4

Ҳамин ки дар аз паси онҳо пӯшида шуд, соҳибхоназан ба тарафи остона давид.

– Вой, худоҷоне! Вай ӯро куҷо бурд? Вой, барои чӣ? Вой, худоҷоне!

– Қафо гардед! – базӯр бо овози гирифта гуфт Сотников ва аз курсӣ нахеста, пояшро дароз карда, роҳи дарро баст.

Зан тарсида истод. Вай ба садоҳои берун бодиққат гӯш дода, гоҳ мегиристу гоҳ хомӯш мешуд. Сотников ба маънои гуфтугӯе, ки каме пештар дар ин ҷо воқеъ шуд, дуруст сарфаҳм нарафта бошад ҳам, чизе ки шуури аз табларза тираи ӯ дарк карда буд, имкон намедод фикр кунад, ки Рибак, эҳтимол, аминро паронад.

Вале вақт мегузашту садои тир намебаромад. Зан бо гӯшаи рӯймол даҳанашро руст карда, якзайл оҳу нола мекард. Сотников дар курсӣ нишаста ӯро посбонӣ мекард, ки ба рӯи ҳавлӣ давида набарояд ва фарёд назанад. Вай худро бад ҳис мекард. Сулфа ба ҷонаш мерасонд, сараш сахт дард мекард, дар назди бухории гарм вайро гоҳ таб мегирифту гоҳ аз хунукӣ меларзид.

– Писарҷон, мон охир, ман бароям! Мон якборакак бинам, ки онҳо дар он ҷо...

– Ҳоҷати дидан нест.

Зан дар нимторикии кулба кӯр–кӯрона шитобон пасу пеш қадам мезад ва беист навҳагарӣ мекард, ки шояд раҳми ӯро биёрад ва ба тарафи дар роҳ ёбад. Вале мурод ҳеҷ ҳосил намешуд, вай ба ин таваллову зорӣ сар намефуровард. Сотников нағз дар хотир дошт, ки чӣ хел тобистони гузашта ба ҳамин хел як зан аз ҳад зиёд зуд бовар карда, қариб аз ҳаёташ маҳрум шуда буд. Ва ӯ ҳам дар назар ҳамин хел оддиякак, чеҳрааш хушнамо, дар сар саргираки сафед дошт.

Вай аз чакалакзор баромадан замон ӯро дар майдони ҳаёта, дар байни баргу пояҳои лаблабу дида монд ва фикр кард, ки ана, хуб шуд! Ин зан ба ӯ чӣ хел ба ҳамон як пайроҳа баромаданро нишон медиҳад, ки он аз ин деҳа сар мешавад ва фақат ҳамонро ёфта, ба воситаи он, чунонки дишаб ба вай гуфта буданд, аз ботлоқи Черние Вигори гузаштан мумкин аст.

Вай аз буттазори тар берун шуда, қад-қади роҳи бангдонаи баланд ба назари ҳеҷ кас нанамуда, ба зан, ки дар байни ҷӯяҳо бодиққат ҷунбуҷӯл мекард, наздик омад. Нимкуртаи сиёҳчатоби қаткарда, соқҳои сафеди офтобхӯрда ва ким-чӣ хел нимтанаи кӯҳнаи китфаш дарбеҳи ӯ то ҳол дар пеши чашмаш менамоянд. Зан, ки пояҳои бангдонаро мешикаст, ӯро ба зудӣ надид. Вай ботамкин салом дод. Ва зан аҷибаш ин ки натарсид, фақат ба ӯ бодққат нигоҳ мекард ва ба ҳамин як хоҳиши оддии вай гӯш дода, онро гӯё намефаҳмид.

Баъд ӯ ҳамаашро хеле хуб – чӣ хел ба пайроҳа баромада, рахти хиштро гузаштан ва то ин ки ба ботлоқ даромада намонад, анбӯҳи дарахтони сӯзанбаргро аз кадом тарафи дасташ қафо гузоштанро фаҳмонида дод. Вай миннатдорӣ карда, акнун рафтан мехост, вале ӯ ҳамин вақт рӯяшро гардонида, гуфт: «Сабр кун, ту, эҳтимол гурусна бошӣ» – ва саросемавор пояҳоро ба домонаш бардошта, ӯро аз рӯи марза ба сӯи ҳавлӣ бурд. Чӣ ба вай зарур омада буд, ки розӣ шавад! Вале ӯ дар айни ҳол чун гурги баҳорон аз гуруснагӣ ба ҷон расида буд ва аз паси зан мутеона рафта, аз наҳории бақуввати деҳотиён пешакӣ лаззат мебурд ва хурсандӣ мекард.

Вай ҳам ҳангоми рафтанашон бо ӯ ҳамин тавр бо меҳрубонӣ «писарҷон» гуфта, муроҷиат мекард ва ҳатто ёд дорад, ки як-ду бор ӯро «бачаякам» гуфта буд, вай ҳозира барин ришаш расидагӣ, чип–чиркин, то зону аз шабнам тар ва як намуди ҳузнангез дошт. Ӯ на инҷоиҳо барин гуфтугӯ карда ва на мансубияти аёни ҳарбии худро пинҳон дошта метавонист – кӣ ва аз куҷо будани вай дарҳол маълум шуда меистод. Ӯ он вақт ягон хел яроқ надошт – фақат як рӯз пештар бо мӯъҷизае аз мурдан халос шуда буд ва ҳол он ки барои наҷот ёфтан як зарра ҳам умедаш намонда буд...

Аминзан то ҳол ором шуда наметавонист, худро ба ин тарафу он тарафи кулба андохта, мегирист.

– Писарҷон, охир, ин чӣ хел мешавад? Вай ӯро мепаронад!

– Дар ин бора пештар фикр кардан лозим буд, – ба оҳанги сард гуфт Сотников ва кӯшиш кард, ки ба садоҳои аз ҳавлӣ мерасида гӯш диҳад.

– Бачаҷон, ман магар нагуфтам, ман магар кам хоҳиш кардам?! Чӣ рӯзи сахтест, ки ба ин кор даст зад! Ҷавонтарҳо буданд. Вале одамони нағз худашон намехостанд, аз бадон мардум метарсиданд.

– Магар аз ӯ наметарсиданд?

– Аз Пётр? Э, ӯро охир дар ин ҷо ҳама медонанд, мо дар ин ҷо як умр зиндагӣ мекунем, ними деҳа хешовандони мо. Вай кӯшиш мекунад, ки бо ҳама ба нағзӣ кор кунад.

– Бисёр ҳам ба нағзӣ-дия!

– Шояд доимо ин тавр ҳам набошад. Шояд гапи ту рост бошад, писарам, ба ҳама нағзӣ карда намешавад. Ӯро ҳам маҷбур мекунанд: гоҳ нон деҳ, гоҳ пӯшок ҷамъ кун, гоҳ фармон медиҳанд, ки мардумро бароварда барфи кӯчаро тоза кунонад. Вай бошад, аз куҷо меёбад –  мардумро маҷбур кардан даркор, чӣ тавр, худиҳоро тороҷ мекунӣ.

– Шумо чӣ хаёл доштед? Барои ҳамин ҳам истилогаранд, ки тороҷ кунанд.

– Тороҷ мекунанд. Охир чӣ гап ин? Худо тороҷашон кунад! Мошинсавор омаданду хукҳоро бурданд. Аз мо гӯсолаамонро гирифтанд. Мегӯянд, ки писаратон дар Армияи Сурх аст, ин барои гуноҳатонро сабук кардан дар назди Германия. Илоҳо, дар оташ сӯхта хокистар шавад, ҳамон Германияи онҳо!

«Лаънат кардан гир, ман сода нестам, ки ба ту бовар кунам», – хоболудона фикр мекард Сотников пои дарозкардаашро накашида. Дар хотир дошт, ки он зан ҳам ҳангоми ба рӯи миз хӯрданӣ гузоштану нон пора кардан, дар бораи Германия ким-чиҳое гуфта буд. Зан барои равған ва аз кӯза шир гирифтан якчанд бор ба даҳлез даробаро кард, ӯ бошад, дар курсии назди миз аблаҳ барин нишаста, оби даҳонашро фурӯ бурда, мунтазири меҳмондорӣ буд. Дуруст аст, ба гӯши ӯ як бор чунин расид, ки дар даҳлез касе оҳиста, гӯё ба пурсише ҷавоб дод ва пас пичр–пичири кӯтоҳе ба гӯш омад, вале ӯ ҳамон замон овози бача будани онро фаҳмид ва ором шуд. Соҳибхоназан ҳам ба кулба оромона баргашт ва чун пештара навозишкор буд, ба ӯ як дӯлча шир рехта дод, равған пора кард ва ӯ дар хотир дорад, ки ин меҳрубонии вай ӯро қариб ба риққат оварда буд. Сипас ӯ нонро бо равған ҳарисона хӯрда, аз болояш шир менӯшид ва ҳамин тавр агар як ҳароси беихтиёр, ки сабабш маълум ҳам набуд, ӯро барои нигаристан ба тирезаи гулпӯш водор намекард, эҳтимол барои дупула кор нобуд шуда мерафт. Нигаристу худашро гум карда, шах шуда монд: аз кӯча ду каси милтиқдор, ки дар дасташон бандина сафедӣ мекард, тез-тез қадам монда меомаданд ва аз паҳлуяшон бошад, чизеро фаҳмонида, духтарчаи тақрибан ҳаштсола медавид.

Афсӯс ки он вақт забонаш лол шуда ӯ ба он холаи навозишкор чизе гуфта натавонист, – вай фақат ӯро аз пеши дар тела дода, худро девонавор ба майдони ҳаёта зад ва аз девор ҷаҳида ба чарогоҳ гузашт ва аз он ба ҷӯйбор фуромада гурехт. Аз қафо мепаронданд, дод мезаданд, ҳақорат мекарданд. Сипас, аз афташ, ӯ дар ҷӯйча аз байни овозҳои дигар садои чирроси он занро, ки ба пештарааш ҳеҷ монанд набуд, шунид – вай ба полисҳо дар кадом буттазор пинҳон шудани ӯро нишон медод.

– Акнун ана инаш – «писаракам», «бачаякам»... аминзан аз рӯи ҳавлӣ ҳеҷ чизи даҳшатнокро нашунида, андак ором гирифт ва дар рӯбарӯи вай ба нӯги харак нишаст.

– Бачаякам, охир ин гап дуруст нест, ки вай бо ихтиёри худ... Вайро мардакони ин ҷо хоҳиш карданд. Вай он қадар намехост, ки! Болокорӣ ҳамон вақт аз район коғаз омад – аминҳоро ба маҷлис даъват мекарданд. Дар мо, дар Лясини бошад ҳанӯз ҳам ягон амин набуд. Баъд мардакҳо гуфтанд: «Ту рав, Петро, ту дар асорат будӣ». Росташ, ки вай дар он ҷанги Николай ду сол дар асорат буда, дар дасти немис кор кардааст. «Ҳамин тавр, – гуфтанд онҳо – хулқу атвори онҳо ба ту шинос, Як-ду моҳ то бозгашти одамони мо тоқат кун. Набошад, Будиларо мемонанд – аз бало халос намешавем». Будила ҳам аз ҳамин ҷо, аз Лясини, одам не – даҳшат. То ҷанг ким-чӣ хел сардор шуда кор мекард, деҳаҳоро савора давр зада мегашт – ҳамон вақт мардакҳо аз ӯ метарсиданд. Акнун ӯ полис шудааст. Хук, ки ҳаст, ифлосӣ мекобад.

– Аҷалаш мерасад.

– Кошкӣ, хас кам ҷаҳон пок... Ҳамин хел, ин Петро, ин ҳафтафаҳмро розӣ кунонданду ӯ ба шаҳрча рафт. Ба бади худаш, ба бадбахтии худаш рафт. Ҳоло магар вай нӯкари немис шудан мехоҳад? Ҳар рӯзи худо таҳдид мекунанд, дод мезананд, боз таппончаро ба пешонааш мемонанд, гоҳ арақ талаб мекунанду гоҳ боз ягон чизи дигар. Вай чунон ғусса мехӯрад, ки худо нишон надиҳад.

Сотников дар назди бухорӣ гарм шуда менишаст ва сию ду рагашро таранг карда, мекӯшид, ки хобаш набарад. Дуруст аст, ки барои мубориза бо хоб ба ӯ сулфааш, ки лаҳзае мемонду боз чунон мегирифт, ки аз он мағзи сараш хала зада мерафт, ёрӣ мерасонд. Гапҳои аминзан ба гӯши вай шунавам–нашунавам медаромаданд, вай барои шикоятҳои ӯро амиқ фаҳмидан рағбат надошт. Вай ба шахсе ки ба хизмати немисҳо розӣ шудааст ва он хизматро ба ҷо меорад, раҳмхӯрӣ карда наметавонист. Сабабҳое, ки ӯ барои сафед кардани ин хизмат меовард, ба Сотников, ки оқибати ин тавр бахшоишро медонист, кам таъсир мекарданд. Дар муборизаи беамон бо фашизм ҳеҷ гуна сабаб, ҳатто мӯътабартаринашро ҳам ба эътибор гирифтан мумкин набуд, – танҳо бар хилофи ҳамаи сабабҳо ғалаба кардан имкон дошту халос. Ӯ инро аз муҳорибаи аввалин фаҳмид ва маҳз аз рӯи ҳамин ақида амал мекард ва ин дар навбати худ ба ӯ бисёр ёрӣ расонд, ки мавқеи худро дар ҳамаи мураккабиҳои ин ҷанг мустаҳкам нигоҳ дорад.

Сотников аз пинак рафтани худ ногаҳон хабар ёфта, кӯшиш кард, ки хезад, вале чунон калавида рафт, ки қариб ба девори хона бархӯрда буд. Соҳибхоназан дар ҳолате, ки худаш метарсид, ӯро илоҷе карда нигоҳ дошт ва милтиқашро аз рӯи фарш бардошт.

– Ҳе, бало занад.

– Писарам, ба ту чӣ шудааст, охир? Э ту нотоб-ку! Вой худоҷоне! Тамом дар таб месӯзад! Хобиданат даркор. Қафаси синаат чӣ хел хиррос мезанад! Як дам ист, камтарак биншин, ман ба ту даррав алафдору ҷӯшонда медиҳам...

Вай самимона ба ёрӣ додан тайёр буд, ки ҳамон лаҳза ба паси бухорӣ гузашт ва садои ҷаранг–ҷурунги чизе ба гӯш расид. Ва ӯ фикр кард, ки агар ин зан ин қадар ба ташвиш афтода бошад, аҳволи ӯ эҳтимол, ба ростӣ, хароб аст.

– Ташвиш накашед, ба ман ҳеҷ чиз лозим нест.

Ӯ акнун дар ҳақиқат на нӯшидан мехост ва на хӯрдан, ба ӯ ба ғайр аз гармию оромӣ чизи дигаре даркор набуд.

– Чӣ хел, даркор нест, писарам? Мебинам, ки нотоб ҳастӣ. Ман кайҳо боз дида истодаам. Рафту фурсат надошта бошӣ, бигир, бигир, мармиҷони хушк, дар ягон ҷой ҷӯшонда мехӯрӣ. Ана инаш шираи алаф.

– Ҳеҷ чиз даркор нест.

Зан аз халтачаҳои аз паси бухорӣ гирифтааш ба ӯ ким-чиҳо дароз мекард, аммо вай ҳеҷ чиз гирифтан намехост. Вай ба ин зан некӣ намехост ва бинобар ҳамин ба тараҳҳум ва ёрии вай розӣ шуда наметавонист. Ҳамин дам дар даҳлез тарақ-туруқ шуд, овози Рибак ба гӯш расид ва амин ба хона сар даровард.

– Равед, рафиқатон ҷеғ мезанад.

Ӯ хест ва дар ҳолате, ки сараш ғуввас мезад, аз беҳолӣ калавида, ба даҳлези торик баромад. Рибак дар рӯи ҳавлии пурбарф буд, ки аз дари кушода менамуд ва дар пеши пояш танаи сиёҳи меш мехобид, вай онро гӯё ба китфаш бардоштан мехост.

– Майлаш. Ту рав, – бо овози муқаррарӣ, ки дар он адовати пешина ҳис карда намешуд, гуфт Рибак ба амин, – ва дарро пӯш, ҷои тамошо не.

Амин гӯё чизе гуфтан мехост, вале аз фикраш гашта, хомӯшона ба тарафи хона рафт. Аз паси ӯ дари даҳлез маҳкам пӯшида шуд ва баъд аз он чӣ хел тараққос задани дари хона ба гӯш расид.

– Чӣ, сар медиҳӣ? – ҳамин ки дар мобайни ҳавлӣ ҳардуяшон монданд, бо овози гирифта пурсид Сотников.

– Бало ба пасаш.

Рибак бо як силтави сахт танаи мешро ба китфаш партофту аз кунҷи оғил гузашт ва аз он ҷо майдонро миёнбур карда, ба тарафи сарои ғаллакӯбии шинос тоб хӯрд, ки на он қадар дуртар биноҳои каҷу килеби он дар барф сиёҳӣ мекарданд.

Сотников аз қафо кашола шуда рафт.