А. Коломиетс (Нависандаи украин)

 

ФАРИШТАИ ВАҲШӢ

(Намоишнома иборат аз ду парда)

 

ИШТИРОККУНАНДАГОН:

Ангел Платон Никитич

Уляна               – зани ӯ

Пётр

Фёдр                – писарони онҳо

Павлик            

Таня                  – духтарашон

Лида                 – зани Пётр

Оля                   – зани Павлик

Клава               – духтури участка

Рангмол           – шавҳари Клава

Крячко             – нафақахӯр

Клоков             – мухбир

Виля                  – рассом

 

 НАМОИШИ ЯКУМ

 

Ҳавлии на он қадар калон. Пешайвони хонаи якошёна, ки дар наздаш устохона сохта шудааст. Дар миёнҷои ҳавлӣ мизи тахтагин. Сутун: дар он дастшӯяк, дар дигар тарафаш дар зери офтобгардон, телефон. Креслои алвонҷхӯрандаи дастисохт. Дар дуртар нимкат.

Таня дар назди сутуни дастшӯякдор мӯй шона мекунад. Лида дар креслои алвонҷхӯранда нишастааст. Уляна рӯи миз дастархон меорояд.

Лида. Хонаи шумо – қалъачаи дастнорас. Дар ин ҷо оромӣ ва эҳсоси комили бехатарӣ ҳукмфармост. Дафъаи гузашта, вақте ки ман ба хонаи Шумо меомадам, дар кӯча дар зери раъду барқ мондам. Он қадар тарсидам ки!.. Ба ин ҷо, ба ҳавлӣ давида даромадаму тамоми тарсам гум шуд. Гӯё ки раъду барқ ба ин ҷо ҳатто наздик шуда наметавониста бошад.

Таня. Албатта, наметавонист, агар падарам дар хона мебуд.

Уляна. Лаққиданро бас кун, Таня!

Лида. Телевизори ранга ва курсии дастисохт дар ҳавлии шумо ба ҳамдигар бисёр ҳам мувофиқат мекунанд.

Уляна. Агар ҳавлии мо ба ту ин қадар маъқул бошад, ба курорт рафтанат чӣ зарур? Дар ҳамин ҷо истироҳат мекардӣ.

Лида. Баҳр...

Таня. Аз баландӣ баҳр як кӯлмак барин менамояд.

Уляна. Ту худат баҳрро кай аз баландӣ дидӣ?

Таня. Надида бошам – мебинам.

Уляна. Ба сараш як гапро ҷой кардааст, ки... стюардесса мешудааст.

Лида. Падарам чӣ мегӯянд?

Уляна. Ин ҳамин хел ки падарашро ҳам розӣ мекунад.

Фёдор. Лида, ту аз баҳр чанд рӯз пеш аз вақт баргаштӣ?

Лида. Ҳафт рӯз...

Уляна. Пулашро баргардонданд?

Лида. Не.

Уляна. То охираш истодан даркор буд.

Лида. Шуморо хабар гирифтан хостам ва хонаро ҳам пазмон шудам. Пётрро ҳам. Писарамонро ҳам аз хонаи модарам гирифтан даркор. Мову Пётр бе ӯ ҳеҷ наметавонем.

Уляна. Пётр соли гузашта ва имсол ҳам бе мураххасӣ монд. Ақаллан ба ҳавлии мо меомад.

Фёдор. Калонгарӣ мекунад.

Уляна. Дар бораи бародар магар ин тавр гуфтан мумкин аст?

Фёдор. Мумкин.

Лида. Калонгарӣ намекунаду ба таги кор мондааст. Вай он қадар ташнаи кор аст, ки... худи ҳамаи шумо барин.

Таня. Маро аз ин гурӯҳ метавонӣ, ки хориҷ кунӣ.

Уляна (ба духтараш). Бас аст орою торо додан. Беҳтараш ба полиз давида раву пиёз канда биё.

Таня меравад.

Лида. Шумо аллакай полез ҳам доред?

Уляна. Дар паси гараж як ҷӯякча. Барои як порча замин ин қадар нохушӣ...

Лида. Пас чаро гирифтед?

Уляна. Охир бе полиз, бе сабзавоти тару тоза чӣ хел мешавад? Дар бозор як бандча шибит ним танга! Мардум на шараф доранду на виҷдон. Даҳ тин барои як бандча алаф. Карамшӯрбо бисёр қимат меафтад...

Лида. Пётр бисёр вақт ба такрор мегӯяд, ки як карамшӯрбои модарам пухтагӣ мешуд.

Уляна. Барои карамшӯрбо сабзавоти тару тоза ва гӯшти бозор даркор...

Таня медарояд ва пиёзро рӯи миз мегузорад.

Ҳа, қариб фаромӯш карда будам... Кӣ пагоҳ ҳамроҳи ман ба бозор меравад?

Лида. Ба кадомаш меравед?

Уляна. Ба район, ба ягонтоаш, ки арзонтар бошад.

Таня. Ман намеравам.

Фёдор. Барои чӣ?

Таня. Барои он ки ман шаҳодатномаи ронандагиро навакак гирифтам. Якшанбе мошинҳо бисёр, ба фалокат дучор шуданам мумкин аст.

Павлик ба остона мебарояд.

Павлик. Оча, куртаи сафедам куҷост?

Уляна. Дар ҷои либосҳои дарзмолкарда... Павлик, пагоҳ ба бозор меравем?

Павлик (қатъӣ). Не. (Ба хона медарояд).

Уляна. Ин қадар пул харҷ карда ин мошинро барои чӣ гирифтем? Барои он ки дар гараж истад?..

Таня. Дар гараж меистад? Охир ин «Запорожетс»–и мо тамоми бозорҳои арзонро кайҳо давр зада баромадааст.

Лида. Ман, росташ, ҳоло худам танҳо ягон бор мошин нарондаам, аммо имтиҳони ронандагиро додам. Ману Пётр қарор кардем, ки мошин харем.

Уляна. Ба кадом пул?

Лида. Кам-кам ҷудо карда мемонем.

Павлик дар остона:

Павлик. Оча, тугмаи болои куртаам канда мешавад.

Уляна. Таня дӯхта деҳ.

Таня. Хӯҷаинҳо буданд, ғуломон буданд, акнун ҳама рафиқон шудаанд.

Павлик. Оча, сӯзан куҷост?

Уляна. Дар сӯзанхалак.

Павлик ба хона ворид мешавад.

Таня (ба Лида наздик меояд). Либосҳои ту ин қадар навмӯд аст. Ту инҳоро аз куҷо меёбӣ?

Лида. Пётр меёбад. Вай баду неки либосҳоро нисбат ба ман беҳтар медонад.

Таня. Ман ҳам, Пётрамон барин, як шавҳарак пайдо мекардам...

Лида. Ту духтари зебо ҳастӣ, ба худат аз рӯи хоҳишат шавҳаршаванда интихоб мекунӣ.

Таня. Домодҳои ҳозира ҳамин хел, ки худашон барои як шиша арақ пул пурсида мешинанд. Онҳо куҷою дар бораи либоси зан фикр кардан куҷо?

Фёдор. Пётр ҳар моҳ нимҳазорӣ меғалтондагист-а?

Павлик дар остона пайдо мешавад.

Павлик. Оча, галстукам куҷост, ҳамон сафедтобаш.

Уляна. Дар ҳамон ҷое, ки партофта будӣ, дар пояи кат.

Павлик ба хона медарояд.

Фёдор. Аз худ рафтааст Пётрамон, хабаргирӣ омада метавонист.

Лида. Ман мегӯям-ку, вайро аз кор канда наметавонӣ. Хулқу хӯи шумо, Ангелҳо, як аст.

Таня. Аз вилоят мухбир омада буд, бо ман гуфтугӯ кард: дар бораи падарамон очерк навиштан мехост. Ҳа, аз афташ, аз фикраш гашт, ба ӯ ким-чӣ маъқул нашуд. Инро дағал, инсон нест, мегӯяд ӯ.

Уляна. (ба писараш). Ӯ чаро ин тавр мегӯяд... дар бораи ту?

Фёдор. Ман дар бораи чӣ пурсидани ӯро ҳатто дуруст нашунидам. Барои ҳамин гуфтам, ки дар танаффус гапзанон мекунем. Дағал худаш. Кас кор мекунаду ӯ дар гирдат  пилмида мегардад.

Таня. Ба ин ҷо ҳам омада буд. Эҳтимол имрӯз ҳам биёяд.

Уляна. Ба падарат гуфтан даркор.

Таня. Эҳтимол, набиёяд ҳам...

Уляна. Туро фаҳмида намешавад: гоҳ мебиёяд, гоҳ намебиёяд.

(Суруди «Бобои ман роҳзан аст» баланд мешавад).

 

«Бувад бобои ман раҳзан,

Бале, раҳзан, бале, раҳзан.

Бувад машҳур ӯ дар байни марду зан,

Касе, ки бигзарад аз назди бобоям,

Диҳат пулҳои худро ӯ ба бобоям.

Вагарна мезанад бобом.

Вагарна мезанад бобом.

Куҷоӣ, эй замони дузду раҳзанҳо,

Кунам, то зиндагӣ бо раҳзанӣ танҳо.

Бале, бо раҳзанӣ танҳо».

 

Боз ҳамон лаънатии худро монд.

Таня (ба назди телефон омада, рақам мечинад). Ваняҷон, Ваняҷон! Хомӯш кун, аблаҳ, ин дарди сарро! Мон, ки хӯрок хӯрем. Мешунавӣ? (Гӯшаки телефонро мегузорад. Ба Лида) Ин ҳамсояи мо, Ваня Крячко, дилхушӣ мекунад...

Суруд қатъ мешавад.

Лида. Ба гап гӯш кард.

Уляна. Ӯ аллакай аз гиребони падараш мегирифтагӣ шудагӣ... Ӯ барин бадроҳа кам аст. Рост аст, ки аз Таняҷони мо камтарак метарсад.

Фёдор. Таня, пагоҳ ба бозор мерафтӣ?

Таня. Падарам касеро, ки гӯяд, ӯ меравад.

Лида. «Падарам ба касе, ки гӯяд»! Писари мо ҳам аллакай сурудеро мехонад, ки шумо дар бачагӣ мехондед... Чӣ тавр буд? (Бо замзама кӯшиши ба ёд овардан мекунад).

 

Модарам гуфто, ки «шӯхӣ бас дигар,

Сокиту дам бош, меояд падар».

Модарам гуфто, ки «шӯхӣ бас дигар,

Хӯрд бояд ош, меояд падар!»

 

Худатон бофтед, ё дар он ҷо шунидед?

Фёдор. Ин ҳамаи суруд нест. Он дароз аст...

 

«Модарам гуфто, ки шӯхӣ бас дигар,

Кор бояд кард, меояд падар»...

 

Таня. Ин бандашро Фёдор, албатта, тамоми умр дар ёд доштагист. Як вақтҳо ӯ чанаи худро шикасту соз кардан нахост. Падарам як адабашро дод, ки ...

Уляна. Ба ҳама кам-кам мерасид. Фақат ҳамин Павлик андаке меҳрубонӣ медид.

Таня. Эркача.

Маҳз дар ҳамин лаҳза Павлик медарояд.

Павлик (ба Таня). Илтимос, галстукамро гиреҳ кун.

Таня (гиреҳ мекунад). Вақташ расидааст, ки худат ёд гирӣ.

Павлик. Гиреҳашро васеътар кун.

Таня. Чӣ шуд ба ту? Худи ягон чизро дуздидагӣ барин дастонат меларзанд, чашмонат чашмони ҷӯгии бозор барин чалақ–палақ. Метарсӣ, ки барои се гирифтанат гап мешунавӣ?

Уляна. Хап шав, падарат шунавад – хӯрок заҳр мешавад. Павлик, аз стипендия маҳрум намекунаанд?

Павлик. Не.

Уляна. Хайрият. Таня, падаратро ҷеғ зан. Вақти хӯрок шуд.

Таня (назди устохона меояд ва мушт бар дар мезанад). Ҷаноби президент, хӯрок тайёр!

Лида. Пётр ҳикоя мекард, ки ӯ ҳеҷ вақт надидааст, ки падараш истироҳат карда бошад... Ҳама вақт ягон чиз месозад.

Платон аз устохона мебарояд. Дар гузашта одами боқувват буданаш маълум аст. Қиёфааш ҷиддӣ, хаста. Ба назди дастшӯяк омада, дасташро мешӯяд. Павлик дастпоккун мебарорад.

 

Маро, албатта, барои беодобиям бубахшед, аммо мегӯям, нагуфта наметавонам. Нигоҳ мекунаму мебинам: Уляна Ахтисевна хӯрок мепазад. Фёдор ким-чӣ месозад. Платон Никитич хомӯшона даст мешӯяд. Павлик дастпоккунро тайёр нигоҳ медорад. Вақти дафъаи гузашта омаданам ҳам, ҳамааш ҳамин тавр буд. Ман гӯё як филмро бори дуюм мебинам.

Таня. Кадри ояндааш кадом мешавад?

Лида. Эҳтимол Уляна Ахтисевна мегӯяд, ки «Вақти хӯрок шуд, курсиҳоро монед».

Уляна. Ин ҳам дуруст аст. Бачаҳо курсиҳоро гиред, Фёдор, ба Лида курсӣ биёр.

Лида. Анъанаро вайрон намекунем. Ҳар кас барои худаш биёрад.

 

Павлик, Таня, Лида барои худ курсӣ меоранд. Фёдор барои модараш овард ва худаш таъмир кардаашро монд. Павлик курсии роҳати калони дастисохтро кашола карда меорад ва дар мобайн мегузорад – барои сардори оила. Ҳама мешинанд.

 

(Шишаи шаробро мебарорад). Шароби Қрим.

Фёдор. Хӯроки нисфирӯзӣ нею зиёфат-ку!

Таня. Пеш аз зиёфат – экспроприатсия ва ё ба забони умум гӯем дар рӯзи равшан ғоратгарӣ.

Платон (ба роҳаткурсӣ мешинад). Шароб?

Лида. Ман инро аз Қрим овардаам. Охир, имрӯз шанбе.

Таня. Рӯзи маош – қариб рӯзи ид.

Платон. Шароб барои хӯроки пешин нест. (Блокнотро гирифта, ба чашм айнак мемонад).

Лида. Ҳатто блокнот ҳам худи ҳамон!

Таня. Бо хати падарам ин блокнот! Ба тамоми умри мондагиаш мерасад. Ҳарф не, рақам не, тухми кӯкнор барин хурд.

Фёдор (назди падар меояд, аз кисааш пулро мебарорад, медиҳад). Дусаду сӣ сӯм.

Падар пулро мегирад, мешуморад.

Уляна. Айб аст, ба писар бовар накардан.

Платон. Агар кассир кам дода бошад-чӣ? Пулро аз нав шумурдан айб не, аммо ҷавони ришаш насабзидагӣ барин дусаду сӣ сӯм овардан, айб аст.

Фёдор. Дастгоҳи корам нав, ҳоло омӯхта нашудаам.

Платон. Дар як моҳ дусаду сӣ сӯм, харроти асбобсоз. Ба ин қадар тану тӯшу қувват...

Фёдор. Ба тану тӯшу қувва ҳақ намедиҳанд, ба кор медиҳанд.

Платон. Бале, бале, барои кор медиҳанд. Кори иловагӣ гир!

Уляна. Ба Федя барои хароҷоти майдачӯйдаяш пул деҳ охир.

Платон. Моҳи гузашта гирифта буд. Ӯ онҳоро ба куҷо сарф кард?

Таня. Ба падарам дусаду сӣ сӯм кам аст... Ман ҳамин қадар пул медоштам! Умуман ҳамааш – як гап: дар завод мегирӣ – дар хона медиҳӣ, фақат ҳамин ки аз як хазина мегирию ба дигараш месупорӣ.

Платон. Ту чанд овардӣ, Таня?

Таня (пулҳоро медиҳад). Саду панҷ.

Платон. Мукофотпулӣ чӣ?

Таня. Шумо инро аз куҷо медонед?

Платон. Гапро кам гӯ.

Таня. Бисту панҷ сӯмашро ба худам мондам, курта медӯзам.

Платон. Куртаҳоят бе ин ҳам мерасанд.

Таня. Аз мӯд баромадаанд.

Платон. Барои мӯд пул нест.

Уляна. Мон, харад ба худаш.

Платон. Пули зиёдатӣ шавад – мехарад.

Таня. Падарам бой шудааст. Ҳамин тавр, мегӯянд, ки як вақтҳо кулакҳо пайдо мешуданд.

Платон. Эҳтимол... Эҳтимол...

Таня. Барои курс ҳам понздаҳ сӯм даркор.

Платон. Боз чӣ хел курс?

Таня. Ман кайҳо гуфта будам. Забонҳои хориҷӣ... Стюардесса камаш ду забонро бояд донад.

Платон. Ба кор даромадан мехоҳӣ – пули иловагӣ кор кун! Ту-ку ба сехи васлгарӣ гузаштанӣ будӣ, ана, гузар. Моҳонаи он ҷо калонтар.

Таня. Ваъда карданду ҳеҷ не ки гузаронанд.

Платон. Барои гузаштан – тайёр шудан даркор аст. Гаштан, дидан, ба ҷои ягон кас кор кардан даркор. Аз сех ба сех гузаштан ин ба ту аз трамвай ба трамвай гузаштан нест.

Таня. Ҳамааш фаҳмо. Аммо ба курс пул диҳед.

Платон. Гуфтам – кори иловагӣ кун. Кори иловагӣ карда, пул ёбӣ, беҳтар мехонӣ. (Ба Павлик) Ту чӣ дорӣ, студент? Стипендияро ҳоло нагирифтаӣ?  Тартиботи шумо он ҷо... (Айнакашро мегирад, блокнотро пинҳон мекунад). Ту, писарам, акнун дар таътил ба завод намеравӣ. Ин ба чӣ кор меояд: дар ду моҳ – сесад сӯм! Не, бас аст.

Уляна. Хайрият, ки падарат ба худ омад. Набошад, бачаҳои дигарон тобистон дам мегиранд, аз они мо барои чӣ бошад, ки дар завод.

Лида. Пётри ман ҳам пулро ба хазинаи падар медод?

Платон. Дар ин ҷо зиндагӣ мекард, мепӯшид, мехӯрд, яъне пулашро ҳам ба хазинаи умумӣ меовард. Ҳуқуқи ҳама баробар аст.

Таня. Ту, падар, баъди ба нафақа баромаданат боз ҳам хасистар шудӣ.

Платон. Хасистар ҳам мешавӣ. Ана дар ин моҳ чӣ тавр бад меҳнат кардед. Не, Павлик, дигар ба завод намеравӣ... Номатро ба ҳамон бригадаҳое, ки ба шимол барои кор мераванд, наменависонӣ...

Уляна. Ба шимол?

Платон. Шимол ҳам кишвари мост.

Уляна. Ту фарзанди худро барои пул ба дӯзах ҳам мефиристӣ. Бачаро дам гирифтан намемонӣ.

Платон. Баъди кадом меҳнатҳояш дам гирад? Даҳ моҳ портфелча бардошта давутоз карда гашт. Корзада шуд! Ба қарибӣ дар телевизион чӣ тавр ба мактаббачаҳо супоридани калиди «Артек»–ро нишон доданд. Дар байни ин бачаякон ҳамин хел бӯзбалаҳое буданд, ки кӯҳро зананд, талқон мекунанд, онҳоро бошад, ба Артек мефиристанд. Ҳоло ба онҳо калиди Артек, баъд Сочӣ ва минбаъд худашон бе калид ҳам киссаҳои падару модарашонро чаппа кардан мегиранд... Ҳам кисса ҳам дилашонро. Ба онҳо зиндагии бо кайфу сафоро деҳ! (Баъди пауза). Гап бас. Хӯрокро хӯрдан даркор. Фёдор, оби ҷавро рез.

Лида. Шароб беҳтар будагист?

Платон. Бигзор истад, зарар намекунад. Ту, Павлик, чаро фикр карда мондӣ? Хӯрок мехӯрем, баъд фикр кун, агар ягон чизи фикр мекардагӣ дошта бошӣ.

Фёдор оби ҷав мерезад.

Уляна. Чӣ хел фикр накунад – бачаро ба шимол мефиристӣ. Он ҷо тобистон ҳам хунук будагист. Рафту нотоб шавад.

Платон. Чӣ, шояд ӯро ба Артек фиристем?

Уляна. Бачаҳои мо магар чӣ будани «Артек»–ро медонистанд. Ана! Аз сесолагиашон дар устохонаи ту.

Таня. Дар хонаамон меҳмону мо гапгузаронӣ мекунем... Биёед, чунонки дар кумитаи маҳаллӣ мегӯянд, ин масъаларо ба маҷлиси оянда мегузорем...

Уляна. Ба шимол! Мо охир ба ӯ як либоси дурусти пӯшонда мефиристодагӣ надорем!

Павлик. Ман ба ҳеҷ ҷо намеравам!

Платон. Ин боз чӣ гап?

Павлик. Сабабаш ҳаст.

Платон. Гӯй.

Павлик. Ман ба шумо баъд мегӯям.

Платон. Гуфтан гир, ин ҷо ҳама аз они худӣ, каси бегона нест.

Пауза

Павлик. Ман зан мегирам!

Уляна. Шӯхии ноҷоя.

Платон (ба писараш нигоҳи синчакорона карда). Вақташ расад, зан мегирӣ.

Павлик. Ман шӯхӣ намекунам.

Платон. Ман ҳам. Мо ҳамин рӯз хӯрок мехӯрем ё не? (Ҷомро ба даст мегирад). Агар ба сарат ҳамин хел фикрча омада бошад, онро дафъ кун! Институтро тамом кунӣ, кор кунӣ, дар кисаат, ки ягон чӣ пайдо шавад, ана он вақт зан гир. Набошад, чӣ хел зиндагӣ мекунӣ?

Павлик. Ягон хел карда рӯз мегузаронам.

Платон. Ба лотерея даҳ ҳазор буридӣ? Вақти зангириат расидааст, ширмак.

Уляна. Падар, ту дод нагӯ. Гуфтӣ, ки намемонам, бас аст.

Фёдор (ҷомро ба Павлик медиҳад). Гир, оби ҷавро нӯш. Ин аз тез кардани кас беҳтар аст.

Павлик. Мо аллакай ба ақди никоҳ даромадем.

Ҳама ҳайрон мешаванд. Танҳо Платон, гӯё ки нашунида бошад, ҳатто сарашро ба тарафи писараш нагардонд. Оҳиста, бисёр оҳиста оби ҷавро нӯшид.

 

Таня. Эҳтимол, кайҳо тӯй ҳам карда бошед?

Павлик. Кардем.

Уляна. Ҳой, мардум, дар дунёи равшан чӣ корҳое, ки мешавад.

Таня. Ҳеҷ чизи ғайриоддӣ нашудааст: бача зан гирифтааст!

Уляна. Павлик!..

Фёдор. Вай рост мегӯяд.

Уляна. Охир, ин чӣ тавр, бе ризояти падар?

Таня (замзама мекунад)

 

Модарам гуфто, ки «Шӯхӣ бас дигар,

Зангириро бо шумо гӯяд падар!»

 

Павлик. Медонистам, ки иҷозат намедиҳед...

Фёдор. Ба худиҳо гуфтан даркор буд.

Лида. Албатта, дар киса як тин надошта зан гирифтан беақлист. Аммо беҳуда намегӯянд, ки бо ёри меҳрубон каппа ҳам биҳишт аст.

Платон (тоқат карда натавониста). Лаванду аҳмақон ин суханони аблаҳонаро фикр карда баровардаанд. «Дар каппа». Дар каппа, яъне дар гадоӣ, гадоӣ ҳар гуна муҳаббатро, он ҳар қадар зӯр бошад ҳам, нобуд мекунад. Болои сарат бом дорӣ?! Занатро хӯронда, пӯшонда метавонӣ? Зан гир! Агар натавонӣ, нафаҳмида мемонӣ, ки тамоми зиндагиатро дар давутоз гузарондаӣ. Ақаллан фикр кардӣ, ки чӣ тавр зиндагӣ мекунӣ?

Павлик. Фикр кардам.

Платон. Харҷ агар аз кисаи мардум бувад, гуфта, зиндагӣ карданӣ ҳастӣ? Занатро аз деги дигарон хӯронданӣ ҳастӣ?

Уляна. Мехӯронем, камбағал намешавем.

Таня. Ин қадар ба бача дарафтодед. Шояд арӯсак он қадар зебо бошад, ки дар наздаш ӯ фақат зону зада истад. Ӯ дар куҷост, Павлик?

Павлик (ба соат нигарист, ба ким-куҷое номуайян ишора карда). Дар он ҷо... мунтазир аст.

Таня. Бигзор, дарояд.

Ҳама мунтазиранд, ки падар чӣ мегӯяд, аммо ӯ хомӯшона хӯрок мехӯрад.

Лида. Ким-чӣ хел, хуб нест. Вай охир зани туст, Павлик... Ба ақди никоҳ, ки даромадед – зани туст...

Павлик (ҳоло дудила аст). Падар...

Уляна. Ҷеғ зан.

Павлик ба падараш нигаристу зуд баромад.

Таня. Ту, падар, дар назди ӯ Павликро маломат накун, вай охир, акнун баркамол, шавҳар аст...

Фёдор. Э, Павлик–е...

Таня. Ҳасад мехӯрӣ? Павлик аллакай зандор, ту бошӣ...

Уляна. Ором шав, Татяна!

Таня. Офарин, Павлик! Хапу дамакак, бегапу калоча, зан гирифту монд.

Фёдор. Не, ин тавр хуб нест.

Таня. Вақте ки ту дар бораи зангириат бо падарам маслиҳат карданӣ мешавӣ, даъват кардани маро фаромӯш накун, шуниданаш аҷоиб мешавад.

Боз суруди «Бобои ман раҳзан аст» баланд мешавад.

(Ба назди телефон давида меравад, рақам мечинад). Ваняҷон, бас кун! Мо ҳоло хӯрок мехӯрем!.. Чӣ... Кори ту не. Хомӯш кун! (гӯшакро меовезад).

Мусиқӣ хомӯш мешавад.

Лида. Ба қалъаи мо ҳам барқ зад.

Таня. Ҳоло раъд ҳам мешавад.

Павлик аз дасти Оля дошта бармегардад, ӯро қариб аз паси худ кашола карда меорад. Оля, духтараки лоғар, аз дасти Павлик дошта, каме ба пеш мебарояд.

Оля. Ассалом!

Уляна. Салому алейкум (баъди пауза). Номат чист, духтарак?

Оля. Оля.

Лида. Биё, бо мо ҳамроҳ шин. Ман ҳам арӯс ҳастам. Ду арӯс дар як курсӣ мешинем. Танг бошад ҳам, мувофиқ аст, даркор шавад, ҳамлаҳоро якҷоя бармегардонем.

Оля беҷуръатона мешинад.

Хӯрок мехӯрем, гуфтугӯ осонтар мешавад.

Оля. Мо ҳозир бо Павлик пирожки хӯрдем.

Уляна. Ҷонакам, ту чандсолаӣ.

Оля. Ҳаждаҳсола.

Уляна. Барвақт азми шавҳардорӣ кардӣ.

Оля. Павлик гуфт, ман ҳам розӣ шудам...

Уляна. Мегӯянд, ки тӯй ҳам кардед? Дар куҷо?

Оля. Дар хобгоҳ, дар хонаи сездаҳум.

Таня. Хонаи сездаҳум. Оғози хуб, барои ҳаёти оилавӣ!

Уляна. Мехонӣ?

Оля. Ҳа, дар омӯзишгоҳи тиббӣ, дар курси ду.

Лида. Ана шароб ҳам даркор шуда монд. Барои саломатии ҷавонон менӯшем. Таня, ҷомҳоро биёр, ту Фёдор, шишаро кушо.

Фёдор шишаро мегирад, ба падар менигарад, гӯё иҷозат мехоҳад. Таня ҷомҳоро меорад. Фёдор мерезад.

Таня. Ана ин рӯзи шанбест!

Лида. Оля, ба ин оилаи олиҷаноб одат кун. Аҳли оила одамони бисёр хубанд. Фақат камгап. Ба ҷуз Пётри ман.

Оля. Павлик ҳам хушсуҳбат аст...

Лида (ҷомро мебардорад). Барои саломатии ҷавонон!  Барои он ки онҳо тифоқу хушбахтона зиндагӣ кунанд.

Ҳама менӯшанд, фақат Оля ва Платон ҷомҳо дар даст ба ҳамдигар менигаранд. Ниҳоят, Оля лабонашро ба ҷом расонда, онро ба рӯи миз гузошт, Платон бошад то охир нӯшид.

Уляна. Павлик, чаро ту ин тавр, гӯё ки дар хонаи худат набошӣ. Ба Оля курсӣ меовардӣ.

Павлик курсича мебарорад, вале Фёдор онро барои худ гирифта, курсиро ба Оля медиҳад.

Мардум айб мекунанд, мегӯянд, ки писарро пинҳонӣ зандор карданд.

Таня. Аз нав занушӯ мекунем. Кӣ дар он ҷо, дар хонаи сездаҳум он тӯйро дидааст? Дар ин ҷо бо мошини таксӣ байрақча мешинонем, «горько», арӯсу домод ҳамдигарро бибӯсед, мегӯем «Запорожец» бозорҳои районро давр зада, гӯшти арзон мебиёрад, падарам ғорат мешавад, аз хазинааш пул медиҳад. Чанд сӯм медиҳӣ, падар?

Уляна. Ту камтар мелаққидӣ.

Фёдор. Олга, ту падару модар дорӣ?

Оля. Модарам дар райони Ивановский хоҳари шафқат шуда кор мекунад.

Фёдор. Падарат чӣ?

Оля. Намедонам. Гурехта рафтааст, ҳанӯз вақте ки ман хурд будам.

Уляна. Модарат медонад, ки ту ба шавҳар баромадӣ?

Платон аз ҷояш хеста, ба хона даромад.

Таня. Ту, Оля, дар ин ҷо кӣ будани киро мефаҳмӣ. Ман Таня, хоҳари Павлики ту. Уляна Ахтисевна – модари Павлики ту. Ин Лида – зани бародари калони мо, Пётр. Ниҳоят падари Павлик. Падари мо! Ӯ ба хона даромад.

Лида. Гӯё раъду барқ аз канор гузашт. Платон Никитич ором шуд.

Уляна. Агар ҳамин тавр мешуд...

Лида. Чӣ тавр, бачаҳо, тӯи ҳақиқӣ мекунед? Ва ё ҳамон тӯи хонаи сездаҳум ҳисоб шудан мегирад?

Фёдор. Он магар тӯй буд? Аз они мардум барин кардан даркор.

Уляна. Бе ҳамин ҳам мардум моро доимо гап карда мегарданд, хасис, дасташон танг ва боз ҳамин хел гапҳо...

Таня. Дар хонаи сездаҳум тӯйи хуб кардагистед? Оля, ту сарандози арӯсӣ доштӣ?

Уляна.  Онҳо ҳоло он қадар қимат шудаанд, ки...

Оля. Мо бо Павлик сарандоз нахарида будем. Ман аз як дугонаам гирифтам. Ӯ аллакай се бор ба шавҳар баромад, сарандозаш бошад тамоман нав барин.

Таня. Модар, ту дурустакак бипурс, шояд Фёдор ҳам кайҳо зан гирифта бошад, якбора ду тӯйро якҷоя мекардем. Харҷ камтар мешавад.

Уляна. Ту чӣ, ин қадар ба Фёдор часпидӣ?

Таня. Худаш медонад...

Фёдор. Бисёр мелаққӣ, Татяна. Агар ҳамин қадар кор мекардӣ.

Таня. Ту ҳама чизро ба ченаки худат чен мекунӣ. Зиндагии ту, Оля, дар хонаи мо хуб мешавад, аммо ба кор кардан ҳам маҷбур мекунанд...

Уляна. Ҳар тавре ки шавад, ҳамон тавр мешавад!.. Ту, Оля, чизакҳои худро ҷамъ куну ба хонаи мо биё. Фёдор пагоҳ бекор аст, ба кашондан ёрӣ мекунад.

Оля. Охир, шумо чиҳо мегӯед... Ман як ҷомадонча дорам, сабукакак. Ман онро бо худ гирифтам. Вай дар он ҷо, дар назди дарвоза.

Таня. Касе чизҳоро дуздиданаш мумкин аст... Зудтар ба ҳавлӣ биёр.

Оля. Ман онро бо худ гирифтам, Павлик гуфт. (Давида мебарояд).

Лида. Бахтам омад кард – болои тӯй омадам.

Уляна. То якшанбеи оянда, хаёл мекунам, ки ҳамаашро тайёр карда метавонем. Омадани Пётр ҳам лозим аст.

Лида. Ба тӯй меояд.

Уляна. Оҳ Павлик, ба падарат иқрор накардӣ. Вай акнун дар бораи ту чӣ фикр мекунад?

Лида. Дили падару модар раҳмгин аст.

Оля бо ҷомадони на он қадар калон, бастаи китоб ва дафтар дар даст медарояд.

Оля. Мана чизҳои ман. Инҳояш – китобу конспектҳо. Павлик фармуд, ки ҳамаашро гирам.

Таня (ба табассум). Ана мо кӯчида омадем.

Лида. Дар куҷо зиндагӣ мекунед?

Оля (ба Павлик нигариста). Павлик...

Уляна. Дар хонаи мо, набошад дар куҷо...

Таня. Ман ба хонаи модарам мегузарам, онҳо ба хонаи ман.

Платон ду ҷомадон дар даст мебарояд, онҳоро ба назди миз мегузорад.

Платон. Чизҳои ту, Павел! (Пулро мебарорад). Ана наваду ҳафт сӯм, ин ҳамаи пули боқимондаи ту аст. Инҳоро бигир ва чунонки мегӯянд, роҳи сафед! Зиндагӣ кунед!

Уляна. Ту ӯро ба куҷо пеш мекунӣ? Ба худ ой, Платон!

Платон. Худаш пеш кард. Зан гирифт – оилаи худаш, зиндагии худаш ҳаст. Бо мо маслиҳат накард, маълум мешавад, ки нақшаҳои худашро дорад. Ба худаш роҳ интихоб кард – бигзор равад!

Уляна. Худоё! Онҳо, охир, куҷо мераванд?

Пауза

Оля. Павлик, беҳтараш ман ба ягон ҷо... ки туро аз хона пеш накунанд.

Фёдор. Бигзор, дар хонаи мо зиндагӣ кунанд, падар...

Таня. Охир хонаамон васеъ аст, рақс кунӣ ҳам мешавад.

Платон. Роҳро, ки интихоб кардааст, бигзор равад, гап тамом! (Ба Павлик). Ҳамин тавр, писаракам! Бо ақли худат зиндагӣ кун. (Ба паси миз нишаста хӯрок мехӯрад).

Хомӯшӣ. Ҳама аз қарори Платон моту мабҳутанд.

Оля (ба назди Павлик омада, оҳистакак). Шояд ту бимонӣ, ман биравам?

Павлик (ҷомадонҳоро мегирад). Рафтем! (Оля ва Павлик мераванд).

Уляна. Писаракам андаке ист! Платон, ӯро боздор! Павлик! (давида мебарояд).

Фёдор. Ин аз ҳад гузашт, падар. (Мебарояд).

Таня. Ин ҷо ким-чӣ хел феодализм аст! (Давида мебарояд).

Лида. Ба ақлона будани коратон шубҳа мекунам, Платон Никитич.

Платон (ҷомро нӯшида). Мудохила накун, Лида. Павлик писари ман аст. (Ба хона меравад).

Лида (аз паси ӯ). Наход шумо ба писаратон меҳр, раҳму шафқат надоред? Онҳо ҳама куҷо... (Аз дарвоза давида мебарояд).

Платон аз хона мебарояд дар дасташ куртка дорад.

Платон. Ман чӣ тавр фаромӯш кардаам, ки курткаро андозам?.. Бармегардад, мегирад... Барнамегардад... (Баъд аз пауза). Ман шафқат надоштаам, будааст. Писари худро, дӯст намедоштаам, будааст. Шояд ӯ аз ман меҳр канад. (Қариб ба пеши саҳна мебарояд). Мардум чӣ мегӯянд? Баъзе падару модарон меҳри фарзандони худро мехаранд: меҳри хурдашро бо бозичаҳо, яхмос, баъд ба панҷ тин, даҳ тин, бист тин, ба як сӯм, се сӯм. Баъд «бача» худаш ба кисаашон даст меандозад. Баъд дидӣ, ки занашро овардаасту хӯронед, мегӯяд. Падар, агар хоҳӣ, ки туро дӯст доранд, хап шину дам бош... Не, ман ба ин розӣ намешавам. «Писарашро пеш кард!» Хайр, бигзор. Бигзор, ӯро зиндагӣ афшурад, ба сардию ба гармӣ андозад. Зиндагӣ падару модар нест, тӯҳфаҳо намеорад. Медонед, ман шафқат надоштаам, будааст! Бе ман, кӣ ба ӯ шафқат мекунад. Мардум? Ташвиши худашон аз сарашон зиёд.

Лида бармегардад.

Лида. Ба истгоҳи автобус рафтанд... Акнун Павлик бо занаш куҷо мерафта бошад?

Платон. Ин кори ӯ.

Крячко медарояд. Ӯ ба ин ҷо бисёр ба меҳмонӣ меояд... Ба харак менишинад, бо кӯшиши тамом мӯй шона мекунад ва танҳо пас аз ин ба Лида муроҷиат мекунад.

Крячко. Ба меҳмонӣ омадӣ, Лида?

Лида. Ҳа.

Крячко. Ин тавр бошад, ассалом.

Лида. Ассалом.

Крячко. Пётр сиҳат саломат аст? Сардор шуда гаштааст? Мо ана бо Платон рутбаи аз ҳама олӣ дорем – нафақахӯрҳо! Аз ҳама беҳтар зиндагӣ мекунем. Кор намекунему пул мегирем. Корамон он тавре ки ақламон  раво бинад, гап–гапу дилхушист. Ҳамон ақле, ки мондааст. Ҳеҷ кас акнун ба он на чизе ҳамроҳ карда метавонад, на гирифта!.. Бинам, ки Павлик бо ҷомадон меравад. Пай мебарам: Платон бачаро ба куҷое барои пул кор кардан фиристод. Он пул ба ту, Платон, чӣ даркор? Ту бе ин ҳам чизу чораи даҳ касро дорӣ. Ман туро қариб сӣ сол боз медонам, ки ҳаргиз оромиро намедонӣ. Кор мекунӣ, пул кор мекунӣ, кори иловагӣ мекунӣ, зиёд аз вақт кор мекунӣ, барои ҳамаи ин пул мегирӣ, боз мукофотпулӣ... Акнун дар нафақа ҳастӣ, бас будагист, боз не! Ба магазини нон ба кор даромада, нон қабул мекунӣ. Молро шаб худаш қабул мекунад, ё Фёдорро мефиристад, ки он шаст сӯми зормонда аз даст наравад. Шумо баринҳо, Платон давлатро тамоман ғорат мекунанд.

Лида (оби ҷав мерезад). Амак, беҳтараш оби ҷавро нӯшед.

Крячко. Оби ҷавро менӯшию хуни Платон меҷӯшад, ки моли ӯро барбод медиҳанд... Вай барои як тин на фақат хам мешавад, ҳатто ба чангу хок дароз мекашад!... Инқилоб, маҳфилҳои сиёсӣ, ташвиқотӣ, аёнӣ, панҷоҳсолаҳо, мусобиқаҳои сотсиалистӣ буданд. Платон бошад бо ақидаи худ ҳамчунон монд: «Пулро биёр».

Лида. Зиндагӣ мекунад, яъне пул кор кардан зарур аст.

Крячко. Мана хонаи ман нисбат ба хонаи Платон бадтар аст, на «Запорожетс», на телевизори ранга, на дафтарчаи пулмонӣ дорам. Ман фалсафаи сармоядориро инкор мекунам. Ҳаргиз намегузорам, ки пул ба ман роҳбарӣ кунад...

Платон хандид.

Боз ба ту чӣ шуд, ту охир дар як сол як бор механдидӣ-ку?

Платон. Ин одам бо гадоияш мефахрад...

Крячко. Бо гадоӣ не, бо шуури сотсиалистиаш. Ман на гуруснаам, на бараҳна, ба ман боз чӣ даркор? (Оби ҷавро рехта менӯшад. Боз ба харак мешинад).

Платон. Ҷаҳонбинии ту, Крячко, азони буз барин аст: тобистон чарида мегардад, зимистон бошад ҳар чизе ки диҳанд, мехӯрад.

Лида (маслиҳатомез). Шумо чӣ тавре ки хоҳед, зиндагӣ кунед. Платон Никитич ба таври худаш зиндагӣ мекунад.

Крячко. Не, мебахшед, ман тамоми умр фаъол будам! То он даме ки дар завод кор мекардам, ман дар тамоми маҷлисҳо гап мезадам. Акнун лозим меояд, ки ин корро бо шахсони алоҳида кунам. Ман тайёр ҳастам, ки ба ӯ ҳамаашро бубахшам, аммо чизпарастиро наметавонам. Дар фронт мо дар як взвод хизмат мекардем. Платон тобистон телпакашро дар борхалта гирифта мегашт. Он вақт кӣ медонист, ки то зимистон зинда мемонад ё не. Вай бошад телпакро эҳтиёт мекард. Ҳоло ҳам доимо кӯшиши ҷамъ кардан мекунад, ҳеҷ не ки сер шавад. Хаёл мекунӣ, ки сад сол умр мебинӣ? Не! Умуман, ту бақувват, булут барин, эҳтимол, ба сад ҳам дароӣ.

Платон. Барои чӣ омадӣ?

Крячко. Панҷ сӯм деҳ. То нафақаро гирифтан.

Платон пул медиҳад.

Агар ҳаққи гапро гӯӣ, аз каси судшаванда пул гирифтан дуруст нест. Хайр майлаш, то суд медиҳам. Писарат куҷо Рафт? Шояд писари маро ҳам ҳамроҳ мегирифт, ҳеҷ ба кор монда наметавонам.

Платон. Чунки дузд аст.

Крячко. Чӣ?

Платон. Дузд аст, писарат!

Крячко. Чӣ хел забонат мегардад!? Вай тайёр аст, ки аз они худашро диҳад, вай куҷову дуздӣ?!.

Платон. Кор намекунад, лекин мехӯрад, яъне дузд аст. Пул кор накардааст, лекин харҷ мекунад.

Крячко. Аз они маро мехӯрад, аз они туро не.

Платон. Вай аз он дузде, ки шабона, пинҳонӣ медуздад, бадтар аст, чунки аз они ту дар рӯзи равшан...

Крячко. Пасмондаи кулакӣ, бубинед, ки дили ӯ ба чизу чораи ман ҳам месӯзад.

Платон. Ҳамааш давлатист, ҳамааш аз они мо, ҳамааш аз они ман ҳам...

Крячко. Ту бо ин суханҳоят пагоҳ на фақат ба як ҷои холӣ, балки ба тамоми роҳ пиёз мешинонӣ. Ман ҳоло барои ин кор ба ту дар суд нишон медиҳам.

Лида. Дар кадом суд? Шумо дар бораи чӣ?

Крячко. Медонӣ, дар назди роҳ (бо даст ишора мекунад) ҷои холии хароб буд. Мо мехостем, ки дар он ҷо лавҳа шинонем. Платон бошад, гирифтасту ба он ҷояки холӣ пиёзу шибит коридааст. Мо ӯро суди рафиқона мекунем, ман айбдоркунандаи ҷамъиятӣ ҳастам. Ман дар он ҷо чунон диламро холӣ кунам, ки... Ба қарибӣ ба хонаат меравӣ, Лида?

Лида. Ҳамин рӯзҳо меравам.

Крячко. Хайр, ман рафтам. Аз чӣ бошад, ки дилам хала мезанад.

Лида. Ман ҳам то магазин қадам мезанам.

Крячко ва Лида мебароянд. Платон танҳо мемонад.

Платон. Мурғак ҳам чунон лона месозад, ки бод наканад, борон зер накунад ва ҳам бачаҳояш гармакак бошанд. Крячко ба ҳамон мурғак ҳам мегуфт, ки бой мешавӣ, пасмондаи кулакӣ! Ба фаҳми ман: инсон ки таваллуд шудӣ – зиндагӣ кун! Лонаатро ҳам бо чашми кордонӣ бисоз, ки на аз борон, на аз бод, на аз хунукӣ тарс дошта бошӣ.

Клоков медарояд, дар дуртар меистад, ба Платон бо муоина менигарад. Бо аппарати суратгирӣ чиққӣ мекунад. Платон хомӯшона кори ӯро назорат мекунад.

Клоков. Ассалом! Агар хато накунам, Шумо, Платон Никитич Ангел ҳастед? Ман Клоков, аз газета. Мана... (Шаҳотатномаашро дароз мекунад).

Платон ҳатто нигоҳ накард.

Мехостам бо Шумо наздиктар шинос шавам. Ба ман аллакай баъзе чизҳо маълум аст. Стажи кор, тахассуси баланд. Писару духтар дар завод. Хуллас, оилаи авлодии коргарӣ.

Платон. Дуруст.

Клоков. Пешакӣ мехостам баъзе лаҳзаҳоро аниқ кунам. Фақат маслиҳат мекунем, ки оддӣ ҷавоб медиҳед, ба гапҳои рӯякӣ, гӯё бо ошнои худатон гуфтугӯ мекарда бошед.

Платон. Майлаш.

Клоков (қафотар меравад, сурат мегирад, пас дафтарчаашро мебарорад, ба навиштан тайёр мешавад). Фаъолияти меҳнатии Шумо аз кай сар шудааст?

Платон. Аз дусолагӣ.

Клоков. Яъне?

Платон. Худам эзорчаамро пӯшидам, баъд барои худам бозичаҳо сохтанро сар кардам, баъд кори хона, баъд мактаб, баъд завод...

Клоков. Дар ҷанг будед?

Платон. Будам.

Клоков. Амали қаҳрамонона, мисолҳо?

Платон. Мисол–ҳамаи ҷанг.

Клоков. Мақсади Шумо дар зиндагӣ?

Платон. Нағз зиндагӣ кардан.

Клоков. Ба фикри Шумо, барои ин чӣ даркор аст?

Платон. Саломатӣ ва пул.

Клоков. Пулашро дурусттар шарҳ диҳед.

Платон. Ё кор карда ёфта, ё дуздидан. Роҳи сеюмаш нест.

Клоков. Ҳангоми дар завод кор кардан чӣ вазифаи ҷамъиятӣ доштед?

Платон. Бо дастгоҳ кор кардан.

Пауза.

Клоков. Ман дар газетаи завод хондам, ки шумо пулро дӯст медоред?

Платон. Дӯст намедорам, аммо ба он бо эҳтиром муносибат мекунам.

Клоков. Дар он шуморо ба монанди фаришта тасвир карда, ба ҷои болҳо пулҳои панҷсӯмаро кашидаанд. Ва навиштаанд: чизпараст – касе ки ҳама чизро ба тарафи худ мекашад.

Платон. Дуруст, чунки ҳама вақт ба тарафи худам мекашам. Чӣ ба тарафи ҳамсоя кашам?

Клоков. Мақсади олии зиндагии шумо?

Платон. Ана ҳамин худаш мақсади олист – одам барин зиндагӣ кардан.

Клоков. Шояд, аввал дар бораи давлат фикр кардан даркор буд.

Платон. Ошно, туро намефаҳмам!

Клоков. Ба воситаи давлат – ба худ, ба шахс?

Платон. Мо ҳамроҳи давлат ҳам нақша мекашем, ҳам бой мешавем. Рост аст, ки ман камтарак дар пеш ҳастам. Чунки ӯ тайёрхӯрҳои бисёр дорад: баъзеҳо тамоман кор намекунанд, баъзеҳо бисёр мелаққанду кам кор мекунанд. Дар давлати ман ин корҳо нест... Чӣ тавре ки пул кор карда бошӣ, ҳамон тавр бихӯр! Чи тавре ки пул кор карда бошӣ, ҳамон тавр бипӯш. Тамом мекунем, ошно.

Клоков. Ин чист, ки метарошед?

Платон. Қошуқ.

Клоков. Биёед, чанд сурат мегирем. Гумон мекунам, ки шумо заводро, дастгоҳи худро зуд-зуд ба хотир меоред? Ин тавр истед, гӯё ки ба фикр рафта бошед.

Платон. Фикрро сурат гирифта намешавад.

Клоков. Набошад, дафтарчаи нафақахӯриатонро гиреду ба он чунон нигоҳ кунед, ки гӯё ба шумо хурсандии бузургеро тӯҳфа карда бошанд. Ва пирии орому бароҳатро.

Платон. Тӯҳфа накардаанд, бо меҳнатам соҳиб шудам. Ва дар ин хурсандию оромӣ нест.

Клоков. Охир ман наметавонам, ки шуморо ҳангоми қошуқ тарошидан сурат гирам, ин чӣ сурат мешавад?

Платон. Ба ту чанд сӯм моҳона медиҳанд?

Клоков. Чӣ буд?

Платон. Ман ба ту ҳамаашро рӯирост мегӯям, ту бошӣ пинҳон мекунӣ.

Клоков. Саду панҷоҳ.

Платон. Кам не. Ба ин қадар пул вақташ расидааст, ки кор фармудани калларо ёд гирӣ. (Ба хона медарояд).

Клоков. Дурушт.

Таня. Ассалом...

Клоков. Салом...

Таня. Бо падарам вохӯрдед. Мувофиқ намеояд? Типи манфӣ-а?

Клоков. Қариб.

Таня (табассум карда). Ман қаҳрамони очерки шумо шуда метавонам?

Клоков (табассум карда). Шавқи хонандаро меорам гуфта фикр мекунӣ?

Таня. Ман гӯё худамро маҳз барои очерки шумо тайёр кардаам. Чӣ, не? Мактабро бо медал тамом кардаму ба завод ба кор рафтам.

Клоков. Баллат нарасид?

Таня. Ҳуҷҷатҳоямро ҳатто ба ҳеҷ ҷо насупоридам.

Клоков. Аҷоиб.

Таня. Ба сех дароед, дар лавҳаи фахрӣ расми маро мебинед, (ба худаш ишора карда).

Клоков. Аҷиб.

Таня. Адабиётро дӯст медорам. Толстой, Достоевский, Ҷек Лондон, Фитсҷералд, Сент–Экзюпери, Распутин, Гончар, Загребелний...

Клоков. Аҷиб...

Таня. Орзу дорам, ки стюардесса шавам, ба замин аз баландии парвози парранда нигарам. Аз он ҷо одамон ба назарам нуқтачаҳо барин менамоянд, ҳатто шумо, мухбир, бо аппарати суратгириатон як мӯрча ва ҳатто кайк барин менамоед.

Клоков (ғазабашро нигоҳ медорад). Аз ҳад бисёр мелаққӣ. Хайр, то дидан.

Таня. Умед дорам, ки дигар вонамехӯрем (аз паси мухбир чанд қадам роҳгардии ӯро тақлид карда рафт).

Пагоҳии барвақт, Платон чун ҳамеша, ким-чӣ месозад. Крячко медарояд.

Крячко. Хобат намебарад? Ман ҳам хоб нарафтаам. Тасаввур мекунӣ, дар тамоми олам одамон хоб рафтаанд, нафақахӯрҳо бошанд бум барин чашмҳояшонро шоҳкоса карда, хоб намераванд. Агар аз як паҳлу ба дигараш гарданд, чунон оҳиста мегарданд, ки дигаронро бедор накунанд. (Баъд аз пауза). Дирӯз ман қариб ҳасад хӯрда будам, ки Павлик ба кор рафту аз они ман бошад бекоргардӣ мекунад. Маълум мешавад, ки ин тавр набудааст. Павлик, маълум мешавад, ки зан гирифтааст ва ту ӯро пеш кардаӣ... Вай занашро овард, ту бошӣ онҳоро аз хона пеш кардӣ. Ман бо бадмасти худам тоқат мекунам, ту бошӣ ҳушёрҳоро аз ҳавлӣ... Писарро аз хона! Ту одами ваҳшӣ! Задаю кӯфта пул ёфтанро, ту, эҳтимол, ба бачаҳоят ёд додӣ, аммо онҳоро ба обрӯю эътибори худат тобеъ кунонда натавонистӣ! Дар масъалаи пул – ту подшоҳӣ, аммо дар роҳбарии фарзандон – ҳунарат нест! Мо падару модарон, ба фарзандони худ он қадар ҳаққу ҳуқуқ дорем, ки подшоҳи англис дорад: худашон шоҳу таъбашон вазир! Ана аз они ман ду сол боз кор намекунад, чӣ аз дастам меояд? Занам гӯям – зӯрам намерасад. Ба гушнагӣ ба худ тобеъ кунонам гӯям – модараш хӯрок медиҳад. Ба ӯ чӣ даркор: курта, шими ҷинс, шишаи шароб ва ӯ баробари подшоҳ аст!

Платон. Агар дар назди фарзандон гапат як бор беэътибор шавад, дафъаи дигар онҳо аз ту намепурсанд ҳам.

Дар остона Лида пайдо мешавад.

Крячко. Меравам. (Меравад).

Лида. Ин ҳамсояи шилқин ба дилатон назадааст.

Платон. Ман ба ӯ, чун ба дарди кӯҳна, одат кардаам. Ӯ туро аз хоб бедор кард.

Лида. Ман агар донам, ки ба ягон ҷо шитоб надорам, сахт хоб меравам.

Платон. Яъне хобро дӯст медорӣ: одам, ки мурғи озод бошад, ба куҷо ҳам шитоб мекунад.

Лида. Кори ман ҳам аз корҳои сабукакак нест.

Платон. Ту ҳоло кор ҳам мекунӣ? Ман ҳатто намедонистам.

Лида. Кор мекунам.

Платон. Чӣ ихтисос дорӣ?

Лида. Ихтисоси ман – зан. Ихтисоси мураккаб.

Платон. Ин таврашро бори аввал мешунавам.

Лида. Шавҳари худро дӯст дошта тавонистан кори он қадар одӣ ва осон нест.

Платон. Канӣ, чи тавре ки як мухбир гуфта буд, мисолҳо биёр.

Лида. Бигирем, ҳатто шумо ва Пётрро. Бо ӯ дар кор ҳар ҳодисае шавад, вай медонад, ки ӯро дар хонааш осудагӣ, роҳат ва меҳрубонӣ интизор аст. Ман одатҳои ӯ, завқи ӯро омӯхтаам. Медонам, ки кадом костюм ба ӯ маъқул аст, кадом куртаашро тайёр кунам, галстук бандам, медонам, ки кадом китобҳо табъи дилаш ҳастанд, ба шом, субҳ чӣ хӯрок хостанашро меёбам. Кадом рангро дӯст медорад, кадомашро тоқат надорад. Вай барои ман курта, туфлӣ интихоб мекунад, ман ризоят медиҳам. Ба ӯ ин кор маъқул аст, ман ҳам дучандон хурсандам. Вай бисёр вақт аз кор дер меояд. Вале ҳар қадаре ки бевақт биёяд, ба ӯ ҳамеша чойи баланди сӯзон, чойи бо тамоми қоидаҳояш дамкарда тайёр аст. Ба ӯ ҷевончаро кушода қанд, нон, равған, мураббо кофтан лозим намеояд. Ман барои ӯ ҳамаашро тайёр карда, ба рӯи миз, болояшро бо дастархони  оҳарӣ пӯшида мемонам. Агар аз кор асабонӣ, маҳзун ва ё пурғазаб баргардад – дар кор ҳар чӣ мешавад, ӯро ором карда тавонистан даркор аст. Дилашро гарм кардан даркор аст. Фикр мекунед, ки ин фалсафаи мешанӣ, тангназарист.

Платон. Фикр карданам мумкин буд.

Лида. Мард агар донад, ки дар ақибгоҳи ӯ, яъне дар хонаи ӯ, ҳамааш хуб аст, ӯ дар кораш ҳам бисёртар кӯшиш мекунад. (табассум карда). Агар ҳамин хел тартиботро ҷорӣ мекарданд, бисёр хуб мешуд. Ҳангоме ки касро ба кор қабул мекунанд, на фақат ба худи ӯ, балки ба занаш ҳам тавсиянома талаб кунанд. Чунки агар зани ӯ бадқаҳр, бекоргард ва бесомон бошад, пас ӯ чӣ коргаре мебошад! Сари ӯ бо як чиз банд мешавад: ӯро дар он ҷо, дар хона чӣ мунтазир аст?

Платон. Лексияи ту, Лида, ба ман маъқул шуд. Қарсак намезанам, аммо саволчаҳо дорам. Аз ин ҳамин тавр мебарояд, ки ба зан кор кардан ҳам даркор не? Бигзор дар ақибгоҳ кӯшиш кунад?

Лида. Маҳз дар ақибгоҳ аст кори зан, кори ҳақиқии ӯ.

Платон. Ба шавҳар ба пул кор кардан барои таъмини оила, ёрӣ додан-чӣ?

Лида. Баъзан ҳаштод сӯм кор кардан се маротиба осонтар аст, нисбат ба он ки субҳ то шом ба кори хона машғул шавӣ. Фақат афсӯс ки на ҳамаи занҳо чунин имконият доранд, ба онҳо лозим меояд, ки ба фронти меҳнат ҳам раванд. (Баъд аз пауза). Крячко дар бораи Павлик медонад?

Платон. Ҳақиқатро пинҳон карда намешавад.

Лида. Шояд Павлик худи пагоҳ баргардад.

Платон. Барнамегардад.

Лида. Шумо аз куҷо медонед?

Платон. Хулқу хӯяшро медонам. Писарам аст.

Пауза.

Лида. Ба кӯл меравам. Оббозӣ мекунам.

Платон. Эҳтиёт шав, он ҷо чуқур аст.

Лида меравад.

(сохтанашро партофт, ба курсӣ нишаст. Акнун маълум аст, ки ӯ хаста шудааст). Фикр карда будам, ки фарзандони ман қобиланд... Павлик бошад... (Курткаро мегирад, боз аз сари нав ба курсӣ меовезад). Ва ё аз назарам дур мондаанд... ва ё ман онҳоро, ҷавонҳоро, намефаҳмам?

Крячко медарояд.

Крячко. Боз ман. Дидам, ки Лида ба кӯл рафт, баргашта омадам. Аммо баргаштанам барои ту нек нест. Павлик ин ҳоло тамоми бадбахтии ту намебошад... Мехостам нагӯям, аммо думи сагро ҳам кам – кам не, якбора ҳамаашро мебурранд. Ман ҳам ҳамин тавр: бигзор ҳамааш якбора шавад, бидон! Гап дар бораи Фёдори ту... Ман аввал бовар накардам. Меҳнаткаш, ҷиддӣ, боандеша, бадмаст не. Боз дар чунон оилае, монанди аз они ту... Умуман, кӯтоҳ мекунам, Платон, духтурзанаки участкаамонро медонӣ? Шавҳараш рангмол, хонаҳоро ранг мекунад, сафед мекунад. Медонӣ ё не?

Платон. Медонам.

Крячко. Медониста бошӣ, Федяи ту аз қафои духтурзан кашола шуда мегардад. Рангмол-чӣ? Ранг мекунад, сафед мекунад, ба ӯ аз куҷо маълум аст, ки зани содиқи ӯ дигареро бо неъмати биҳишт зиёфат мекунад. Федя ӯро гоҳ пинҳонӣ бо мошин оварда мемонад, гоҳ бо паскӯчаҳои беодаму ториктар гусел мекунад, мардум бошанд, ҳамаашро мебинанд, ба хотир нигоҳ медоранд. Хулласи калом, ба ғайр аз тую рангмол, қариб ҳама дар бораи ин ҷуфти ошиқу маъшуқ медонанд. Дар оилаи ту ин гуна шармандагии ахлоқӣ аз куҷо пайдо мешавад, кас намедонад. Умуман, маҳкам бош, Платон! Ягон чӣ шавад, ман ҳамеша бо ту! (Меравад).

Платон чанде хомӯш мешинад, баъд қошуқро мегирад ва ба тарошидан сар мекунад. Фёдор медарояд.

Фёдор (пиҷҷакашро мекашад). Кори хандаовар – нонфурорӣ, гӯё кори осон аст, аммо малака ҳосил кардан мушкил.

Платон. Ба завод дер намемонӣ?

Фёдор. Албатта, не, дуруст аст, ки акнун каме барвақттар рафтанам лозим. Як бачаякро ба шогирдӣ гирифтаам.

Платон. Ба мураббигӣ нависонданд?

Фёдор. Худам, ихтиёрӣ гирифтам. Ба завод харротони асбобсоз чунон заруранд, ки!

Платон. Бачаи бофаҳм?

Фёдор. Мушоҳида мекунам, гӯё ки ёд мегирад.

Платон. Аз чӣ бошад, гумон мекунанд, барои мусиқӣ истеъдод, барои суруд гӯши мусиқишинос зарур аст, аммо ҳар кас гӯё ки усто шуда метавониста бошад... Ҳушёр бош, одамро омӯхтан ҳаккокӣ кардан, харротӣ кардан нест.

Фёдор. Мефаҳмам. (Мехоҳад аз хона равад).

Платон. Биист, Фёдор. (Каме хомӯш монд, ба писар нигоҳи вазнине кард). Рост мегӯянд, ки ту бо духтурзанак... (калима ҷуста) қилиқ–пилиқ дорӣ?

Фёдор ба падар нигарист.

Ӯ фаҳмид, ки ин сухан ба писар таҳқиромез расид.

Инро ба таври худат, ҳар чи хоҳӣ, гуфтан гир.

Фёдор хомӯш аст.

Чаро ту худрову падарро шарманда мекунӣ? Бо зани шавҳардор... Оилаи моро хандасор мекунӣ, ба таги гапу гапча мемононӣ... Чӣ хомӯш ҳастӣ, забонатро фурӯ бурдӣ?

Фёдор. Ман Клаваро дӯст медорам!

Платон. Ба ту духтаракон каманд?

Фёдор. Ман Клаваро дӯст медорам.

Платон (базӯр худро нигоҳ медорад). Дӯст медорӣ?.. Муҳаббатро ба паскӯчаҳо намебаранд, пинҳон намекунанд! Муҳаббатро намедузданд, Фёдор!

Фёдор. Мо бо Клава ҳоло намедонем...

Платон. Дар байни роҳ мондед? На ба он тараф, на ба ин тараф рафтанатонро намедонед? Агар муҳаббататон ҳамин тавр бошад, зиндагӣ аз болои он гузашта, онро маҷақ карда мепартояд!

Фёдор. Мо бо Клава фикр мекунем, ҳал мекунем...

Платон. Дар ҳама кор, ҳам дар калон ва ҳам дар хурд маслиҳатгари ягона ҳақиқат аст! Мешунавӣ, ҳақиқат!

Фёдор. Ҳа. Ҳақиқатро гуфтан даркор аст. Аммо онро чӣ тавр бояд кард?

Торик мешавад, шом. Платон ким-чӣ месозад. Рангмол медарояд.

Рангмол. Салом, Платон Никитич. Дар кору ташвиш ҳастед? Дуруст, охир ягон илоҷ карда вақтро гузарондан даркор аст. Нафақа ба одам дар аъроф будан барин аст: дар пеш ё ҷаннат, ё дӯзах. Сеюмаш нест. Меҳнат кунед, худо саломатиатона диҳад. Чаро аҳли хонаводаатон наменамоянд.

Платон. Арӯс модараш ва Таняро ба консерт бурд. Ҷопониҳоро гӯш мекунанд. Мегӯянд, ки хуб месароянд. Фёдор ҳамин замон меояд.

Рангмол. Сароянд, сароидан гиранд, мо кори худамонро дорем. Медонед, вақте ки шумо телефон кардед, ман ҳатто бовар накардам...

Платон. Барои чӣ?

Рангмол. Сабабаш маълум: шумо ба кисаи худ андохтани пулро дӯст медоред, бароварданашро бошад... (Ишора) ба ин кор харҷ кардан рост меояд. Хонаро сафед кардан, ранг кардан даркор аст?

Платон. Бале.

Рангмол. Ман мегӯям, шумо мулоҳиза кунед, агар ба таври расмӣ шарт кунед, сафед кардан як моҳ ва ҳатто ду моҳ ҳам дароз мекашад. Агар одамвор шарт кунем, ду-се рӯз, бо нишонаи сифат тамоми кор, вассалом! Ана ҳамин қиссаву вассалом!

Платон. Ту дар як вақт ба кори худ ва ба ин кор расидагӣ карда метавонӣ.

Рангмол. Пул аз шумо, кор аз мо. Ҳар кас на фақат нон, балки нони равғандор мехоҳад.

Платон. Дуздӣ мекунӣ?

Рангмол. Илоҷ меҷӯям! Ба одам лозим меояд, ки дар ҷустуҷӯи нони равғандор бо пайраҳаҳои чигилу торик равад, Платон Никитич. Ман оила дорам: занам – духтур. Ба ман пул бисёр ҳам даркор аст.

Платон. Занат ҳам пул кор мекунад?

Рангмол. Пул кор намекунад, моҳона мегирад. Пул кор кардан, ман чунин меҳисобам, ки ин пули ба болои моҳона меёфтагӣ аст. Вай бечораяк, хона ба хона мегардад, ба одамон хизмат мекунад, ҳар гуна касалиҳои одамонро меҷӯяд, вале фоидаи ҳамаи ин ҳеҷ аст... Одати ман ин аст, ки моҳонаамро то тини охиринаш ба оила меорам, пули корҳои иловагӣ аз они ман аст.

Платон. Пули иловагиатро ба куҷо сарф мекунӣ?

Рангмол. Шумо аллакай дар он синну соле ҳастед, ки фаҳмондани ин ба шумо дуру дароз мешавад. Ба мақсад наздикаш – ширинкома! Баъд суҳбат, қоидаи одами коргар ҳамин хел аст.

Платон. Хуб (Шиша ва ким-чӣ хел газакро мебарорад). Ту чаро аз завод рафтӣ?

Рангмол. Чуқураке ёфтам. (Ба ҷом мерезад). Агар шумо моҳигир мешудед, медонистед: моҳию чуқур, одаму ҳузур гуфтаанд. Барои чӣ моҳию чуқур? Дар он ҷо хӯрокӣ ҷамъ мешавад. Ман ба шумо рӯирост гап мезанам, чунки шумо ба ман қариб падархонд ҳастед. Ёд доред, дар бачагиям маро бачаҳо мезаданду шумо халос карда будед? (Ба шиша ишора карда). Боз камтаракак.

Платон ба ҷом мерезад.

Ба худатон.

Платон. Наметавонам.

Рангмол. Маҷбур намекунам. Арақ доруст: аз бедимоғӣ, аз ғам, аз хушбахтӣ, аз бекорӣ, аз хастагӣ, аз муҳаббат, аз рашк доруи ягонаи ҳамаи дардҳо. (Менӯшад). Фақат ба он одат кардан даркор аст. (Як ҷоми дигар рехта нӯшид). Мегӯед, ки медуздӣ? Ҳама медузданд. Касе ки имкон дорад, касе ки метавонад, касе ки ҷои дуздиданӣ дорад, медуздад. Бо онҳо мубориза мекунанд, онҳо бошанд дуздидан мегиранд... Яке дуздад ба ӯ танбеҳ медиҳанд. Дигареро аз кор пеш мекунанд, сеюмиро ба ҳабсхона... Вале ба даст намефаромадагиҳояшон чӣ қадар? Платон Никитич, онҳо ҳазор–ҳазорастанд! Ман маҳз аз онҳое ҳастам, ки гӯё медузданду боз гӯё ки намедузданд. Дар байни ҳар ду... Барои ман моддаи қонун нест.

Платон (касеро дида). Хайр, газакро баъд мехӯрӣ, рав хонаро чен кун, аз назар гузарон, ки чӣ қадар будани корашро донӣ.

Рангмол. Ба ман чен кардан чӣ даркор... Як назар бинам кор тамом. (Ба хона меравад).

Клава медарояд, зани зебои тақрибан сисола.

Клава. Каме дер мондам.

Платон. Мебахшед, ки шуморо дар рӯзи истироҳат ҷеғ задам.

Клава. Бемориҳо истироҳат надоранд, духтурҳо ҳам. Дилатон эҳтимол, каме дард мекунад?

Платон. Ҳар чизе ки бошад, ба дил мешинад, Клава.

Клава. Биёед, ба хона дароем, ман шуморо гӯш мекунам.

Платон. Дар ин ҷо ҳам мешавад.

Клава (ҷомадончаро мекушояд). Фишори хунро чен мекунем.

Платон. Заҳмат накаш, Клава.

Клава. Албатта, даркор аст.

Платон. Бе ин ҳам мешавад.

Клава. Шумо ба тиб эътимод надоред.

Платон. Одам бе духтур ҳам медонад, ки чӣ ба чӣ кор меояд.

Клава. Пас шумо маро барои чӣ ҷеғ задед? Ба чойнӯшӣ?

Платон. Чойнӯшӣ ҳам кардан мумкин аст.

Рангмол аз хона мебарояд.

Рангмол (занашро дида). Клава, Клаваҷон, Клаваякам, барои ман омадӣ?

Клава. Ба назди бемор.

Рангмол. Кӣ бемор? Платон Никитич? Э вай дар асри бисту як ҳам ба пур кардани дафтарчаи пулмонии худ машғул мешавад.

Платон. Агар зинда расам – машғул мешавам.

Рангмол. Ту дар вақташ омадӣ. Акнун мефаҳмӣ, ки чаро ман баъзан ба хона аз худ бехуд шуда меоям. Ман магар нӯшидан мехостам? Дар хаёлам ҳам набуд! Платон Никитич бошад, шишаро баровард. Мебинӣ? (ишора). Бишин, Клаваҷон, бо мо.

Клава (Ба Платон). Маълум мешавад, ки ман ба шумо даркор нестам.

Платон. Даркор. Бишинед, ман шуморо бо чой зиёфат мекунам. Чой бо мураббои тути фарангӣ.

Клава. Духтурро ҷеғ задед, ки бо мураббои тути фарангӣ зиёфат кунед?

Платон. Чаро не? (Ба хона медарояд).

Рангмол. Мебинӣ, ман чӣ хел рад карда метавонистам, ӯ маро барои маслиҳати шарти кор даъват карду ҷомҳоро ба рӯи миз гузошт.

Клава. Нӯш, нӯш... Дуюмашро ҳам, сеюмашро ҳам, чорумашро ҳам.

Рангмол. Ту маро ҷанг мекунӣ, ман бошам туро дӯст медорам. Медонӣ барои чӣ? Ту зебоӣ! Ман охир рассоми асил ҳастам, ҳарчанд ки рангуборчӣ шудаам. Аммо истеъдод дар ман зинда аст... то ҳол маро қаду қоматаки ту, лабакони ту ба изтироб меандозанд.

Клава. Сафсатта нагӯ.

Рангмол. Боз офарин ба ману ту, Клаваҷон: якдигарамонро мехоему мехоем, аммо гӯшту нохун барин ҳастем, моро ҷудо карда намешавад.

Ҷомро пур кард. Платон самоворро баровард.

Платон. Чой менӯшед, ташаккур, ки даромадӣ, Клаваҷон, ман ҳозир пиёлаҳоро...

Клава. Биёед, ман ёрӣ кунам.

Платон. Пиёлаҳо дар ошхона.

Клава ба хона даромад.

Рангмол. Зани ман ҳаққонӣ зебост?

Платон. Меҳрубонона зиндагӣ мекунед?

Рангмол. Беҷанҷол не, лекин бад ҳам не... Вай ба бисёр чизҳо аз ман миннатдор аст. Вақте ки ман ӯро гирифтам гунҷишкаки парканда буд, хонондам. Институтро тамом кард, духтур... Осон набуд...

Клава асбоби чойнӯширо оварда, ба рӯи миз гузошт. Фёдор даромад. Меҳмонҳоро дид, як лаҳза дасту по гум кард.

Фёдор. Ассалом...

Рангмол. Ана, як каси ҳамқадаҳ пайдо шуд. Бо шиша якка ба якка буданро дӯст намедорам.

Платон. Назди мо биё, Фёдор.

Фёдор паси миз менишинад.

Рангмол (ба Фёдор шароб рехта). Бигир, бинӯш, ҳоло зандор нестӣ... Зан, ки гирифтӣ, дар паҳлуят ҳамон лаҳза милитсионери юбкапӯш пайдо мешавад. Гуфтагӣ барин, шинос шав, ин Клава. Эҳтимол ӯро шиносӣ? Духтур. Зани ман. (Клаваро мебӯсад). Мо якдигарро дӯст медорем. Ман ӯро, ӯ маро. Барои ӯ менӯшем.

Клава. Кифоя аст, ба ту.

Рангмол. Ман, Клаваҷон, ба ту мегӯям, ки дигар наменӯшам. Ҳоло ба ҳавлӣ даромада духтарчаамонро мегирему ҳамаамон ба боғ меравем... Ман шуморо ба чархи фалак савор мекунам. Хурсанд кардани оилаамро дӯст медорам. Имрӯз корамон омад кард: омадам, маслиҳат пухт, нӯшидем, ана ба болояш ҳамсарам омад. Ин қиссаву вассалом. Биёед, боз яктоӣ нӯшем. (Шишаро мегирад, мерезад).

Платон (шишаро мегирад). Вақташ мерасад. Ҳоло гапзанон кунед... Шумо гапҳои мегуфтагӣ доред.

Пауза. Фёдор ва Клава ишораи Платонро фаҳмиданд.

Рангмол. Зирак ҳастӣ ту, Платон Никитич, дар ҳавлиат театр барпо кардӣ, қиссаҳои аҷоиб шуниданат омад. Ана ман яктоашро гӯям: ин воқеа дар Идораи сохтмону лоиҳакашии рақами 3 рӯй дода буд. Як ҷавон мефаҳмад, ки рафиқаш ба зани ӯ, чунонки мегӯянд,  ҳавас дорад ва он зан ҳам ҷавобан... Ҷавон чӣ кор мекунад? Ба занаш ба БАМ (Сохтмони роҳи оҳани Байкалу Амур) билет мехарад ва мегӯяд: бирав, дар он ҷо каме хунук мешавӣ, ақлат ба сар меояд, баъди як сол бармегардӣ, пеши ман ба зону меафтӣ, ман баъд фикр мекунам, ки туро бубахшам ё не. Давомаш чӣ хел шуд, ҳеҷ намеёбед. Занаш билетро гирифтаасту рафтааст. Давомаш... боз ҳам аҷоибтар! Ошиқаки вай ҳам ба БАМ рафтааст. Ва ниҳояташ умбулаки данг! Шавҳар ҳам ҳамаро партофта аз паси онҳо... Дар он ҷо, дар ҷангал, дар байни он се нафар чӣ ҳодисае мешавад, хирсҳои ҷангалӣ медонанду бас. Ана барои шумо як қиссаву вассалом. Маъқул шуд?

Платон. Маъқул шуд.

Рангмол. Акнун аз кор гап мезанем! Сесад сӯми шақарросӣ... Панҷ рӯз... Ман медонам, ки шумо кундфаҳм ҳастед. Пагоҳ як сари қадам медароям, ҳа ё неятонро мегӯед. Рафтем, Клаваҷон.

Платон. Шояд боз ягон кас қиссаи вассаломдор дошта бошад?

Рангмол. Шишаро ба болои миз бимонед – ин гуна қиссаҳои ман то саҳар мерасанд. (Чомро пур мекунад). Бинӯш, Клаваҷон, барои рӯҳбаландӣ, Клаваҷон, қаҳр кунӣ ҳам, маро дӯст дор. (Ӯро мебӯсад).

Пауза

Клава. Ман Фёдорро дӯст медорам.

Рангмол. Ман ҳам Фёдорро дӯст медорам, ҷавони хуб. (Мехост нӯшад, аммо ҷомро дар ҷояш гузошт). Клаваҷон шӯхӣ мекунад, аломати нек аст.

Клава. Ман шӯхӣ намекунам. Фёдор ба ман каси бисёр азиз аст. Ман то ҳол фикр мекардам, ки инро ба ту чӣ тавр гӯям. Акнун ту медонӣ.

Рангмол. Ин чӣ театр аст? Ин чӣ мазҳака? Каси мастро мазоҳу масхара карданӣ шудед? Ман аз ҳамаатон ҳушёртар ҳастам! Ман менӯшам, барои он ки мехоҳам, барои он ки дилам мехоҳад!.. Ман зиндагӣ мекунам!.. Имрӯз зиндагӣ мекунам... Имрӯз менӯшам!.. Фардо касе намедонад, ки он чӣ хел мешавад. Фардо худаш чист? Фардо нашуданаш ҳам мумкин аст. Якто бомбача... мезанад, ки ба ту на Фёдор, на миз, на ман, на Клава ва ҳатто на Платон Никитич мемонад, ана ҳамин тавр... Тӯдачаи хокистар мемонаду тамом. Ва дар дунё ҳеҷ кас намемонад. На амёба ва на президент!

Клава. Ту фаҳмидӣ, ки ман ба ту чӣ гуфтам? Ман Фёдорро дӯст медорам...

Пауза

Рангмол (бо овози ҳушёри бадхоҳона). Аз ман дил кандӣ, Клава, Клаваҷон, мӯрчаяки ман... Ҳаҳ–ҳаҳ... Барои чӣ, мӯрчаяки ман, дил кандӣ?

Клава. Ту девона ҳастӣ! Ман рӯз то рӯз дар ҳавлӣ тоқати дидани рӯи туро надорам.

Рангмол. Задам? Пучидам? Газидам?

Клава. Ором мешинӣ ва ё ҷанҷол мекунӣ фарқ надорад, маст, ки ҳастӣ, девона ҳастӣ. Мастиатро бад дидам, баъд нафрин мекардагӣ шудам.

Рангмол (бархост, наздик омад, пас рафт, гӯё аз дур ба Клава нигаристанӣ буд). Як вақтҳо ин девона ба ту пӯстинчаи сурхи чармӣ харида буд, ту онро пӯшидӣ ва барои он ки худатро дар оина бинӣ, ба болои курсӣ баромадӣ... Маъқул шуд, дӯст доштӣ, рост аз болои курсӣ ба гардани ман овезон шудӣ. Қариб буғӣ карда будӣ, якзайл бӯсакунон мегуфтӣ: «Азизакам, меҳрубонакам, меҳнатдӯстакам, ташаккур!»... Ёд дорӣ...

Клава. Дар курси якум. Ҳаштуми март...

Рангмол. Вақте ки ба ман хона доданд ва ман онро бо ранги қаҳрабо ва кабуди осмонӣ ранг кардам... Дастонамро мебӯсидӣ. Мӯрчаякам ҳамин тавр буд?

Клава. Буд.

Рангмол. Фёдор, ба чашмони ман нигоҳ кун. Ту дар онҳо чиро мебинӣ?

Фёдор. Саққоҳои давида баромадагӣ!

Рангмол. Клава бошад дар онҳо кӯлҳоро дида буд ва дар он кӯлҳо шарораҳои офтобро... Ӯ инро гуфта буд, хотираи ман мустаҳкам аст. Ва орзу мекард, ки духтарамон ба ман монанд бошад. Ҳамин тавр ҳам шуд – монанд, махсусан, чашмонаш. Акнун Фёдор азизу меҳрубон аст, акнун ӯ кӯлҳо дораду дар онҳо шарораҳои офтоб ҳастанд... Акнун орзу мекунем, ки бачаҳо ба ӯ монанд бошанд... ҳа... ҳа... (хандаи бадқаҳрона).

Фёдор тоқат накарда бархест, назди Рангмол омад.

Платон. Биншин, Фёдор!

Клава. Дӯст медоштам. Ҳамин тавр буд. Баъд ту ба куштани ишқи мо сар кардӣ. Нобуд мекардию нобуд мекардӣ... Ман онро табобат мекардам, наҷот медодам, шабҳо ба сари он мегиристам, вай бошад заиф мешуду заиф. Ва охир бимурд.

Рангмол. Ту ӯро дар куҷо гӯрондӣ? Ба сари гӯракаш равам, бинам, ба ёдаш орам, нӯшам, гирдашро таворача гирифта ҳайкалчае монам.

Клава. Ишқро – дар куҷо, ки зода мешавад, дар он ҷо мегӯронанд. Дар дил.

Рангмол. Воҳ, ту шоир-ку? Ман ҳатто намедонистам. Ё эҳтимол фоҳишаю бас? (Ва тамоман бо овози дигар). Вақти хонаравӣ шуд! Духтарамон худаш танҳо, метарсад.

Клава (бархоста). Вақт шуд.

Рангмол аз паси Клава зуд рафтанӣ шуд, аммо Фёдор пеши роҳи ӯро гирифт.

Фёдор. Эҳтиёт бош! Ба Клава нӯги дастатро нарасон! Агар дар байни мо на як ту, садто ту барин рангмол бошад ҳам – ҳамаро несту нобуд карда мепартоям. Клаваро дӯст медорам... Ӯ насиби ман аст! (Мебарояд).

Рангмол (аз ғазаб қариб нафастанг шуда буд. Хомӯш буд, баъд бо нафрини рӯйрост ба Платон гуфт). Ана, шумо чӣ хел дилхушӣ мекардаед, Платон Никитич. Театр дар хона? Ман бошам рост фикр кардаам, ки дар ҳақиқат хонаи шуморо таъмир кардан даркор аст, мӯйсафед ширинкома тайёр кардааст, гуфтаам... Гапи занамро шунидӣ, акнун гапи маро гӯш кун! Ҳамаи он сафсаттаеро, ки дар ин ҷо Клава, Клаваҷон, гулаку булбулаки ман гуфт, ман ҳамаашро ҷамъ кардам, ҳамаашро! То охирин суханҳояшро ҷамъ кардам ва ҳамаашро ба ӯ баргардонда ба хекиртакаш меандозам, ки дигар ягон бор хоҳиши онҳоро берун овардан накунад! Ман инро мекунам! Чунки ин кори оилавии мост! Агар шумо одамони хушахлоқ – Ангелҳо лонаи маро вайрон карданӣ бошед, ман пару боли шуморо бо оташ месӯзонам! Дӯст медорад – намедорад, ин кори касе нест. Ман оила дорам, духтар дорам! Ба Фёдори худатон аз ман гӯед: ман бо ӯ занозанӣ намекунам, ӯ аз ман зӯртар аст. Занозанӣ намекунам, аммо ба куштан – мекушам! (Заҳрханда карда). Ана ба шумо қиссаву вассалом! Кӣ онро ҳикоя кард? Ман? Федя? Клава? Не! Ту онро хомӯшона ҳикоя кардӣ. Қобили пир! Ту!.. (Писханд зада). Ин қиссаву вассалом.

Парда