Достони Нону Имон

Тифлаки ҳамсоя-мон даҳрӯза шуд,

Мекунад гаҳворабандонаш кунун.

Кулчаю нон мепазад момои ӯ,

Меравад ин хушхабар аз деҳ бурун.

 

Ҷамъ мегарданд занҳо шодмон,

Гоҳвора – ҳадя аз бобои тифл.

Дам ба дам сад бор гуфта: «Садқа ман!»,

Хам шавад момош дар болои тифл.

 

Зебу оро медиҳад гаҳвораро,

Мезанад по тифлаки навхоста,

Дастбандак, пойбандак, болишак,

Бистару пуштакчааш ороста.

 

Дар таҳи гаҳвора гандум пошад ӯ,

То шавад кӯдак зи файзаш баҳравар,

То шавад як дони ӯ сад донае,

Халқро гардад азизу муътабар.

 

Модарам – момои пиронсоли деҳ

Бандадаш дар гоҳвора бо дуо:

«Хоб – хоби хирсу умрат – умри вирс[1]

Хонаи бобот пур аз кӯдако!».

 

Аз сари гаҳвора пошад қанду қурс,

Кӯдакон чинанд бо часпу талош.

Ӯ газонида ба модар пас ду нон,

Баччаеро дода гӯяд: «Тез бош,

 

 

То тавонӣ ҷонакам, дав дуртар,

То бигардад умри ин кӯдак дароз».

Бачагон ҳам аз паси ӯ медаванд,

Нон аз ӯ бигрифта дар шебу фароз.

 

Дида ин бозию шодию сурур,

Саҳнаи дигар маро омад ба ёд:

Соли ҷангу деҳаи хурду хароб,

Рӯзи танги халқу андӯҳи зиёд.

 

Тифли навроҳе зи дунё бехабар,

Нон ба даст аз хонае омад бадар.

Баччаи зору ятиме менишаст

Гушнаву беҳолу сархам пушти дар.

 

Ногаҳон бишнид гушна бӯйи нон,

Кард сар боло, кашид оҳе бадард.

Нон ба дасти тифл диду шах бишуд,

Ӯ ба чашми гушнааш бовар накард.

 

Бо ду мушти хушк молид ӯ ду чашм,

Гӯиё бедор шуд, гар хоб буд.

Ман надонистам, Худоё, ӯ чӣ сон

Барҷаҳиду чанг зад, нонро рабуд.

 

Мегазидаш сахт, бо ҳирси зиёд,

Ҳеҷ нохоида мебурдаш фурӯ.

Чарх мезад чашмҳояш бо ҳарос,

Пушту рӯ мегашт гӯё ҳалқи ӯ.

 

Дарнафас як резаи нон ҳам намонд,

Хӯрда будаш пок тифли бенаво.

Фурсате нагзашта печидаш шикам,

Бачча рӯйи хок мезад дасту по.

Рӯдаҳои хушк дарҳам рафта буд,

Тифл бо оҳу фиғон мехӯрд печ.

Мардум андар чорааш бечора буд,

Кас надонисташ кунад имдод ҳеч.

 

Тифли бенонмонда он сӯ гиря дошт,

Баччаи нонхӯрда ин сӯ ҷон супурд.

Ҳар кӣ дид ин гуна марги синасӯз,

Ҳайрате дорам, ки аз ғам чун намурд.

 

Аҳли деҳ аз хонаҳо омад бурун,

Канд гӯри тифлро бо ранҷу дард.

Бекафан бурдаш ба монанди шаҳид,

Баччаякро бо либосаш гӯр кард.

 

Гарчи мурд ӯ, зиндагӣ дар мо намурд,

Баски дар дил буд уммеди зафар.

Гар ба рӯзи ғам зи ғам мемурд халқ,

Зинда як кас ҳам намемонд аз башар.

 

Чун дарахти ҷовидон сабз аст халқ

Ё ба мисли шохаи сарсабзи бед.

Гар варо сар мезанӣ аз кину ҷаҳл,

Боз ҳам сар мебарорад бо умед.

 

Модаре баски нахоҳад дар ҷаҳон,

Тифли ӯ ғоратгару ғосиб шавад.

Бар касе нодода нон аз хони хеш,

Ӯ ба нони дигарон соҳиб шавад.

 

Ин ҷаҳон ҳаргиз нагардад тангу тор,

Хон кушояд гар касе дар назди кас,

Ними нонашро агар бинад ба ӯ,

Мешавад комил ҳама бахту ҳавас.

 

Тифлаки ҳамсояи ман, шав калон,

Пой кӯбу хандаву фарёд зан.

Бо мағал тозанд тифлон нон ба даст,

То шавӣ пиру азизи марду зан.

 

Гӯиё нони газида рӯйи даст

Медавад ҳоло ҳама тифли замин,

Гашта аз гаҳворабандони ту шод,

Медавад сӯйи пагоҳи нозанин.

 

Тифлаки зеборухи ҳамсояам,

Хоб кун, гаҳвора ҳоло тахти туст.

Одамон, к-аз омадат шодӣ кунанд,

Ин нишони ҷовидони бахти туст.

 

[1] Вирс – арча.