Ман аввалин тақризи муфассали илмиам «Нӯшбоди шоир»-ро дар соли дуюми аспирантиам навиштам, ки бар маҷмуаи тозанашри Лоиқ «Нӯшбод» буд. Охирҳои моҳи июл буд, ки саҳифаҳои охири тақризро менавиштам, шабе, дӯсти душанбегиам Неъмат Сайфуллоев, аспиранти соли сеюми шуъбаи фалсафа, ба хонаам даромад, ки ман фардо субҳ дар ҳайати гуруҳи донишҷӯёни бинокор ба Сахалин парвоз мекунам, биё, ҳамроҳи ман. Дар ду моҳ маблағи нағзе кор мекунем, ба зиндагиамон даркор мешавад. Ӯ ҳангоми аспирантиаш оиладору фарзанддор буд, ба пул аз ман бештар эҳтиёҷ дошт. Дар охир маро розӣ кард. Ман ҳамон шаб то субҳ тақризро навишта тамом карда, ба ҳамсояхонаам, ки аспиранти араб буд, хатча навишта, зери дараш гузоштам, ки онро ба Душанбе, ба унвони маҷаллаи «Садои Шарқ», ки навишта будам, бифиристад ва худ ба Сахалин парвоз кардам. Ана, ҷавонӣ чӣ озодию соҳибихтиёриҳо дорад, ки дар як шаб тасмим мегирию аз як гӯшаи ҷаҳон ба гӯшаи дигараш парвоз мекунӣ.

Мо аз Маскав ба Хабаровск ва аз он ҷо ба Южно-Сахалинск парвоз карда расидем ва дар бунгоҳи сайёҳии «Горний воздух» (Ҳавои кӯҳӣ), ки воқеан дар оғӯши кӯҳ буд, ҷойгир шудем. Гурӯҳ ба чанд қисм тақсим шуда, корҳои мухталифро анҷом медод. Зимистони соли 1972 дар шаҳри Саппорои Ҷопон бозиҳои зимистонаи олимпӣ баргузор мешуд ва дар кӯҳе, ки мо будем, барои машқи лезактозон бояд трамплин сохта мешуд, ки барои он хандақ канда, сими барқро дар он хобондан зарур буд ва азбаски домани кӯҳ якбора баланд мерафт, дар он ҳеҷ мошини хандақкан истода кор карда наметавонист, бинобар он, хандақ бояд дастӣ канда мешуд, яъне кор бо зоғ нӯлу мисрон буд. Ман ба ҳамин гурӯҳи хандақканҳо рафтам, зеро кори вазнини дастиро дӯст медоштам ва мехостам дар як вақт мушакҳоямро ҳам сахт машқ диҳам. Воқеан ҳам ҳамин тавр шуд, дар давоми ду моҳ дасту мушакҳо ба он дараҷа сахту пурқувват шуданд, ки баъди баргаштан ба Маскав бо касе дастӣ салом мекардам, зуд «воҳ» гӯён дасташро кашида мегирифт. Он ду моҳ беҳтарин айёме буд бо кори сахту қиссаҳои дилнишинаш. Табиати атрофи бунгоҳи сайёҳӣ, ки мо дар он ҷо хандақ мекандем, афсонавӣ сабзу хуррам буд. Мо дар баландии кӯҳ кор мекардем, бисёр вақт абрҳо чунон аз поин мегузаштанд, ки ними одам дар байни абрҳо мемонд. Аҷаб манзарае буд, як умр аз хотири кас намеравад.

Хуб, қисса кӯтоҳ, баъди ду моҳ бо ҳазор рубл баргаштем, ки он солҳо барои аспирант пули кам набуд, ба он қариб 600 кило гӯшт харида мешуд. Боз стипендияи думоҳаи аспирантиамон захира шуда буд. Ана, акнун савлати аспиранта бинед, оби Намангон ях мекард. Ба замми ин, ман боз ҳар гуна мақолаю барномаҳо менавиштам, тарҷума макардам, ки дар воситаҳои ахбор ва радиову телевизиони тоҷик ба нашр мерасиданд ва ба ман ҳаққи қалам мефиристоданд, яъне кисаамон холӣ набуд. Китобҳои бисёреро ҳам ба ҳамон пулҳо мехаридам.

Мавзӯи рисолаи илмии номзадиам тасдиқ шуда буд: «Ворисияти таърихӣ ва навпардозиҳои шоирона (дар мисоли шеъри муосири тоҷикӣ)». Солҳои ҳафтодуми асри гузашта ин аз мавзӯъҳои муҳимм ва зарурии илми адабиётшиносӣ маҳсуб мешуд. Дар Маскав хондани ман аз он ҷиҳат ҳам хуб буд, ки ман аз адабиёти илмӣ ва баҳсу талошҳое, ки оид ба ин мавзӯъ дар доираи мамлакати бузург ИҶШС ба вуҷуд меомаданд, хуб огоҳ будам. Ба ғайр аз ин, ҷаласаҳои илмие, ки дар кафедраи мо баргузор мешуданд, дар баландтарин сатҳи илмӣ буданд, зеро ҳамчунон ки қайд кардам, дар он дурахшонтарин ситораҳои илми адабиётшиносии шӯравӣ кор мекарданд. Ман роҳу равиши кори илмиро дар ҳамон ҷо омӯхтам ва як умр сипосгузори он устодон ҳастам. Ба замми ин, қариб се соли ман дар яке аз китобхонаҳои бузургтарини дунё, китобхонаи ба номи Ленини Маскав гузашт, ки дар он китобҳои бисёреро, ки дар китобхонаҳои ҷумҳуриҳои дигар пайдо карда намешуд, зери даст доштам. Масалан, китобҳоеро, ки дар Эрону Афғ онистон нашр шуда буданд, ман дар он ҷо мутолиа мекардам. Хуб, ҳар каси дигар ҳам, ки дар он солҳо дар Маскав дар аспирантура таҳсил мекард, аз ин имконоти фаровони омӯзиши илму адаб истифода карда метавонист вале, мутаассифона, на ҳама ин корро мекарданд, бинобар ин, навиштани рисолаҳояшон баъд аз муҳлати аспирантура ҳам солҳои сол тӯл мекашид ва ё баъзе, бо вуҷуди ҳамаи ин имконот, умуман рисола ҳам наменавиштанду дифоъ ҳам намекарданд. Дар байни аспирантони роҳбари ман ҳам, чунонки қайд карда будам, роҳбарам инсони ниҳоят нармдилу хотирнигоҳдор буданд, ин гуна аспирантон вуҷуд доштанд. Аммо дар факултаи забонҳои хориҷӣ дар шуъбаи забони инглисӣ Ахманова Олга Сергеевна ном профессоре буд, ки аспирантҳояш ҳама дар муҳлат ва баъзе пеш аз муҳлат ҳам рисолаҳояшонро навишта ҳимоя карда мерафтанд. Яке аз аспирантони хонум аз Вилнюс буд, ки Роландас ном дошт, рафиқи бисёр хуб, ҷавони зебои паҳлавонсурате буд, ки бо ҳам дӯст будем. Мо аспирантони як сол будем ва дар ҳамон бинои баландошёнаи донишгоҳи давлатии Маскав, дар Ленинские гори, дар як хобгоҳ мезистему хонаҳоямон ба ҳам наздик буд, бинобар ин, ҳамдигарро зуд-зуд медидем. Мо, рафиқони аспирант, шабнишиниҳое доштем, ё дар зодрӯзҳои ҳамдигар ҷамъ меомадем, аммо Роландас дар онҳо иштирок намекард, агар рафта маҷбур меовардем ҳам, каме менишасту маъзарат хоста, мегуфт, ки: – Маро маъзур медоред, ман ҳар ҳафта дар назди «шеф» аз рӯи нақшаи корам ҳисобот медиҳам, агар онро иҷро накунам, намедонам, ӯ бо ман чӣ кор мекунад... бинобар ин, маъзур... Ҳамин буд, ки ӯ дар давоми дуним сол рисолаашро навишта, пеш аз муҳлат дифоъ карда, ба Вилнюс баргашт.

Ҳоло, ки сухан аз шабнишиниҳо рафт, маъмулан аспирантон дар соли аввал бештар ба ин гуна корҳо машғул мешаванд, ситораи шабнишиниҳои мо Шамил буду Вилоят Рустамзода, ки аспиранти соли сеюми роҳбари илмии ман буд. Шамил истеъдоди бемисли латифа(анекдот)гӯӣ дошт, ки камтар артистони касбии ин соҳа доранд, захираи латифаҳояш беохир буд, метавонист дар як мавзӯъ ҳам як олам нақл кунад. Вилоят Рустамзода, озарӣ, аз Боку, то аспирантиаш узви иттифоқи нависандагон, аз мо тақрибан даҳ сол калонтар, дар шабнишиниҳо ҳамеша соқии бебадал буд. Ӯ, ки шоир буд, шояд дар аввал, ба монанди ман, ба аспирантура барои шеърнависӣ дохил шуда буд, вале ман зуд, дар як-ду моҳ аз ин фикри худ баргаштам, вале ӯ, мисли ин ки, дар соли сеюм ҳам дар ҳамон ҳол боқӣ монда буд, ки андешаи рисоланависӣ надошт, вале азбаски шоир буду узви иттифоқи нависандагон, дар кафедра эътибор дошт. Вилоят бо аспиранти дигари роҳбари ман Нугзар Тсховребов, ки нимгурҷию нимосетинӣ буд, аспирантони як сол ва дар синн ҳам ба ҳам наздик буданд, дар соли аввал дар як хона бо ҳам мезистанд ва қиссаҳои аҷоибе доштанд. Нугзар бо масъалаҳои шеъри солҳои бисти қарни бист машғул буд, ки давраи пурмаҳсул вале печида маҳсуб мешуд ва ӯ ҳамеша ҷиддан машғули кор буд. Дар соли сеюми аспирантиаш ӯ дар ҳамсоягии ман, дар як нумраи хона, ки долону дастшӯю души ягона вале ду утоқи алоҳида дошт, мезисту баъзе қиссаҳояшонро нақл мекард. Аз ҷумла, яке аз онҳо чунин аст. Онҳо дар соли аввали аспирантура дар як хона ҷойгир мешаванд, аз мағозаи ГУМ-и назди Майдони сурх асбоби рӯзгор – қошуқу чангаку дегча барин чизҳоро харида, ба автобуси рақами 111, ки аз он ҷо рост то хобгоҳи МГУ меомад, савор мешаванд. Ба автобус як нафар марди бузургҷуссаи рус ҳам, ки сахт сархуш буд, даромада, дар як курсӣ менишинад, ки дар наздаш як ҷои холии дигар мемонад, вале ҳарчанд автобус пури одам буд, касе аз эҳтироз ба он ҷо наменишинад. Вилоят ба он ҷой нишастанӣ мешавад, Нугзар мегӯяд, ки аз бало ҳазар, ин корро накун. Вилоят баръакс довталабона ба он ҷо мешинаду асбоби харидаашонро рӯи зонуяш мегузорад, пас аз каме он марди маст, ки аз Вилоят ду-се баробар бузургҷуссатар буд (Вилояту Нугзар ҳар ду ҳам резапайкари қаддашон аз миёна ҳам пасттар буд), дасташро ба гардани Вилоят партофта, ба гӯши ӯ як дашноми маъмулии русӣ медиҳад, ки муродифи тоҷикиаш «очата... фалон» мебошад. Вилоят аз ҷояш ҷаста бармехезаду бо ҳамон дегча бо тамоми қувват ба сари он мард мезанад, ки ӯ ҳеҷ интизори онро надошт. Дар автобус ғавғо мехезад, маст аз ҷояш боло шуда, ба гузаргоҳи автобус мебарояд ва аз гиребони Вилоят гирифта, ба тарафи дари баромад мекашад, ки дар истгоҳ аз автобус берун бароварда, ҷавоби зарбаро бидиҳад. Вилоят, ки ҳангоми ӯро ба тарафи худ кашидани маст пояш аз фарш канда шуда, дар ҳолати горизонталӣ – уфуқӣ буд, Нугзарро ба мадад даъват мекунад, ки маро дор, ки аз автобус берун накашад. Нугзар, ки ба ин ҷои ҳикоят мерасид, хандида мегуфт, ки ман бо ин пайкару бо ин айнак ба он мард чӣ гуна метавонистам муқобилат кунам. Қисса кӯтоҳ, дар истгоҳ маст Вилоятро аз автобус кашида берун баровард, ман ҳам баромадаму мардум ҷамъ шуданд, пулис ҳам омаду кор ба пулисхона кашид. Пулис, мастро истинтоқ кард, ки чаро ин касро заданӣ шудӣ? Маст гуфт, ки ба ӯ нигоҳ кун, як ваҷаб қад дораду ба бузургҷуссагии худаш ишора карда, маро зад, алам намекунад? Хайр як, «очата...» гуфтам, гуфтам – дия, чӣ шудаст, барои ҳамин ба сари кас бо дегча мезананд? Вилоят боз ҷаста хест, ки Нугзар, дегчаро деҳ, ман инро як бори дигар дурусттар занам, фаҳмад, ки ман рус нестам, қафқозиям, ба ин фаҳмон, ки дар Қафқоз барои ин гуна дашном бо дегча не, бо корд мезананд...

Ҳамин тариқ, Нугзар рисолаи номзадиашро навишта ҳимоя карду Вилоят, ба назарам, ҳатто навиштанашро сар накарда, аспирантураро ба охир расонид ва ба Боку баргашта, кори шоириашро давом дод. Ҳоло даргузаштааст, ки равонаш шод бод.

(Давом дорад)