Достони Нону Имон

 Аввалин музеи гандум – «Бунёди ҳаёт» дар шаҳри Улми Олмон таъсис шудааст, ки аз он ҳар сол қариб 20000 нафар дидан мекунад. Ҳоло ин гуна музейҳо дар Фаронса, Иттиҳоди Шӯравӣ, Белҷик, Утриш ва кишварҳои дигар низ ҳастанд.

Аз ахбори «Курер»-и ЮНЕСКО

 

 Улмро модар надонад дар куҷост,

Он чӣ шаҳру дар кадомин кишвар аст.

Гар бигӯям шаҳри Гирмон аст он,

Меравад тамкину оромаш зи даст.

 

Ҳар гаҳе ки номи Гирмон бишнавад,

Ҷони пираш мекашад дарду азоб,

Гарчи шуд вайронаҳо ободу сабз,

Кай шаванд обод дилҳои хароб.

 

Дар дилаш дард аст, то зинда-ст ӯ,

То ба ҳол аз ҷанг мебинад ситам.

Нони хушки хотира бинад ба тоқ,

Тар кунад чашми варо ашки алам.

 

По гузорам ман ба ин музеи нон,

Бинам онро аз паси дуди ҷигар.

Равшанистон аст гарчи з-офтоб,

Тира мегардад маро пеши назар.

 

 

 

Тирачашмиям на аз дилтирагист,

Қалби ман чун субҳи содиқ равшан аст.

Дарди модарро ба шираш хӯрдаам,

Ҷумла дарди ҷони модар бо ман аст.

 

Лек бо ин дарду озори дилам,

Ман на аз дард, аз даво гӯям сухан.

Баски як ҷо омада дарду даво,

Дард гоҳо мешавад дармони ман.

 

Шеъри ман эҷоди дармону давост,

Дар пайи дармони дарди хотир аст.

Чун замон дардовару захмӣ бувад,

Шеъри дармон хоҳамаш бар захм баст.

 

Гарчи ман дар Улм беғам нестам,

Мешавам аз дидани ин хона шод.

Ҳурмати нон ҳар куҷо бошад баланд,

Қимати инсон ҳам он ҷо кам мабод.

 

Гандуми олам ба зери шишаҳост,

Навъҳои гунагуни баҳру бар.

Бинӣ он ҷо гандуми пайвандие,

К-аз ҳама анво бувад пурбортар.

 

Умри инсон аст пайванди нафас,

Чун нафас барканд, мирад бегумон.

Решапайванд аст ақсои замин,

Заррапайванд аст меҳри осмон.

 

 

 

 

 

Марду зан бошад ба танҳоӣ ду кас,

Гар шавад пайванд, гардад хонадон.

Хонадонҳои башар гарданд халқ,

Хонадони халқҳо – аҳли ҷаҳон.

 

Хели гандумҳои рангорангро

Зуд гардолуд кардан мушкил аст,

Гарди гандумгул биомезад агар,

Дар заминат хӯшаи пурҳосил аст.

 

Азми инсонро, ки дар дастони ӯст,

Ман надонам, чист, меорад халал,

К-ӯ чу гандумҳо бупайвандад ба ҳам,

Решааш то сабз бошад бебадал.

 

Дарзаи гандум, ки ризқи мардум аст,

Эй мабодо гурзи дасти нобакор.

Соқаи гандум нагардад чун синон,

Гул кунад ризқи башар дар киштзор.

 

Халқ бедин метавонад буд, буд,

Лек беимон натонад буд халқ.

Гарчи аввал нону баъд имон бигуфт,

Нону имон ҳеҷ гаҳ н-олуд халқ.

 

Нон занад гар, аз Худо бадтар занад,

Мекунад имонгадои ду ҷаҳон.

Нонгадоӣ ҳам агарчи нест бахт,

Лек аз имонгадоӣ ал-амон!

 

 

 

 

 

Шукри ин ноне, ки бо меҳнат расад

Чун мукофоте ба дастархони ман.

Шукри ин ноне, ки бошад то абад

Қудратафзо бар ману имони ман.

 

Сурхаки тоҷикро ин ҷо бубин,

Гандуми навъи қадими олам аст.

Чун Вавилуф[1] ёфташ шодон бигуфт,

Рӯзии насли нахусти одам аст.

 

Тӯшаи Бобои Одам будаӣ,

Хӯшаи ҷонӣ ту фарзанди варо.

Аз азал пайваста ӯро бо башар,

Сабз дорӣ решапайванди варо.

 

Мерасад рӯзе, ки бишносанд халқ

Ин Заминро хони бобоии хеш.

Дар миён ҳамчун насиби ҳамдигар

Мениҳанд ин нони бобоии хеш.

 

Гар ба Улм овард асри ман туро

Рафтаӣ кайҳо ба ақсои ҷаҳон.

Аз бани инсону аз ҳамгавҳариш

Ман ба имдоди ту меҷӯям нишон.

 

То насӯзад решаҳои сабзи ту,

Сӯхт Талбак решаи ҷони ҷавон.

Навҳаҳои модараш ояд ба гӯш

Аз миёни шӯру ғавғои ҷаҳон.

 

[1] Н.И.Вавилов – академик, набототшинос соли 1916 экспедитсия ташкил карда, ба Осиёи Миёна, аз ҷумла, ба Тоҷикистони имрӯза ҳам омадааст. Ў баъд аз тадқиқи гандуми сурхак муайян намудааст, ки ин ҷо яке аз маҳалҳои пайдоиши гандуми навъи қадим ва ба ин асос яке аз маҳалҳои бостонии пайдоиши инсон будааст.