Санге нашикаст санги дарёиро,

Ранге набурид ранги дарёиро.

Ҳар ҷо, ки бузургест, бузурге хоҳад,

Дар кӯл маҷӯ наҳанги дарёиро.

 

ДИЛБОХТАВУ САРБОХТА

 

Дилдода агар туӣ, диландохта мо,

Аз ёр ишораву ба сар тохта мо.

Дигар сабақи ишқу вафомон чӣ диҳӣ,

Ҷое, ки ту дил бохта, сар бохта мо.

 

 

ШАККИ БУЗУРГӢ

 

Дардат, ки ба дил нест, макун ҳеҷ нидо,

Бе дарди диле кай бирасад кас ба Худо.

Эй кӯҳ, дигар шак ба бузурги-т орам,

Чун бо пари коҳ медиҳӣ акси садо.