Таърихи чашм ба ҷаҳон кушодани банда дар шиносномааш 10 октябри соли 1946 дарҷ шудааст. Аммо ба наздикӣ хонумам гуфт, ки ин дуруст нест, банда дар ҳайрат шуда, пурсидам, ки ба чӣ далел? Ҷавоб дод, ки ман шаҳодатномаи таваллудатонро пайдо карда хондам, дар он ҷо 1Октябр навишта шудааст, азбаски Октябрро ба рақами 1 ҷафс ва бо ҳарфи калон навиштаанд, ба назар мисли 10 менамояд, шиносноманавис ҳам онро иштибоҳан 10 Октябр навиштааст. Шояд ҳарфаш дуруст ҳам бошад, вале ман ки то 68-солагиам ҳама ҷо 10 октябр навиштаам, дигар дар паси таҳқиқи даҳ рӯз пеш ё паси мавлудам намегардам. Зиёда аз ин, як рӯзу даҳ рӯз он қадар аҳаммияте ҳам надорад, ба қавли худам, ки дар яке аз ҷаласаҳо гуфта будам. Он чунин аст. Мисли ин ки нимаи дуюми солҳои ҳафтоди асри гузашта, ҷаласаи якҷояи садорати иттифоқҳои эҷодии мамлакат доир гашта буд, ки дар хотима чун анъана аз номи он ба Котиби Генералии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ Леонид Илич Брежнев нома қабул карда мешуд ва Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, ки ҷаласа дар толори он мегузашт, хондани онро ба зиммаи банда гузошт.

  Банда онро бо овози баланду ҷарангосӣ, чунонки зарур буд, то охир, ки таърихи рӯз ҳам дарҷ шуда буд, хондам ва дидам, ки толор ба чӣ сабабе бошад, пичир-пичир мекунад ва котиби Кумитаи Марказии ҳизб, ки дар раёсат менишасту ба минбар наздик буд, ба ман бо нимовоз таърихи рӯзеро мегуфт, ки аз хондаи ман як рӯз фарқ дошт, яъне дар чоп як рӯз хато рафтааст, ки ман онро хондаам ва бояд ислоҳ мекардам. Аммо ман ба ҷои ислоҳ чунин гуфтам:

– Хайр, ҳеҷ боке нест, нависандагон вақтро бо асрҳо чен мекунанд, як рӯз барои мо чизе нест.

Бинобар, аз паси як рӯзу даҳ рӯз намегардем, муҳиммаш ин ки ба дунё омадем, соати 2 шаб, дар соли вафодор, яъне саг ва бурҷи мизон. Боз, ҳамчунонки ҳамдеҳонам дар бораи деҳаамон мегӯянд, дар Рӯмони шариф, ноҳияи Хуҷанд, ҳоло Бобоҷон Ғафуров. Соли 1952 ба синфи яки мактаби № 24 деҳаамон, ки он вақт ибтидоӣ ва ба ҳавлиамон наздик буд, рафтам, яъне ҳоло шашсолаи пур ҳам набудам. Он ҳам қисса дорад. Азбаски модарам тақрибан дар дусолагиам ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуда буд, ман дар тарбияи модаркалони падариам будам, ки бо амаки хурдиам мезист. Ҳамон ҳавлие, ки ман таваллуд шудаам, ҳавлии модаркалонам буд. Мо аз шафати ростамон ҳамсояе доштем, ки бо мо бисёр дӯст буданд ва ман бисёр вақт бо духтарони онҳо, ки ду-се нафари онҳо аз ман як сол-ду сол хурд ва ё калонтар буданд, бозӣ мекардам. Калонтари он духтаракон ба мактаб мерафтанд ва ман ба ҷону ҳоли бибиам намонда, ӯро водор кардам, ки маро ҳам ба мактаб барад. Ӯ аз матое ба ман мисли киф чизе дӯхту дафтару қаламро ба даруни он андохта, маро ба мактаб бурду аз муаллим хоҳиш кард, ки ба синфи як қабул кунад. Азбаски бибиам дар деҳа соҳибэҳтиром буд, муаллим ҳарфи ӯро ба замин нагузошта, ҳарчанд ман хурд будам, маро ба синфи як қабул кард. Он муаллим, Мирзонеъмат Аҳмадов, ки ба синфҳои ибтидоӣ дарс медод, моро то синфи панҷум расонд, равонаш шод бод, ки инсони бисёр хубу меҳрубон буд ва ман ба ӯ меҳр баста будаму талабаи аълохонаш будам ва ӯ ҳам маро мисли як фарзанд то охири умраш азиз медошт. Қисса кӯтоҳ, баъди синфи чаҳор мо ба мактаби №12 рафтем. Хондани мо дар он мактаб ҳикоятҳои аҷибе дорад, ки шояд ягон вақт ҳавсалаи навиштанаш даст диҳад, аммо ҳоло танҳо аз ду-сетои онҳо ёд овардан кофист. Ба мо аз фанҳои забон ва адабиёт муаллим – Абдусамад Файзиев, ки марди хушсурату зебо ва ошиқи фанҳояш, махсусан адабиёт буд, бисёр шавқовару хотирмон дарс мегуфт. Ба хаёлам, аз синфҳои шашум ё ҳафтум буд, ки дар ман шавқи шеър навиштан пайдо шуд ва чизакҳое менавиштам вале, мутаассифона, дар атрофи ман касе набуд, ки аз қонуниятҳои шеър огоҳ бошад ва ё, ақаллан, ба хондани китобҳое роҳнамоӣ карда, дар омӯхтани асрори он мадад расонад. Дар асоси муҳаббати шеър бо Нурмуҳаммад Ниёзӣ, ки як синф аз ман поинтар мехонду ӯ ҳам ба ҳамин кор машғул буд, ошно шудем. Боре, дар синфи ҳафт ё ҳашт мехондем, бо ҳеҷ кас аз муаллимон маслиҳат накарда, аз пеши худ ҳар ду як рӯзномаи ҳаҷвии деворӣ сохтем, ки расмҳои онро Нурмуҳаммад кашида буду матнҳояшро ҳар ду гӯё бо шеър навишта будем. Онро субҳи барвақт оварда ба девори даруни мактаб часпонидем. Ҳамон пагоҳӣ ба мактаб аз шуъбаи маорифи ноҳия комиссия меояд ва он рӯзномаи девории ҳаҷвии моро дида, ба муаллимон таъриф мекунад. Аммо онҳо намедонистанд, ки баъзе талабагони духон, ки мо ҳаҷв карда будем, фарзандони муаллимони мактаб буданд. Баъди рафтани комиссия мо, ду муаллифи худсарро, ба хонаи муаллимон даъват карда, ҳам таърифу ҳам сарзаниш карданду рӯзномаро аз девор канданд.

Ман дар мактаб умуман аъло мехондам, аммо ҳоло нағз мефаҳмам, ки муаллимони фанҳои риёзӣ ба ман ба хотири он ки аз фанҳои дигар баҳои аъло мегирифтам, гузашт карда, аз фанҳои худ баҳои аъло мемонданд. Вале, мисли ин ки, дар дарси адабиёту навиштани иншо лаёқат доштам, ки муаллими адабиётамон, баъзан ҳангоми дар синфи нуҳуму даҳум хонданам, аз ман хоҳиш мекард, ки дар тафтиши иншоҳои адабиёт ба ӯ мадад расонам, яъне иншоҳои ҳамсинфонамро тафтиш кунам. Солҳои дар мактаби миёна хонданам дар хона ҳар вақт мавзӯи баъд аз тамом кардани мактаби миёна дар куҷо хондан ва оянда кӣ шудани ман ба миён меомад ва падарам, ки ба ихтисоси духтурӣ эҳтироми бисёр дошту онро башардӯсттарин касб медонист, мегуфт, ки ба донишгоҳи тиббӣ меравию духтур мешавӣ. Ман аввалҳо чизе намегуфтам, вале дар синфҳои болоӣ, ки ба адабиёт меҳр доштаму гӯё шеър ҳам менавиштам, дигар худро дар соҳаи дигар тасаввур карда наметавонистам ва ҳар вақте ки падарам боз ин масъаларо ба миён меандохт, акнун мегуфтам, ки: ман шиками қурбоққакафониро дӯст намедорам. Аз куҷое шунида будам, ки донишҷӯёни духтуршаванда дар дарсҳои таҷрибавиашон ғукҳоро буридаю дарида дарунашро меомӯхтаанд, ҳоло аз мурдахонаравию ҷисми мурдаҳоро ин тавр карданашон бехабар будам, вагарна маро барои омӯхтани ин касб ташвиқ кардан бефоида буд, зеро ман ҳеҷ вақт ҳатто дидани ин гуна корҳоро тоқат надоштам, то чӣ расад ба карданаш. Ҳангоми дар синфи нуҳ ё даҳ хонданам дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» хабарчаву дар «Ҳақиқати Ленинобод» шеърчаам чоп шуда буд, ки ба чиҳилсолагии ташкилоти пионерӣ бахшида шуда буд, он вақт ҳама аз хурдӣ аҷаб фарди ҷамъиятиву сиёсӣ будем. Чаҳор мисраи аввалаш ҳоло ҳам дар хотирам ҳаст:

 

Фарҳод омад бегаҳӣ

Чун тир бар назди падар.

Бар гардани худ баста буд

Ӯ галстуки шӯълавар.

 

Баъд, Фарҳод ба падар мегӯяд, ки маро табрик кун, ман имрӯз чиҳилсола шудам, падар дар ҳайрат шуда мепурсад, дар ин бачагӣ чӣ тавр чиҳилсола шудӣ, ӯ ҷавоб медиҳад, ки имрӯз ташкилоти пионерии мо чиҳилсола шуду ман ҳам. Ҳамин тавр, ҳарфҳои бачагона. Ёдам ҳаст, ки барои он се ё панҷ сӯм ҳаққи қалам ҳам дода буданд, ки падарам ба болои он чанд пули дигар зам карда, ба ман як курта харида, ба хона омада гуфта буд, ки: инро Аскар, худаш, аз пули шеъраш харидааст. Ҳамин тариқ, бо ҳамин гуна бозиҳои бачагона роҳи ояндаи мо муайян шуда буд, ки падар ҳам дар бораи духтур шудани ман дигар ҳарф намезад.

Мактаби миёнаро бо нишони нуқра тамом кардам, ман, ки аъло мехондам, чаро бо нишони тилло неву нуқра, ин ҳам қисса дорад. Рӯзе, ҳангоми дар синфи нуҳ хонданам, дар вақти танаффус, дар синф, бо як ҳамдарсам барои чӣ бошад, аввал муноқиша, баъд занозанӣ кардем ва ман ӯро афтонда, ба зерам гирифта будам, ки занг шуду ба синф муаллими ҷуғрофиё даромад. Ӯ ин ҳолро дида, ба ман дар дафтари синф як дуи ғафс гузошт ва ҷамъбасти солонаи ман аз ин фан чор шуд ва азбаски дар синфи даҳ дигар дарси ҷуғрофиё набуд, ин баҳои чор ба номаи камоли ман дохил шуд, ки бо баҳои чор ба нишони тилло пешниҳод кардан мумкин набуд. Хайр, ба қавли мардум, ёди он нишон ба хайр, вале ҳоло ҳам бо он ҳамдарсам, ки аз дӯстони беҳтарини бачагиам аст, вомехӯраму ҳамдигарро оғӯш-оғӯш мекунем, он воқеа ба ёдам омада, хиҷолат мекашам, кошкӣ ӯ фаромӯш карда бошад. Ба замми ин, аз синфи мо се нафар ба нишон, як нафар ба нишони тилло ва ду нафар ба нишони нуқра, пешниҳод шуда буд, вале танҳо ба ман нишон доданд, зеро иншоҳои мо се нафарро шуъбаи маорифи ноҳия тафтиш карда, ба иншоҳои он ду нафари дигар баҳоҳои паст гузоштааст. Аммо он нишон ба ман қариб дарди сар оварда буд, зеро номаи камоли ҳамаи ҳамсинфони маро дода буданду ҳеҷ не ки аз они ман тайёр шаваду диҳанд, мегуфтанд, ки онро бо нишон ҳамроҳ медиҳанду ҳоло наомадааст ва ман тарс доштам, ки аз рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо ба мактаби олӣ дер мемонам. Хайрият, дар охир ҳамааш ба хубӣ анҷом шуд ва ман ба Душанбе омада, ба факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатӣ (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) ҳуҷҷат ва имтиҳон супорида донишҷӯ шудам.

(Давом дорад)