванди ахлоқию маънавии ҷомеъа бо суннатҳои неки ниёкон аҳамияти махсусан муҳим пайдо кард, зеро яке аз сабабҳои оғози ин фоҷиа дар суст шудани ҳамин пайванд дида мешуд. Табиист, ки он дар меҳвари шеър ва, аз ҷумла, шеъри Қутбӣ Киром ҳам қарор гирифта, ба шаклу тарзҳои гуногун ифода гашт, ки як навъи он ҳамин шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ бо нақши муҳими шахси шеър буд. Дар шеърҳои «Зани тоҷик», «Ману додрасӣ», «Наврўзӣ» (с. 1993), «Эй, камонбардаст» (с. 1993), «Умед кунед» (с. 1993) андешаҳои суннатии ахлоқии ҷомеъа, ба монанди гиромӣ доштани зан, додраси мардум будан, ҳамиятнокию фурўтанӣ ва ҳамеша ба умеди некӣ зистан мавриди ифодаи ҳиссиётманди шоир қарор гирифтаанд. Андеша ва ҳиссиёту таассуроти ғиноӣ дар баъзе ин шеърҳо, масалан, «Зани тоҷик» ҳамроҳ бо тасвир ба қалам омада бошад, дар баъзе дигар, масалан, «Ману додрасӣ», «Умед кунед» бештар ба воситаи унсурҳои ташреҳиву баёнӣ ифода шудаанд. Вале ҳамаи ин шеърҳо аз самимияти амиқ, меҳри гарм, ҳиссиёти ғамшарикии асил, такрими некию накўкорӣ, умеди офияти фардо саршоранд, ки дар дарозои таърих беҳтарин суннатҳои ахлоқу одоб ва фалсафаи зиндагии мардуми тоҷикро ташкил додаанд. Дар шеъри «Зани тоҷик» сарчашмаи ҳусну зебоӣ ва меҳру муҳаббати бемонанд будани ў чунин тасвиру тавсиф карда шуда:
Нест, валлаҳ, ки нест, гар донӣ,
Чун лабонат масеҳи кайҳонӣ.
Нарасад бар латофати ҳуснат
Хатти дар гул навиштаи Монӣ [2, 159].
Дар охир ба онҳое, ки ба ҷойи шинохтани чунин зебоӣ ва қадрдонӣ кардани он ба даст камон гирифта, оташи ҷанг дар медиҳанду ўро аз ишқу муҳаббат ва зиндагии шодмона бенасиб месозанд, «Нест бод аз ҷаҳон сари пасте, // Ки туро бо камон бадал созад» [2, 159] мегўяд. Дар шеъри «Умед кунед» андешаҳои отифие баён мешаванд, ки бо вуҷуди ба шахси худ ишора накардани шоир ба ў тааллуқ доштани он аён буда, беҳтарин ва зиндагисозтарин суннатҳои ахлоқи аҷдодӣ, ҳамчун умед кардан, «кинаву бухлро» дур афкандан, «рафтаҳоро ба некӣ ёд» кардан, ба қадри «мондаҳо» (зиндаҳо) расиданро фаро мегиранд ва дар дил ба онҳо эҳсоси гиромидошт парварида, рушду нумуви ояндаи онҳоро асоси рўзу рўшноии мардум медонанд. Шеър бо чунин як муроҷиати самимона оғоз шуда, то ба охир гармии ибрози андешаву эҳсосот нигоҳ дошта мешавад, ки дар дил асар мегузорад.
Дўстон, дўстон, умед кунед,
Ҳаваси як дами саид кунед.
Мерасад накҳати гули Наврўз,
Хонаҳоро макони ид кунед [2, 35].
Азбаски шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ яке аз серистифодатарин ва пурҳиссиёттарин анвои шеъри ғиноӣ ва умуман адабиёт мебошад, ба дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа зудтар ҳамоҳанг гашта, муҳимтарин хусусиятҳои онро инъикос менамояд. Ин дар мисоли эҷодиёти беҳтарин шоирони даврае, ки дар он дигаргуниҳо сурат гирифтаанд, тасдиқи худро меёбад.
Аскар Ҳакимов
Институти забон,адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ
Китобнома
- Гинзбург Л. О лирике / Л. Гинзбург. – Ленинград: Советский писатель. - 1974. – 408 с.
- Киром, Қутбӣ. Минбари виҷдон / Қутбӣ Киром. -Душанбе: Адиб. - 2012. – 312 с.
- Поспелов Г. Н. Лирика. Среди литературных родов / Г. Н. Поспелов. – М: МГУ. -1976. – 208 с.
- Сильман Т. Заметки о лирике / Т. Силман. –Ленинград: Советский писатель. - 1977. – 224 с.
- Ҳофиз, Шерозӣ. Куллиёт / Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ. –Теҳрон: Замон. -1379 / 2001. – 360 с.
- Эйхенбаум Б. О поэзии / Б. Эйхенбаум. – Ленинград: Советский писатель. - 1969. – 552 с.