Дигар аз сафарҳои адабии ман ба Гурҷистон буд. Иттифоқи нависандагони Гурҷистон оид ба масъалаҳои тарҷума ҳамоиш доир карда, аз ҷумҳуриҳои Осиёи миёна ва Қазоқистон панҷнафарӣ шоиру нависанда даъват кард. Иттифоқи нависандагони мо низ панҷ нафар – Мавҷуда Ҳакимова, Меҳмон Бахтӣ, Сорбон, Саттор Турсун ва маро ҳамчун роҳбари гурӯҳ ба он ҳамоиш фиристод. Мо вақте ба ҳамоиш омадем, дидем, ки аз ҷумҳуриҳои дигар ҳама адибони солманд, шоиру нависандагони халқӣ омадаанд, гурӯҳи мо аз ҳама ҷавонтарин буд. Пеш аз оғози ҷаласаи кории ҳамоиш хабарнигорони телевизиони гурҷӣ омада, аз байни меҳмонон бо ман суҳбат сабт карданд, баъди ин як нафар аз ҳайати ҳамсоя, ки аҳли Бухоро буд, ба ман бо пичинг эътироз кард, ки чаро онҳо бо шумо суҳбат карданду бо мо не, ё шумо зебову мо не. Ман аз ин тарзи муомила дар ҳайрат шуда гуфтам, ки ман ҳам мисли шумо меҳмонам, аз куҷо донам, аз худашон пурсед. Аввалин бархӯрди мо бо ҳамсоягон ҳамин тавр сурат гирифт, ки ҳеҷ чашм надоштем. Ҳамоиш чанд рӯз давом кард, ки дар он ҳам масъалаҳои тарҷума мавриди гуфтугӯ буд ва ҳам шоирони гурҷӣ тарҷумаҳои худро аз намунаҳои ашъори шуарои ҷумҳуриҳои даъватшуда мехонданд.

  Дар яке аз ҳамоиши шеърхонӣ, ки дар як мавзеи зебои кӯҳӣ баргузор карда буданд, маро аз паҳлуи барандаи маҳфил, котиби садорати ИН Гурҷистон оид ба тарҷума ҷой дода буданд, аз паҳлуи дигарам боз ҳамон шоири нимтоҷики бухороӣ нишаста буд. Шоирони гурҷӣ бо навбат ашъори тарҷумакардаи худро мехонданд, як вақт ин бухороӣ боз ба ман эътироз кард, ки чаро дар ин ҷо аз ҳама бештар аз шоирони тоҷик шеъри тарҷума мехонанд, чӣ ин ҷо магар ҳафтаи адабиёти тоҷик аст. Ман дигар таҳаммул аз даст додаму гуфтам, шумо ҳам мисли тоҷикон нависед, аз они шуморо ҳам тарҷума карда мехонанд. Вале, бо вуҷуди ин, ба гӯши барандаи маҳфил гуфтам, ки ин меҳмони паҳлуи ман ранҷиш дорад, ки аз шеъри онҳо намехонанд, агар тарҷума дошта бошед, гӯед, бихонанд, вале ӯ ҳам бо гӯшакӣ ба ман ӯро бо як ҷавоби маъмулии русӣ ба «як ҷо» фиристод. Ман аз ин ҷавоби ӯ бештар дар ҳайрат шудам, зеро гурҷиён бо меҳмон маъмулан ниҳоят эҳтиром мегузоранд, баъд фаҳмидам, ки аз рӯзи аввал дар байни онҳо нофаҳмию ноҷӯрӣ иттифоқ афтода будааст. Меҳмонон дар фурудгоҳ норизоӣ кардаанд, ки чаро ҳайати онҳоро, ки аз нависандагони мӯътабар иборат аст, худи раиси Иттифоқи нависандагон Нодар Думбадзе пешвоз нагирифтааст. Он вақт ӯ дар бемористон буд ва дар кори ҳамоиш иштирок надошт.

Рӯзе меҳмононро ба Гори, зодгоҳи Сталин, барои дидани хона-музеи ӯ бурданд. Роҳбалади музей, хонуми ҷавони гурҷӣ, ҳангоми нақлаш меҳмононро назди мизе оварду варақеро, ки дар зери шиша нигоҳ дошта мешуд, ба овози баланд ба хондан шурӯъ кард. Ин нусхаи асли ҳамон нутқ – нӯшбоди машҳури Сталин будааст, ки дар Кремл 22 апрели соли 1941 ҳангоми қабули ҳайати Даҳаи санъати тоҷик эрод кардааст. Ин аст он нӯшбод.

«Ман чанд сухан дар бораи тоҷикон гуфтан мехоҳам. Тоҷикон халқи махсусанд. Онҳо на ӯзбек, на қазоқ, на қирғиз, онҳо тоҷиканд, халқи аз ҳама қадимтарини Осиёи Миёна. Тоҷик, яъне тоҷдор, онҳоро эрониён ҳамин тавр меномиданд, тоҷикон ба ин ном ба ҳақ сазовор буданд. Аз ҳамаи халқҳои  ғайрируси мусулмон дар ҳудуди ИҶШ тоҷикон ягона халқи ғайри турк – халқи эронинажод ҳастанд. Тоҷикон халқе ҳастанд, ки зиёиҳои онон шоири бузург Фирдавсиро ба дунё овардааст ва беҳуда нест, ки онҳо, тоҷикон, аз ӯ суннатҳои фарҳангии худро оғоз мекунанд. Шумо ҳангоми Даҳа бояд эҳсос карда бошед, ки ҳиссиёти бадеии онҳо, тоҷикон, нозук буда, фарҳанги қадимӣ ва завқи махсуси бадеияшон ҳам дар мусиқӣ ва ҳам дар суруд ва ҳам дар тарона ба зуҳур мерасад.

Баъзан рафиқони руси мо ҳамаро бо ҳам меомезанд: тоҷикро бо ӯзбек, ӯзбекро бо туркман, арманиро бо гурҷӣ. Ин, албатта, дуруст нест. Тоҷикон – халқи махсусанд, бо фарҳанги азиму бои қадима ва дар шароити шӯравии мо ба онҳо ояндаи бузург мансуб аст. Ва дар ин амр ба онҳо тамоми Иттифоқи Шӯравӣ мадад бояд бикунад. Ман мехоҳам, ки санъати онҳо бо таваҷҷуҳи ҳамагонӣ фаро гирифта шавад.

Ман ин қадаҳро барои он баланд мекунам, ки санъати тоҷик, халқи тоҷик шукуфо бошад, барои он ки мо, маскавиён, ҳамеша омода бошем, ки ба онҳо, дар ҳама чизе, ки зарур аст, мадад бирасонем».

Хонуми роҳбалад ин нӯшбодро ба дараҷае пуртаъсир хонд, ки ман аз ҳаяҷону таассуроти амиқу шадид зери обу арақ монда будам, дигарон ҳам, яке аз шоирони қазоқ нидо дардод: Офарини тоҷикон!

Ҳар рӯзи ҳамоиш хуш мегузашт. Мо, ҳамаи меҳмонон, дар як автобус аз ноҳия ба ноҳия мегаштем, аҷибаш ин буд, ки дар ҳар ҷое автобус ист мекард, моро ба ҳавлии сари роҳ медароварданд ва соҳибхона бо рӯи кушоду меҳмоннавозии гурҷӣ хуми шаробро аз таҳхона мебаровард.

Дар автобус як нафар пешниҳод кард, ки, биёед, дар роҳ ҳар ҳайат суруди дастҷамъонае бихонад ва оғоз шуд сурудхонӣ. Қазоқҳо, қирғ изҳо, туркманҳо, мо, тоҷикон, ки иттифоқан ҳама дар ин соҳа ҳунарманд буданд, Меҳмон Бахтӣ, Сорбон, Мавҷуда Ҳакимова, Саттор Турсун, ки аз ҳама камҳунарашон ман будам, хонданд, мутаассифона, ӯзбекҳо гуфтанд, ки мо суруд хонда наметавонем, Саттор Турсун, аз ҳайати мо гуфт, боке нест, ман ба ҷои шумо мехонам ва як  ғазали Машрабро ба ӯзбекӣ бо оҳанг хонд, ки ҳама хеле хуш пазируфтанд. Ҳамин тариқ, ба қавле, гоҳ нағмаву усул гоҳ Худову расул, гӯён, ба хотимаи ҳамоиш ва зиёфати ҷамъбастӣ расидем, ки як лаҳзааш дар ин ҷо нақл карданист.

Он дар толори оростаи тарабхонае баргузор шуда буд, ки ба он ба ғайр аз меҳмонон роҳбарони баландмақоми кишвар, нависандагони саршиноси гурҷӣ низ даъват шуда буданд. Раиси зиёфат, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Гурҷистон, шоир, тарҷумони «Илиада» ва «Одиссея»-и Ҳумер, донишманди мӯътабар нӯшбоди аввалро ба хотири ҳамаи меҳмонон гуфт. Пас, чун барои сухан додан ба гӯяндаи нӯшбоди дигар баланд шуд, чунин гуфт: – Ман ҷои ҳамаи ин ҷумҳуриҳоро, ки дар зиёфати ҳамоиши мо иштирок доранд, аз рӯи Конститутсияи Иттифоқи Шӯравӣ нағз медонам, аммо ҳоло маврид дигар аст. Ин мавридест, ки мо бояд ба намояндагони халқҳо бо риоят ва эҳтироми он ҳисса ва мақоме, ки онҳо дар тамаддуни башарият доранд, сухан диҳем. Аз ин рӯ, агар мо ба ҳамин тарз одилона ва мунсифона рафтор кунем, сухани аввалинро бояд ба роҳбари ҳайати тоҷикон диҳем, ки ман ҳоло ин корро мекунам. Ин барои ҳама  ғайричашмдошт буд, барои ман ҳам, ки аз ҳама ҷавон будаму аз номи ҳайат сухани аввалинро бояд мегуфтам. Ман фикр мекардам, ки дар ин ҷо ба ман сухан медиҳанд, аммо намедонистам, ки бо ин гуна сарсухани олии пурмасъулият ва аз ҳама аввал. Акнун чизе бояд мегуфтам, ки сазовори он сарсухан бошад. Ва нӯшбод гуфтам, ки чанд нуктаи мухтасараш ин аст.

Ман ҳамосаи халқии гурҷиро медонам, ки дар он дар бораи ду паҳлавон ҳикоят мешавад, яке фарзанди инсон, дигаре бачаи шер. Онҳо ба майдон мебароянд ва бо ҳам муҳориба мекунанд. Дар ниҳояти ҳарби дуру дароз онҳо ҳамдигарро медаранд ва ҳар ду ҳалок мешаванд. Модари инсон назди модаршер меояд ва мегӯяд: – Фарзандони ҳардуямон дар майдони ин ҳарб ҳалок шуданд, ту ҳам мисли ман модарӣ, пас, биё, ба марги фарзандони худ якҷоя гиря мекунем.

Агар халқи гурҷӣ ба ҷуз ҳамин ҳамоса дигар чизе ҳам намедошт, ҷои ӯ дар фарҳанги башарӣ олӣ ва ҷовидона буд, аммо ӯ боз як силсила асарҳои шоистаи мондагор дорад, ки яке аз онҳо «Палангинапӯш»– и безаволи Шота Руставелӣ мебошад... Ман дар ин ҷо аз забони дӯстони гурҷиам шунидаам, ки гурҷиён то ҳол дар пайи ҷустуҷӯи қабри Малика Тамара ҳастанд. Ман қиссаи дафни ӯро медонам, вақте ӯ мемирад, гурҷиён қарор мекунанд, барои он ки марқади ӯ аз ҷониби аҷнабиёни турк мабодо таҳқир шавад, ду нафар аз байни мо бояд, пинҳон аз дигарон, қабри ӯро биканад ва рӯзи дафн, дар охири маросим, танҳо он ду нафар ба роҳи бозмонда наъшро барад ва ба хок биспорад, то касе дигар онро набинад, ки куҷост. Ва он ду нафар ҳам ҳамдигарро бо теғ  зада ҳалок кунад, то нафари воқиф аз он сир боқӣ намонад. Ва ҳамин тавр ҳам мекунанд, ки имрӯз дигар касе намедонад, ки он қабр куҷост ва онро меҷӯянд. Ман бо ин ҷавонии худ ҳад надорам, ки ба дӯстони гурҷиам дар ин бора маслиҳат диҳам, аммо як нуктаро мегӯям: Шумо қабри ӯро дигар наҷӯед, зеро ӯ ҳамон гуна, ки зебову хирадманду дилрабо буд, зиндаи ҷовид аст, зиндаи ҷовид аст дар муҳаббат ва «Палангинапӯш»– и Шота Руставели, ки шоир ба ёди ӯ ин шоҳкори беназири оламшумулро эҷод кардааст.

Мо дирӯз дар хона-музеи Сталин будем ва нутқи нӯшбодии ӯро дар бораи тоҷикон аз забони роҳбалад шунидем. Ман танҳо ба як ҷиҳати ин нутқ ишора мекунам, ки дар он сиёсатмадори хирадманду дурандеш будани муаллиф ҳувайдост. Ӯ тоҷиконро бар ҳақ меросдори фарҳанги бузург ва қадим, ки аз Фирдавсӣ оғоз мешавад, эълом карда, ба василаи тоҷикон давлати шӯравиро яке аз соҳибони он фарҳанг номидааст. Аммо, мутаассифона, дар замони мо касоне ҳастанд, ки бо тоҷикӣ гуфтани ин фарҳанг забонашон намеравад ва онро танҳо эронӣ ном мебаранд. Ҳамин суханро, ки гуфта будам, аз меҳмонони гурҷӣ касе бархосту ба раис муроҷиат кард, иҷозат ҳаст, ки «алаверди» бигӯям, раис ҷавоб дод, ки: – Бале «батоно» – устод, чӣ ҷои шак. Ин нафар нависандаи забардасти классики гурҷӣ Чабуа Амираҷеби буд, ки ҳамон шабу рӯз аз рӯи асари машҳури ӯ «Дата Туташхиа» дар телевизиони марказии Русия филми бисёрсериягии «Соҳилҳо» намоиш дода мешуд. Ӯ ба тарафи ман муроҷиат карда, гуфт: – Маъзур, дӯсти ҷавон, ки дар байни суханат ҳарф мезанам. Ман ривоятеро аз нависандаи бостон нақл мекунам, ӯ менависад: Ду бародар буданд, онҳо ба назди лонаи шер омаданд, бародари бузург ба лонаи шер даромаду онро берун ронд, бародари хурд шерро кушт. Ба шарафи бародарони бузургамон – тоҷикон менӯшем, гуфту қадаҳашро бардошт, дигар ҳама ба ӯ пайравӣ карданд.

Зиёфат хеле гарм буд, аввал ба роҳбарони ҳайат, пас ба аъзои ҳайат сухан медоданд. Яке аз роҳбарони ҳайати меҳмонон, ки суханҳои маро дар бораи ба тоҷикон нисбат надодани фарҳанги тоҷикии форсӣ ба ҳаммаслакони худ кашида будааст, дар суханаш пардапӯшона ба тарафи мо сангандозӣ кард. Ман ҳамоно ба аъзои ҳайатамон гӯшакӣ кардам, ки мабодо дар сухани худ ба ин кинояҳо ҷавобе гӯед, аслан эътиборе надиҳед, гӯё нашунида бошед. Аъзои ҳайати мо ҳар яке суханҳои хубу шунидание гуфтанд, ҳеҷ кас ба он гуфтаҳо ишора ҳам накард. Чун зиёфат тамом шуду берун баромадем, Чабуа Амираҷеби назди мо омаду дас-ти ҳар яки моро фишурда: – Офарин бар шумо, бачаҳо, ба шоистагӣ рафтор кардед, фарҳанги баланди худро нишон додед, гуфт. Мо фаҳмидем, ки ӯ ҳама чизро фаҳмидааст.

(Давом дорад)