Ман рисоларо дар вақти зарурӣ навишта тамом кардам, аммо барои таҳриру муҳокима дар кафедра боз вақт лозим буд. Одатан дар ин ҳолат ба аспирант муҳлати аспирантураро боз ду моҳ дароз мекарданд, ки бо хоҳиши ман ва ризояти мудири кафедра ин корро карданд. Ба ман он ду моҳ барои ҳамаи корҳои заруриро анҷом додан басандагӣ накард ва ман аз хобгоҳи донишгоҳ ба хобгоҳи Ҳабибулло Файзулло кӯчидам, ки дар курси дусолаи Институти адабиёти ба номи Горкий таҳсил мекард. Мо чор - панҷ моҳ дар хонаи ӯ бо ҳам зиндагӣ кардем ва ман он вақт ӯро ба хубӣ шинохтам, ки чӣ рафиқи шафиқе буд. Ман баъзе лаҳзаҳои ин зиндагиро дар мақолаи «Чу ҳавои баъди борон...», ки дар бораи Ҳабибулло навиштаам, баён кардаам, ки ҳоло аз он танҳо ду лаҳзаашро дар ин ҷо иқтибос меорам.

«Боре Ҳабибулло омад, ки биё хонаи устод Сотим Улуғзода меравем, (он вақт ман дар хобгоҳи донишгоҳ будам) устод он гоҳ дар хонаи маскавиашон мезистанд. Ман, ки дӯстии ӯро бо устод медонистам, бе ҳеҷ истиҳола розӣ шудам. Ин, ба назарам, аввалин дидори ман бо устод Улуғзода буд.

Устод моро хеле хушнудона пешвоз гирифтанд ва суҳбаткунон худашон барои мо оши палав пухтанд ва ба як ҳамсояи русашон палавро ситоиш карда, шояд ба шӯхӣ мегуфтанд, ки дар замонҳои қадим чанд хирадманди машриқ ҷамъ омаданд, то таоме тайёр кунанд, ки панҷ сифати хуб дошта бошад: зуд пухта шавад, серғизо, хушмазза, зебо бошад, хӯрданаш гаронӣ наорад ва ҳамин тавр палавро фикр карда бароварданд.

Дар болои мизи кории устод «Дон Кихот» -и Сервантес буд, гуфтанд, ки тарҷума карда истодаам. Ман дар ҳайрат шуда пурсидам, ки оё ин кор имкон дорад, зеро забону услуби гуфтори қаҳрамонҳои ин асар, махсусан, Санчо Пансои он чунон пуррамзу киноя, маҷозу истиора ва зарбулмасалу мақол аст, ки муродифи тоҷикии онро ёфтан ва ё ба ҳамон рехтагӣ баргардон кардан ба назари ман ғайриимкон менамояд. Устод як хандаи фурӯтанона карданду гуфтанд, ки: – Хуб, як зӯр зада бинем-чӣ... Ва шоҳкоре ба вуҷуд оварданд, ки дар олами тарҷумаи тоҷикӣ назир надорад. Ҳар дастоварди адабӣ мавриди имкон гардидани ҳар чизи  ғайриимкон аст.

Ман ҳангоми баргаштанам аз Маскав чанд вақт мушкили манзили истиқомат доштам, ӯ маро ба ҷону ҳолам намонда, ба хонааш овард ва гуфт, ки тобистон аст, вақти таътили фарзандони ман, онҳо бо модарашон дар деҳ, дар ҳавлии бибиашон ҳастанд ва то пайдо кардани ҷои истиқомат дар хонаи ман зиндагӣ мекунӣ. Вале баъди баргаштани аҳли хонаводааш ҳам чанд вақт маро ҷои дигар рафтан намонд, то дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматиаш, дар маҳаллаи 33, бароям хонаи иҷора пайдо кард».

Ҳамин тариқ, ман аз Маскав баргаштам ва ба ҷои аввалаам, идораи Кумитаи Радио ва телевизиони тоҷик, ба кор омадам, зеро ман ба онҳо хонаи худро супорида рафта будам ва онҳо ба ман ваъдаи дар ивазаш хона додан карда буданд. Барои ҳамин ҳам ман ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар вақташ узр оварда будам, ки то аз кумитаи радио хонаи ваъдагиро нагирам, ба институт ба кор омада наметавонам, баъди он ба назди эшон ба кор хоҳам омад. Устод инро пазируфта буданд ва маро ҳамчун корманди шуъбаи худ нигоҳ медоштанд. Вале дар он рӯзҳо маро устод Мирзо Турсунзода, ки Раиси Иттифоқи нависандагон буданд, ба наздашон даъват карда, пешниҳод карданд, ки ба Иттифоқи нависандагон, ба идораи маҷаллаи «Садои шарқ», ба вазифаи муовини муҳаррир, ки ин вазифаро тоза таъсис карда буданд, ба кор биёям. Ин соли 1974 буд. Барои ҷавони бисту ҳаштсола муовинии муҳаррир маҷаллаи шуҳратёри «Садои шарқ», ки дар он вақт дар он шоиру нависанданони машҳурамон, аз ҷумла Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Юсуф Акобиров, Шамсӣ Собир хидмат мекарданд вазифаи бисёр баланд буд. Ман ба устод Турсунзода ташаккур гуфта, омада ба Раиси кумитаи радиову телевизион, ки устод Шукӯҳӣ буданд ва ман корманди эшон будам, даъвати устодро баён кардам. Устод Шукӯҳӣ гуфтанд, ки даъвати устод Турсунзодаро бояд бо шукр бипазирӣ ва ман бисёр хурсандам, ки туро ба он ҷо ба кор даъват карданд, масъалаи хонаатро мо ҳал мекунем. Воқеан ҳам устод Шукӯҳӣ ва Убайд Раҷаб, ки муҳаррири маҷаллаи «Садои шарқ» буданд, ҳар ду ба назди Раиси шаҳри Душанбе, ки он вақт Маҳмадназарови бадахшӣ буд, рафта, ба ҷои хонаи пештараи ман, ба ман квартираи духонагӣ, дар рӯ ба рӯи чойхонаи Роҳат, гирифта доданд. Ба ман якбора ҳам вазифаи баланд насиб шуду ҳам хона дар маркази шаҳр.

Ҳамин тариқ, хидмати банда дар маҷаллаи «Садои Шарқ», нашрияи Иттифоқи нависандагон оғоз шуд, яъне банда ба маркази баҳсҳои адабиву илмӣ афтодам, ки дар идораи маҷалла ва Иттифоқи нависандагон баргузор мешуданд. Аксари асарҳои калонҳаҷми назму наср пеш аз чоп, бо иштироки аъзои ҳайати таҳририяи маҷалла, баррасӣ мешуданд, дар шуъбаҳо ва садорату Раёсати Иттифоқи нависандагон низ ин гуна баррасиҳои асарҳо ва масоили адабию бадеӣ сурат мегирифтанд, ки ширкати банда дар онҳо ҳам аз ҷиҳати вазифаи доштаам ва ҳам бо хоҳиши худам, зарур буд. Онҳо воқеан ҳам як мактаби калони адабӣ буданд. Муносибат дар байни кормандони маҷалла асосан хуб буд, вале бемоҷаро ҳам набуд. Моҷаро дар байни муҳаррир Убайд Раҷаб, ки воқеан як инсони пурбардошту пуртаҳаммул ва коргар буд ва котиби масъули маҷалла нависанда, Юсуф Акобиров, вуҷуд дошт. Баъди омадани ман ин моҷаро, мисли ин ки, тундтар шуд, зеро Юсуф Акобиров мехостааст, ки варо ҷонишини муҳаррир таъйин кунанд, чунки корманди собиқадори маҷалла буд. Маро ба ин вазифа даъват кардани устод Мирзо Турсунзода, ба назарам, ду сабаб дошт: аввал ин ки дар байни кормандони маҷалла ҳеҷ мунаққид набуд, ҳама шоиру нависанда буданд, сониян, он солҳо қарори махсуси КМ ПК ИҶШС оид ба диққати ҷиддӣ додан ба ривоҷи танқиди адабӣ ба тасвиб расида буд, ки бояд амалӣ мешуд. Аз ҷиҳати дигар, албатта, ризояти муҳаррир, Убайд Раҷаб ҳам ба эътибор гирифта бояд мешуд, ки ӯ, маълум аст, моҷароҷӯяшро ба муовинӣ намехост. Аммо ӯро аз вазифа дур карда ҳам наметавонист, зеро он солҳо романҳои Юсуф Акобиров аз ҷониби Раиси Иттифоқи нависандагони ИҶШС Георгий Марков, ки Юсуф Акобиров дар яке аз машваратҳои адибони ҷавон дар Маскав бо ӯ шинос шуда, робита пайдо карда буд ва духтари ӯ, ки ба тарҷумаи асарҳои наср машғул буд, тарҷума шуда, дар нашрияҳои умуииттифоқӣ ба чоп мерасиданд, яъне ӯ дар шахси Раиси калон пуштибон дошт. Акнун дар ин байн ман пайдо шуда будам ва табиист, ки ҳадафи муборизаи Ю. Акобиров қарор гирифта будаам. Аммо ман дар аввалҳо аз ин чиз бехабар будам. Инро баъди дар маҷалла чоп шудани мақолаам дар бораи Аминҷон Шукӯҳӣ – «Шохаи райҳон ва себҳои шукуфта» фаҳмидам.

Ҳамчунонки гуфтам, ҳар шумораи маҷалла баъди чоп мавриди баррасии кормандони идора қарор мегирифт. Навбатчии он шумора Шамсӣ Собир буд. Дар ҷаласа ӯ дар бораи маводи маҷалла суханронӣ мекард. Ӯ дар бораи маводи бачопрасида як-ду сухани мухтасаре гуфту дигар тамоми суханашро ба «муҳокима ва таҳлили» мақолаи ман ихтисос дод, ки камаш бештар аз ним соат давом кард ва ба гардани ман гуноҳҳоеро бор кард, ки мӯи сари одам рост мехест. Он рӯз саломатии ман хуб набуд, сармохӯрда будам, аммо ба хотири ҷаласа ба кор омада будам ва ҳатто телпак ба сар менишастам. Айбмониҳои Шамсӣ Собир ба мақола услуби солҳои сивумро ба хотир меовард, ки баъд аз он муаллифро бояд ба ҳабс мегирифтанд ё бадарға мекарданд. Масалан, ӯ мегуфт, ки чаро муаллиф дар мақолааш аз шоири австриягӣ Райнер Мария Рилке ба маънои мусбат иқтибос меорад, ҳол он ки ӯ шоири реалист нест ва ба сиёсати адабии давлати мо мувофиқат надорад ва чаро ӯро дар ин ҷо ташвиқ мекунад ва монанди ин айбҳо. Хуллас, ҳар ҳарфро ба сиёсат бурда мечаспонд. Аз шиддати ҳаяҷон, дар ҷои нишастаам, ду-се бор чашмонам сиёҳӣ зад. Мудири шуъбаи нақд Фотеҳ Абдулло, ки барои ба чоп рафтани мақола имзои ӯ ҳам буд, хост як-ду бор бо луқма ба ин ҳарфҳо эрод гирад, аммо ӯро Юсуф Акобиров таҳдид кард, ки ӯ ҳам беҷазо нахоҳад монд. Ба ҳамин минвол, маърӯзачӣ суханашро ба охир расонд. Муҳаррир, пеш аз он ки ба ман сухан диҳад, хоҳиш кард, ки мухтасар ҳарф занам, ман дар ҳайрат шудам, зеро ҳамин гуна хоҳишро ӯ бояд аз маърӯзачӣ мекард, зеро, ақаллан, барои он ки маҷалла ба ғайр аз мақолаи ман боз маводи бисёри дигар дошт, ки дар бораи онҳо ҳам ҳарф бояд зада мешуд ва, сониян, банда, ба ҳар ҳол, муовини муҳаррири маҷалла будам, ки эътибори вазифавиаш аз мудири шуъбаи наср Шамсӣ Собир баландтар буд. Вақте ман ин суханро шунидам, гуфтам, ки ман дар ин ҷо аз ду ҷумла зиёдтар ҳарф нахоҳам гуфт. Аввалаш, ин аст, ки рафиқ Шамсӣ Собир баъд аз ин ҳам мақолаҳои маро бо қалам бо диққати тамом хонанд, шояд дар оянда ба фаҳми адабиёт мерафтагӣ шаванд. Дуюм ҷумлаам ин аст, ки ман ҳамаи ин ҳарфҳоро ба роҳбарияти Иттифоқи нависандагон хоҳам расонид ва аз онҳо хоҳиш хоҳам кард, ки дар ҷаласаи худ ин масъаларо баррасӣ намоянд ва ҳақро ба ҳақдор расонанд, агар ман гуноҳ дошта бошам, ҷазои маро диҳанд ва агар не... Бо ҳамин ҷаласа тамом шуду ман ба кабинети кориам омада портфеламро гирифтаму аз идора баромада рафтам. Рӯзи дигар, ки ба кор омадам, дар кабинете, ки ман бо дигарон ҳамроҳ менишастам, маро фарроши идора, зани тотор, мунтазир буд. Гуфт, ки ман ба шумо гап дорам. Гуфтам, чӣ гап? Гуфт, ки дирӯз бегоҳӣ, баъди кор, вақте шумо ба кабинет даромада портфелатонро гирифта рафтед, ман кабинетро тоза мекардам, пас аз рафтани Шумо ба кабинет Юсуф Акобиров ва Шамсӣ Собир даромаданду аз ман пурсиданд, ки Аскар Ҳаким ба кабинет даромада, чӣ гуфт? Ман гуфтам, ки ҳеҷ чиз нагуфт, портфелашро гирифту рафт. Онҳо гуфтанд, ки, не, мо шунидем, ӯ ҳамаи моро ҳақорат кард. Ман гуфтам, ки ӯ  ҳатто як калима гап назадааст. Гуфтанд, не, ту дурӯғ  мегӯӣ, агар ҳозир дар коғаз нанависӣ, ки Аскар Ҳаким ҳамаи моро ҳақорат дод, мо туро аз кор пеш мекунем. Ман гуфтам, ки ман ба одам туҳмати ноҳақ намезанам ва аз болоятон ба роҳбарият шикоят мекунам. Баъд онҳо диданд, ки маро тарсонида натавонистанд, пешниҳодҳои дигари шармовари ба нафси кас мерасидагӣ карданд ва хору мол ҳам карданӣ шуданд. Ман ин ҳарфҳоро аз забони фаррошзан шунида тамом дар ҳайрат шудам, ҳеҷ дар тасаввурам намегунҷид, ки ду одами баркамол ҳамин гуна рафтор карданашон мумкин аст. Онҳо ба ҳам бисёр наздик буданд, ҳама гапашон аз як ҷо мебаромад. Вале, ба ҳар ҳол, ман ин қадарашро тасаввур карда наметавонистам. Ман ба фаррошзан гуфтам, ки ту ин суханонатро дар ҳузури дигарон ҳам гуфта, тасдиқ карда метавонӣ? Гуфт, бале, чаро не, охир, ман гапи шудагиро мегӯям. Баъд ман, ҳамчунонки дар хотимаи ҷаласаи маҷалла гуфта будам, ба назди Мӯъмин Қаноат, ки муовини аввали устод Мирзо Турсунзода буданд, даромада ҳамаи воқеаро нақл ва ҳаллашро хоҳиш кардам. Мӯъмин Қаноат масъаларо ба котиби бюрои ҳизбӣ Басир Расо ва муовини ӯ Михаил Левин гуфта, хоҳиш мекунанд, ки онро санҷида, ба баррасии бюрои ташкилоти ҳизбӣ гузоранд. Ҳар дуи ташкилкунандагони ин моҷаро аз чунин ранг гирифтани он ба ҳарос меафтанд ва Шамсӣ Собир, ки мисли Юсуф Акобиров пушту паноҳи зӯр надошт, аз оқибати баррасии ҳизбӣ тарсида, фардои он рӯз рафта дар бемористон ҷо мешавад, мисли ин ки, дар бюрои ҳизбӣ боз чӣ гуноҳҳои ӯро медонистаанду таҳаммул карда гашта будаанд. Ҳамин тариқ, ӯ дуру дароз дар бемористон монду аз ҳамон ҷо барои аз кор рафтан аризаашро ба идораи маҷалла фиристоду дигар наомад. Ман то ҳоло ба фаҳми ин рафтори Шамсӣ Собир намеравам, агар ақидааш дар бораи мақолаи ман ончунон буд, ки арз кард, ҳақ дошт, ҳар кас ба ақидаи шахсӣ ҳақ дорад, вале ин рафтори баъдинаи ӯро наметавонам дарк кунам, ба чӣ хотир? Ба хотири мадад ба ҷӯрааш Юсуф Акобиров, ки мехост ба ҷои ман муовин шавад, бо ин роҳ, ки ба кас мансаб намедиҳанд. Намефаҳмам. Баъдан, ки аз Душанбе ба Хуҷанд кӯчиду дар идораи маҷаллаи «Паёми Суғд» кор мекард, вақте ман ба идораи он меомадам, бечора аз шарм ба рӯи ман нигоҳ карда наметавонист. Хайр, ҳар чӣ буд, гузашту рафт, равонаш шод бод. Аҷибаш ин буд, ки пас аз ин корҳо Юсуф Акобиров бо ман муносибаташро хуб кард, дуруст аст, ки ман аллакай дар вазифаҳои баландтар кор мекардам, ҳатто дар ҷашни хонадоршавии писараш маро бисёр хоҳиш карда, соқии базм карда буд. Зиндагӣ ҳама чизро ҳамвор мекунад ва ҷо ба ҷо мегузорад. Дар охир боз одамият боло мегирад.

(Давом дорад)