Достони Нону Имон

Ман намедонам, куҷо кард одамӣ кишти нахуст,

Кай дар он майдони кишташ сабзаи гандум бируст.

 

Лек медонам ҳамон соле, ки гандум кошт ӯ,

Дос бигрифту дарав карду самар бардошт ӯ,

 

Хилқати халлоқаш ӯро кард бо Яздон қарин,

Буд рӯзихори дунё, гашт рӯзиофарин.

 

Гуфт: «Чун ваъда-ст он дунёву фирдавси барин,

Ман биҳишти хеш месозам дар ин рӯи замин.

 

Баҳри гандум, эй Худо, кардиям аз ҷаннат бадар,

Бок не, гар ҷуфти Ҳавво будаам, гаштам башар.

 

Ман кунун корам замин бо дасти чап, бо дасти рост,

Ҳар касе корад заминро дар паи кори Худост.

 

Баски меҳнат мекунам дар хок бо омоли пок,

Медиҳад рӯзии беминнат маро ин обу хок».

 

Шояд ин сон роз бикшуд одами аҳди куҳан,

Як саҳар бишнохта дунёю асли хештан.

 

Одамиро меҳнату эҷод чун одам сиришт,

Сарнавишти хеш он рӯз одамӣ аз нав навишт.

 

Ман, ки меҷӯям зи инсон асли яздонии ӯ,

Ҳеҷ н-ояд боварам бар зоти ҳайвонии ӯ.

 

Ҳар зане, ки остинро барзада шӯрад хамир,

Дар танӯраш то пазад ӯ қурси маҳ – нону фатир.

 

Дида дастони хамирии варо гӯям ба дил:

Аз дигар меофарад Модархудоям обу гил.

 

Ман ба ҷон қурбони дастони хамиролуди ӯ,

Баски ҳастии башар будаст ҳасту буди ӯ.

 

Як замон беқадр буд дар назди инсон симу зар,

Аз тамоми симу зар буд қиммати нон бештар.

 

Баски мекарданд бо дон одамон доду ситад,

Ғалла шуд меъёри кори халқ то рӯзи абад.

 

Ин амалро, модари ҷон, ҳаст панди бебадал,

Одаму гандум зи як хоканд аз рӯзи азал.

 

Дар дили одам давида решаҳои сабзи ӯ,

Решаи одам кунад аз донаи гандум нумӯ.

 

Хӯшаи пурбори гандум чун сари пурбори туст,

Решаи инсону гандум сабз кардан кори туст.

 

Ҳеҷ медонанд фарзандонат оё ин масал:

Ҷони мардум медамад аз дони гандум дар амал.

 

Баҳри гандум ронда шуд гӯё ки Одам аз биҳишт,

То биҳиште офарад худ, дар замин гандум бикишт.

 

Дони гандумро кунад гар зери по нобуд кас,

Мекунад худро яқин аз одамӣ мардуд кас.